ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ЭЪТИРОЗҲО ДАР ҚАРАҚАЛПОҚИСТОН: МАРДУМ АЗ РОҲБАРОНИ ӮЗБЕКИСТОН ЧӢ МЕХОҲАНД? (ВИДЕО)

Рӯзи 1 июли соли 2022 дар шаҳри Нуқус, маркази маъмурии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, як минтақаи мухтори тобеи Ӯзбекистон ба сабаби аз тарҳи нави Қонунии асосии Ӯзбекистон бардошта шудани ибораҳои “истиқлолияти Қароқалпоқистон” ва “ҳаққи мардуми Қароқалпоқистон ба ҷудошавӣ аз Ӯзбекистон тавассути райъпурсии саросарӣ (референдум)” эътирозҳои густарда ба амал омад. Дар ин намоишҳо, тавре дар сабтҳои видеоӣ дида мешавад, чандин ҳазор нафар иштирок карда, бо талаби ҳифзи истиқлолияти Қароқалпоқистон ва ҳаққи мардуми он ба талаби истиқлол шиор задаанд.

Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон шоми 1 июл дар як изҳороти алоҳида эътирозҳоро натиҷаи “тафсири нодурусти ислоҳоти Қонуни асосӣ” номид ва гуфт, “шаҳрвандони алоҳида” издиҳомро ба эътирозҳо таҳрик додаанд. ВКД гуфт, “ба хотири пешгирӣ аз поймол кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳудуди бозори деҳқонӣ нирӯҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истифода шуд” ва “дар ҳоли ҳозир, тартиботи ҷамъиятӣ барқарор карда шуда, бо шаҳрвандон дар мавриди ғайри қобили қабул будани қонуншиканиҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешаванд”.  

Рӯзи 2 июл парлумон, ҳукумат ва ВКД Қароқалпоқистон дар як изҳороти муштарак гуфтанд, ки “ташкилкунандагони бетартибиҳои оммавӣ ва онҳое, ки ба мақомот муқовимати фаъолона нишон доданд, дастгир шуданд”. Бино ба ин изҳорот, ташкилкунандагони эътирози Нуқус мехостанд ҳукуматро дар ин минтақаи мухтори Ӯзбекистон ғасб кунанд.


Радиои Озодлик хабар дод, ки эътирозҳои оммавӣ дар Нуқус дар пайи боздошти ҳуқуқшинос Давлатмурод Тоҷимуродов оғоз ёфт. Ҳомии ҳуқуқ аз Қароқалпоқистон Азимбой Отаниёзов ба Озодлик гуфт, Тоҷимуродов ба мақомоти расмӣ дар мавриди рӯзи 5 июл дар Нуқус барпо кардани митинги осоишта пиромуни тағйироти ворида ба Қонуни асосии Ӯзбекистон муроҷиат карда буд.

Аз 27 июн Озодлик дар бораи маҳдуд кардани дастрасӣ ба Интернет дар Нуқус дар пайи афзоиши норозигиҳо дар байни сокинон хабарҳо дарёфт кардааст.

Моддаи 70 дар Қонуни асосии кунунии Ӯзбекистон мақоми ҷумҳурии Қароқалпоқистонро чунин баён мекунад: “Ҷумҳурии мустақили Қароқалпоқистон ба ҳайъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон шомил мешавад. Истиқлоли Ҷумҳурии Қароқалпоқистон аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳимоят карда мешавад”.

Аммо дар тарҳи нави Қонуни асосии Ӯзбекистон, ки рӯзи 26 июн ба маърази муҳокимаи умум гузошта шуд, моддаи 70 ба чунин мазмун таҳрир хӯрдааст: “Ҷумҳурии мустақили Қароқалпоқистон ба ҳайъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон шомил мешавад. Дар қаламрави Ҷумҳурии Қароқалпоқистон  тамоми ҳуқуқ ва озодиҳое, ки Қонуни асосӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ карданд, кафолат дода мешаванд”.

Дар моддаи 74 дар Қонуни асосии кунунии Ӯзбекистон чунин омадааст: “Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ҳаққи баромадан аз ҳайъати Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар асоси райпурсии саросарии мардуми Қароқалпоқистон дорад”.

Вале дар тарҳи нави Қонуни асосӣ ин модда чунин таҳрир хӯрдааст: “Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар қаламраи худ ҳукумати иҷроия ва додгоҳиро бар асоси Қонуни асосӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қонуни асосӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон амалӣ мекунад. Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қароқалпоқистон мақоми олии давлатии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ба шумор меравад”.

Мақомоти Ӯзбекистон то кунун сабаби аз тарҳи нави Қонуни асосӣ бардоштани ибораҳо дар бораи истиқлоли Қароқалпоқистон ва ҳаққи он барои хуруҷ аз ҳайъати Ӯзбекистонро шарҳ надодаанд.

Қароқалпоқистон то соли 1936 ҳамчун ҷумҳурии мухтор дар ҳайъати Русия (РСФСР) буд ва соли 1936 ҳамчун ҷумҳурии мухтор ба ҳайъати Ӯзбекистон дода шуд. Соли 1992 он ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон табдили ном кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button