ВидеоМуҳоҷирон

ДУ АМАКБАЧА АЗ ТОҶИКОБОД ДАР ИРКУТСК АЗ БОМ БА ЗАМИН АФТОДАНД. МАҲМАДЁР ҶОН ДОДУ МЕҲРОБ – ДАР БЕМОРИСТОН

Рӯзи 30 июни соли 2022 бар асари як ҳодисаи нохуш дар як сохтмон дар шаҳри Иркутски Русия ду муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон аз боми як бинои чорқабата ба замин афтодаанд.

Яке аз наздикони ин муҳоҷирон ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш ду амакбача аз деҳаи Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод : Маҳмадёр Маҳмадов, соли таваллудаш 1994 ва Маҳмадов Меҳроб, соли таваллудаш 1992 (ДАР АКС) ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

“Мутаассифона, Маҳмадёр дар роҳ ба беморхона бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш ҷон ба Ҳақ таслим кардааст. Вазъи Меҳроб хубтар аст. Ӯро бо ду пойи шикаста дар беморхона бистарӣ кардаанд”, – хабар дод ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Бино ба иттилои ӯ, ҳоло хешу табору дӯстони Маҳмадёр бо кумаки ҷамъияти муҳоҷирони тоҷики шаҳри Иркутск  санадҳои ӯро барои интиқоли ҷасадаш ба Тоҷикистон дуруст карда истодаанд.

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест.

Маҳмадёр ва Меҳроб Маҳмадовҳо тақрибан ду сол боз дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанд ва имсол нияти бозгашт ба Ватанро доштанд, вале мутаассифона, ин ҳодисаи нохуш пеш омад.

Маҳмадёр, ки бо ду пои равон аз хонааш дар кӯҳистони Тоҷикобод бо мақсади таъмини зиндагӣ роҳи сафари Русияро пеш гирифта буд ва аз рӯзи хатми мактаби миёна то имрӯз бештари умраш дар ғурбату дар мардикорӣ тай шуд,  акнун ба Ватан бармегардад, вале мутаассифона дар тобут. Бармегардад, ки то абад дар хоки Ватан ором бигирад ва аз ҳама давутози зиндагӣ ва ин ҳама азоби дурӣ аз Ватану аз хешу табору наздикон шонаҳои худро холӣ кунад.

Худованд равони ин ҳамватани моро, ки дар роҳи таъмини ризқи оилаи худ дар мулки мусофират шаҳид шуд, шод гардонад ва ҳама азобҳои ин қадар солҳои мардикориашонро бо лаззати Ҷаннат ҷуброн кунад!

Ҳар сол дар Русия ба иллатҳои гуногун ва асосан ба сабаби ҳодисаҳои нохуш дар ҷои кору ҷои зист то 1000 муҳоҷири тоҷик, аксаран ҷавонон, ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Яъне ҳар рӯзи муҳоҷират ҷони то се муҳоҷири тоҷикро мегирад… Худованд ҳамаи муҳоҷирбачаҳои шаҳидшудаи тоҷикро раҳмату мағфират кунад!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button