ВидеоМуҳоҷирон

ЗАНОЗАНИИ ГУРУҲӢ БАЙНИ МУҲОҶИРОН ВА ПОСБОНҲО ДАР НОВАЯ МОСКВА (ВИДЕО)

Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба хабаргузории ТАСС  хабар дод, ки шоми 27 июни соли 2022 дар наздик як маҷтамаи истиқоматӣ дар шаҳраки Коммунарка дар Новая Москва ҳудуди 10 муҳоҷир ва посбон занозанӣ кардаанд.

Ҳодиса шоми душанбе дар наздик як маҷтамаи истиқоматӣ дар шаҳраки Коммунарка рӯй дод. Баҳси лафзии байни муҳоҷирон ва посбонҳо ба занозании гуруҳӣ печид, ки дар ҷараёни он аз калтакҳои дароз ҳам истифода кардаанд. Дар умум дар занозанӣ ягон 10 нафар иштирок кардаанд “, – хабар додааст ҳамсуҳбати ТАСС. Вале ӯ гуфтааст, ки дар бораи осеб дидани касе аз иштирокчиёни ин занозанӣ гузориш нарасидааст.

Дар маркази матбуоти пулиси пойтахти Русия ба ТАСС тасдиқ кардаанд, ки шоми 27 июн ба онҳо дар бораи вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳраки Коммунарка хабар расид. “То ба ҷои ҳодиса расидани кормандони пулис, иштирокчиёни муноқишаро онҷоро тарк карда буданд, Дар ҳоли ҳозир кормандони пулис ба мунайян кардани шахсияти иштирокчиён машғул буда, дар оянда масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо низ баррасӣ мешавад”, – гуфтаанд ба ТАСС дар пулиси Маскав.

Сабҳои видеокамераҳои назоратии атрофи бино гирифта шуда, кормандони пулис шоҳидони ҳодисаро бозпурсӣ карда истодаанд.

Телеграм-канали Многонационал видеои лаҳзаи занозанӣ дар Коммунаркаро, ки тавассути видеокамераҳои назоратӣ сабт шудааст, нашр кард ва гуфт, дар моҳи июн ин алакай сеюмин занозании байни муҳоҷирон дар ин шаҳраки Новая Москва аст. Дар сабт дида мешавад, ки занозанӣ хеле кӯтоҳ, ҳатто камтар аз як дақиқа давом мекунад ва иштирокчиёнаш хеле зуд ва бошитоб пароканда мешаванд. Многонационал бо такя ба манобеи худ гуфт, дар Коммунарка дар назди даромадгоҳи маҷтамаи истиқоматии “Новая звезда” аввал чанд муҳоҷир аз Тоҷикистону Ӯзбекистон аз гиребони якдигар гирифтаанд ва сипас ҳамватанҳои онҳо ва ҳамчунин посбонҳои бино ба муноқиша ҳамроҳ шудаанд.

Сабаби занозанӣ ҳанӯз маълум нест.

Ҳоло муҳоҷиронро барои иштирок дар занозаниҳо метавонанд аз Русия ихроҷ кунанд. Моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳои байни муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Моҳи декабри соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд.

Ҳамчунин, моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи як занозании гуруҳӣ дар сохтмони корхонаи коркарди гази Амур дар шаҳри Амурск 82 коргари қирғиз ва 54 коргари тоҷикро аз кор ронданд.

Ҳамин тавр, додгоҳи ноҳияи Троитскийи шаҳри Маскав рӯзи 1 июни соли 2022 ҳукми ихроҷи 107  иштирокчии занозании рӯзи 1 апрел дар мавзеи Шелепихинская набережнаяи шаҳри Маскавро баровард. 23 нафари онҳо аз Тоҷикистон ва боқимондаашон аз Ӯзбекистон будаанд.

Бино ба хабарҳо, занозании гуруҳии субҳи 1 апрел байни муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон дар маҳалли сохтмони бинои истиқоматии гаронбаҳои ЖК «Сердце столицы» аз муноқишаи ночизи байни ду муҳоҷир сар шудааст. Гуфта мешуд, ки гӯё як коргари тоҷик як коргари дигар аз Ӯзбекистонро “дурак” (“аҳмақ”) гуфтааст ва  баъди онки ин ду нафар дастбагиребон шуданд, муҳоҷирони боқимонда ҳам ба муноқиша ҳамроҳ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button