ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР ВАҲДАТ ЯК МАРД ҲАМСАРАШРО БО КОРД ЗАДА КУШТААСТ

ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як ҳолати куштори ҳамсар бо дасти шавҳар хабар дод. Сокини 40-солаи Ваҳдат шаби 24 июн ҳамсари 32-солаашро дар ҷараёни муноқишаи оилавӣ бо ду сари зарби корд зада, куштааст.

Бино ба гузориши маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
“Номбурда санаи 24-уми июни соли 2022, тахминан соати 21:40-дақиқа, дар ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, зани 32-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 2-маротиба ба қафаси сина ва қитфи чапаш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”,  – гуфта мешавад дар иттилоияи ВКД.

Дар бораи сабаби муноқишаи оилавӣ, ки ба чунин фарҷоми хунин оварда расондааст, мақомот то ҳол чизе нагуфтаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба мард бар асоси моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ё қасди куштори хешовандони наздик, аз ҷумла қатли ҳамсарон аз дасти шавҳарон гузоришҳои зиёд ба даст мерасанд.

Ҳафтаи гузашта ВКД дар бораи боздошти як сокини қаблан судшудаи ноҳияи Панҷ хабар дод, ки рӯзи 7 июни соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ падари 78-солаашро зада куштааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button