ВидеоҶомеа

ИН ЧӢ ДАҲШАТ АСТ? ДАР ТУРСУНЗОДА 4 ҶАВОН БАРОИ ПУЛ РИШИ МӮСАФЕДИ 88-СОЛАРО КАНДА ГИРИФТААНД (ВИДЕО)

Дар шаҳри Турсунзода як ҷинояти мудҳиши роҳзаниро ошкор кардаанд. Чор ҷавони сокини Турсунзода, солҳои таваллуди се нафараш 2000 ва якеи дигара 2002, шаби 19 марти соли 2022 шабона бо мақсади ғорат ба рӯ ниқоб кашида, чӯбдастҳо дар даст шабона вориди манзили Ғафуров Саттори 88-сола шуда, ин мӯсафеди сокини ҷамоати Раҳмоновро сахт шиканҷа додаанд, талаб кардаанд, ки пулу молашро бароварда бидиҳад.

Маркази матбуоти ВКД дар як гузориши вижа дар барномаи “Ахбори ВКД” гуфт, ғоратгаронро ҳирсу пулу мол чунон фаро гирифта буд, ки онҳо ба синну соли мӯсафед нигоҳ накарда, бо талаби арои пулу тилловорӣ ҳатто ришҳои ӯро канда гирифтаанд.

Дар натиҷа, мӯсафеди соли таваллудаш 1934 бар асари ин азобу шиканҷа ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар  беморхона аз олам чашм пӯшид.

ВКД гуфт, дар натиҷаи чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷинояти мудҳиш ду нафар:

  1. Бобоқулов Умед, соли таваллудаш 2000
  2. Маҷидов Маҳмадрасул, соли таваллудаш 2000 дастгир карда, ду нафари дигар:
  3. Раҳимбеки Абдулманнон, соли таваллудаш 2000
  4. Мирзоев Илҳомҷон, соли таваллудаш 2002 таҳти ҷустуҷӯ қарор дода шудаанд.

Ҳамаи гумонбарон сокинони Турсунзода мебошанд.

Дар гузориши ВКД Бобоқулов Умед ба таври муфассал нақл кард, ки чӣ гуна вориди хонаи мӯсафед шуда, ӯро шиканҷа доданд. Ӯ ҳатто лаҳзаеро, ки барои тарсондани бобои Саттор риши ӯро канданд, нақл кард.

Бино ба нақли Умед Бобоқулов ва Маҳмадрасул Маҷидов, онҳо дар рӯи ҳавлӣ ба сари мӯсафед бо чӯбдаст зада, ӯро аз пой афтонданд ва сипас ба ҳаммом дароварда, дасту по ва даҳони ӯро бо скотч бастанд ва  сипас хонаҳояшро барои пулу тилло кофтанд. Вақте ки онҳо пулро пайдо накарданд, ба назди мӯсафед баргашта, ӯро азоб додаанд ва ҳатто ришашро канда гирифтаанд, то ки ҷои пулу молашро нишон диҳад…

Ба ин 4 ҷавон акнун барои ғоратгарӣ ва куштор ҳамчун ҷазо аз 15 соли зиндон то ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button