ВидеоҶомеа

РАҲИМИ ҒАРМӢ БОЗ БА ЯК ҲУНАРПЕШАИ ТОҶИК ХОНА ТУҲФА КАРД (ВИДЕО)

Гулбаҳор Ғаффорова, ширинкори шинохтаи тоҷик, ки чанде пеш дар барномаи “Ногуфтаҳо” дар канали Орзу Исоев аз то ҳол бехона буданаш шикоят карда буд, рӯзи 22 июн дар як паёми нав, ки низ аз тариқи канали Орзу Исоев нашр шуд, хушхабар дод, ки мушкили бехонагияш билохира ва ба сурати муъҷизавор ҳал шуд, чунки соҳибкори маъруфи дастбахайр Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ, барояш хона туҳфа кардааст.

Дар як ҳафтаи охир Гулбаҳор Ғаффорова алакай дуюмин ҳунарпешаи тоҷик аст, ки Раҳими Ғармӣ соҳиби хона мекунад. Рӯзи 15 июн Бахтиёр Раҳимов, маъруф ба Ғарибшо, асосгузори студияи “Ғарибшо компания” ҳам хабар дод, ки Раҳими Ғармӣ барои ӯ ба 60 ҳазор доллар хона харидааст.

Гулбаҳор Ғаффорова, ки асосан тавассути студияи “Хандинкамон” шуҳрат ёфтааст, дар ин паёмаш гуфт: “Агар гӯям, ки ман имрӯз хурсандтарин одам дар рӯи тамоми ҷаҳонам, хато намекунам. Чунки мушкили бехонагии ман баъди 25 солу азобу машаққаташ пушти сар шуд. Ташаккур ба муҳоҷирон барои дастгириашон. Маҳз дуоҳои шумо, дуоҳои падару модарам, ки мегуфтед, “Илоҳим, хонадор шавӣ” сабаб шуду кори ман ҳал шуд. Вақте дар ҳисобам баъди муроҷиат ба мардум 11 ҳазор ҷамъ шуд, ки ман бо он хона харида наметавонистам, ман каме зиқ шудам. Вале Раҳими Ғармӣ, ин соҳибкори дар ҳақиқат ободкору ватандӯст, ки дасти кумакаш ба ҳама мерасад, баъди ҳамагӣ як тамоси телефонӣ ба ман гуфт, ки “зиқ нашавед, апаҷон, мушкили шумо ҳал шуд. Шумо алакай соҳиби хона ҳастед! Боварам наомаду гашта пурсидам, ки магар ҳамин хел мешавад? Гуфт, тамом, баъди ду рӯз соҳиби хона мешавед! Ва ҳамин хел ҳам шуд!”

Гулбаҳор Ғаффорова вақте ин хабарро мегуфт, беихтиёр аз чашмонаш ашк ҷорӣ шуд. Вале  ин бор ин ашк ашки шодӣ буд.Шодӣ аз соҳиби хона шудан баъди 25 соли бехонагӣ.

Худованд ҳамаи бехонагонро соҳиби хона гардонад!

Гулбаҳор Ғаффорова дар бораи бехонагиаш ҳанӯз якуним сол пеш дар барномаи Орзу Исоев шикоят карда буд.

Тавре қаблан хабар дода будем, ҳамагӣ як рӯз баъди муроҷиати ширинкори шинохтаи тоҷик Бахтиёр Раҳимов, маъруф ба Ғарибшо, ки аз бехонагӣ шикоят кард, соҳибкори маъруфи дастбахайр Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ, мушкили ин ҳунармандро ҳал кардааст.

Дар як паёми нав, ки рӯзи 15 июн боз ҳам дар канали Орзу Исоев нашр шуд, Ғарибшо эълон кард, ки “мушкили сисолаи ман дар байни ҳамагӣ як рӯз ба таври мӯъҷизавӣ ҳал шуд! Бо шарофати дӯст ва бародарони дастбахайри мо Раҳими Ғармӣ!”

Ғарибшо гуфт, баъди тамом шудани таҳияи аснод дар рӯзҳои наздик видеои маросими калидсупориро аз як тарабхонаи машҳур ба намоиш хоҳад гузошт.

Орзу Исоев навишт, ки Раҳими Ғармӣ ба Ғарибшо барои харидани хона 60 ҳазор доллар тақдим кардааст.

Ғарибшо як рӯз қабл аз тариқи канали Орзу Исоев ба чанд соҳибкори дастбахайр, аз ҷумла Раҳими Ғармӣ, набераи президент Исмоили Муҳаммадзоир ва биносоз Ҳоҷӣ Маҳмудҷон муроҷиат кард ва аз онҳо хост, ки ба вай дасти ёриашонро дареғ надошта, аз азоби иҷорашинӣ халосаш кунанд. Ғарибшо нақл кард, ки ҳанӯз соли 1993 дар хобгоҳи вазорати фарҳанг дар кӯчаи Маяковский дар маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе сабти ном шуда буд, вале аз ҳуҷрае ки дар ин хобгоҳ дошт, силоҳбадастон берунаш кардаанд ва бо ҳамин инак қариб 30 сол боз дар пойтахт азо бехонагӣ ва дар ба дари иҷора гаштан азоб мекашад.

Ғарибшо гуфт, медонад, ки ҳазорон муҳоҷири тоҷик барои кумак ба ӯ омодаанд, вале мехоҳад ягон нафаре аз соҳибкорони тавонманд ҳалли ин мушкили вайро ба дӯши худ бигирад, то ки  ҳалли мушкили бехонагии вай ҳам ба гардани муҳоҷирон бор нашавад.

Ин муроҷиати Ғарибшо бисёриҳоро ба риққат овард. Корбарон навиштанд, аз шунидани инки ҳатто чунин як ҳунарманди маъруф ва хидматкарда то ҳол бехона будааст, ба шок афтодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Зайд саидов низ дар Россия соҳибкорӣ мекард, бо фанду фиреб ба Тоҷикистон оварда, мансаби давлатӣ доданд, сармояашро дар Тоҷикистон масраф кард, хайру саховат ҳам кард, 29-сол зиндон ҳам шуд. Ман зидди хайру эҳсон нестам, лекин беҳуда намегӯянд: бо дасти рост хайр кун, дасти чапат нафаҳмад, чун бахилӣ ва ҳасудӣ ҳам дар ҳукуматӣ ҳаст ҳам дар мардуми оддӣ, шайтон ҳам аз кори хайр хуш намешавад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button