ВидеоДин ва боварҳо

САФАРИ НАХУСТИН ГУРУҲИ ЗОИРОНИ ТОҶИК БА ҲАҶ БАЪДИ ДУ СОЛИ ТАНАФФУС (7 АКС)

Субҳи 20 июни соли 2022 нахустин гуруҳи зоирони тоҷик барои адои маносики Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар карданд. Дар фурудгоҳи Душанбе ин гурӯҳи зоиронро раиси Кумитаи дини Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ва сафири Саудӣ дар Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон гусел кардаанд.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин хабар дод, ки Сулаймон Давлатзода дар суханрониаш “дар баробари таҳният гуфтани зоирон ба муносибати шарафёб гардидан ба адои зиёрати хонаи Худо инчунин таваҷҷуҳи онҳоро ба риояи ҳатмии муқаррароти ҷорӣ дар мавсими ҳаҷ ҷалб намуд. Раиси Кумита таъкид дошт, ки ҳарчанд вазъи марбут ба бемории сироятии коронавирус нисбатан ба эътидол омада бошад ҳам, хатари ин беморӣ ҳанӯз вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз, Сулаймон Давлатзода аз зоирон даъват намуд, то дар кишвари мизбони ҳаҷ бо риояи ҳатмии тадбирҳои беҳдоштӣ ва чораҳои пешгирикунандаи ин беморӣ солимии худро ҳифз намоянд.

Сафири Саудӣ ар-Рушайдон оғози дубораи сафари зоирон ба Ҳаҷро рамзи нек хонд ва ба ин муносибат зоирони тоҷикро табрику шодбош гуфта, ба онҳо туҳфаҳои рамзӣ тақдим кардааст.

Тайи ду соли 2020 ва 2021 Арабистони Саудӣ ба далели пандемияи коронавирус ба сафари зоирони хориҷӣ ба Ҳаҷ иҷозат надод.

Саудӣ, ки соли 2022 аз нав ба зоирони хориҷӣ имкони адои маносики Ҳаҷро фароҳам овард,  имсол ба 3562 нафар аз Тоҷикистон иҷозати сафари Ҳаҷ додааст. Вале  мақомоти Тоҷикистон харҷи сафари Ҳаҷро 61 ҳазор сомонӣ, ё 5350 доллар муқаррар кардаанд, ки ин назар ба соли 2019, охирин соли сафари зоирони тоҷик ба Маккаву Мадина, 26 ҳазор сомонӣ, ё 1600 доллар бештар аст.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон боло рафтани нархи маводи сӯхт ва ҳам хидматрасониҳои Саудиро далели чунин башиддат боло рафтани нархи сафари Ҳаҷ номида, гуфта буд, агар соли 2019 Саудӣ барои хидматрасонӣ ба як зоир 236 доллар талаб мекард, ҳоло 1424 доллар металабад.  Кумитаи дин гуфт, нархи сафари Ҳаҷ дар дигар кишварҳо низ боло рафта, барои мисол, дар Ӯзбекистон 5650 доллар, дар Русия ҳудуди 6000 доллар ва дар Қазоқистон 6500 доллар шудааст.

Квотаи ҷудошуда барои Тоҷикистон назар ба 6300 нафари қаблӣ тақрибан 2800 нафар камтар аст ва Афшин Муқим гуфт, дар соли 2022 бартарӣ ба онҳое дода мешавад, ки соли 2020 барои зиёрати Каъба номнавис шуданд, аммо ба сабаби пандемия сафарашон бекор карда шуд.

Сафари зоирон аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ 20-уми июн оғоз шуда, 17-уми июл ба поён мерасад.

Нуқтаи авҷи маросим Ҳаҷ арафа ва рӯзҳои иди Қурбон аст, ки имсол ба рӯзи 9 июл рост меояд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button