ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсат

МУҲАММАДИ СУЛТОН ДАР БОЗДОШТГОҲИ РВКД ДУШАНБЕ БУДААСТ

Мамадсултон Мавлоназаров, маъруф бо тахаллуси Муҳаммади Султон, як афсари мустаъфии амният, ки солҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз раиси кунунии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов тунд интиқод мекард ва рӯзи 16 июн боздошт шуд, дар боздоштгоҳи раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ қарор доштааст.

Яке аз пайвандони Мамадсултон Мавлоназарови 72-сола рӯзи 20-уми июн ба Радиои Озодӣ  гуфт, пас аз талошҳои зиёд маълум кардаанд, ки ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии вазорати корҳои дохилӣ нигаҳ дошта мешавад. Ҳамсуҳбати мо гуфт, рӯзи якшанбе ду маротиба ба ӯ ғизову либос бурдаанд, вале иҷозаи мулоқот нагирифтаанд ва маълум нест, ки ӯ вакили дифоъ дорад, ё не?

Ба қавли хешовандонаш, Мамадсултон Мавлоназаров ба “ифротгароӣ” айбдор дониста шудааст, вале намедонанд, ки ӯ мушаххасан бар асоси кадом моддаи Кодекси ҷиноӣ муттаҳам мешавад. Раёсати корҳои дохилии Душанбе ва додситонӣ дар робита ба қазияи боздошти Муҳаммади Султон то кунун ягон бор расман изҳори назар накардаанд.

Мақомоти интизомӣ Мамадсултон Мавлоназаровро рӯзи 16-уми июн аз хонааш дар маҳаллаи 101 шаҳри Душанбе, ба гуфтаи яке аз хешовандонаш, ӯро пои  бараҳна гирифта бурданд ва  “ҳатто имкон надоданд, ки пойафзолашро бипӯшад.”

Муҳаммади Султон  дар солҳои 70 чанд сол дар нашрияи “Комсомоли Тоҷикистон” ва сипас, ҳанӯз аз ҳамон замони Шӯравӣ дар Кумитаи амният кор мекард. Дар хотираҳояш ӯ менавишт, ки дар Кумита низ бештар бо мушкилоте, ки мақомоти амниятӣ ба сари намояндагони фарҳангу ҳунар ва аҳли қалам меоварданд, сару кор дошт ва ҳаддалимкон кӯшиш мекард, ки аҳли фарҳангро аз таъқиби КГБ наҷот диҳад.

Солҳои охир Муҳаммади Султон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус дар Фейсбук хеле фаъол буд ва аз раҳбари қаблии амнияти Тоҷикистон генерал Саидамир Зуҳуров ситоиш, вале аз раҳбари кунунии ин соҳа генерал Саймумин Ятимов баракс хеле тунд интиқод мекард. Ӯ аз ҷумла сиёсати Кумитаи давлатии амнияти миллиро дар аҳди Ятимов ба соли сиёҳи 1937 монанд карда буд.

Муҳаммади Султон ҳамин тавр, баъди моҳи ноябри соли 2021 аз эътирозгарони Бадахшон ошкоро пуштибонӣ кард ва талаб дошт, ки омилони куштори Гулбиддин Зиёбеков ва дигар сокинони Бадахшонро пайдо карда, ба ҷавобгарӣ бикашонанд. Муҳаммади Султон ҳамин тавр, саркӯби эътирозҳои моҳи май дар Бадахшонро низ бо лаҳни тунд маҳкум кард.

Ҳанӯз маълум нест, ки оё боздошти Муҳаммади Султон ба танқидҳояш аз Ятимов рабт дорад ва ё ба мавқеъгириҳояш дар мавриди ҳаводиси ахири Бадахшон?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button