ТоҷикистонҲуқуқи инсон

ДАЛЕРИ ИМОМАЛИРО БА МУДДАТИ 2 МОҲ БА ҲАБС ГИРИФТА, БА ПАРВАНДААШ МУҲРИ МАХФӢ ЗАДААНД (ВИДЕО)

Далери Имомалӣ, хабарнигору блогери шинохтаи тоҷикро бо иттиҳоми “ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ” ба муддати ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифта, ба парвандааш муҳри махфӣ задаанд.  Ба сабаби муҳри махфӣ гирифтани парвандааш маълум нест, ки ӯро мушаххасан ба “ҳамкорӣ” бо кадом созмони мамнӯъ айбдор мекунанд?

Далери Имомалӣ ҳамчунин ба “соҳибкории ғайриқонунӣ” ва “дидаву дониста додани хабари бардурӯғ дар мавриди содир шудани ҷиноят айбдор мешавад.

Ҳукми ҳабси Далери Имомалӣ аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе нимаи дуюми рӯзи 18-уми июни соли 2022 содир шуд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ хабар дод, ки ба мурофиа, ки дар дохили тавқифгоҳ (ИВС) гузашт, танҳо вакили мудофеъро роҳ додаанд. Наздиконаш гуфтанд, ҳангоми эълони қарор набуданд. Мақомот натанҳо парвандаро шарҳ намедиҳанд, балки ба он муҳри махфӣ задаанд.

Маълум нест, Далери Имомалӣ ҳангоми мурофиа чӣ гуфтааст ва оё иттиҳомоти эълоншударо ба гардан гирифтааст?  Ӯ қаблан иттиҳоми соҳибкории ғайриқонуниро қисман эътироф карда, гуфта буд, намедонист, ки аз фоидаҳои аз Ютуб бадастовардааш бояд андоз супорад.

Вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарипов, ки ҳимоят аз манфиатҳои Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро бар уҳда дода,  пас аз анҷоми мурофиа ба хабарнигорон гуфт, бино бар муҳри махфӣ гирифтани парванда аз ӯ забонхат гирифтаанд, ки ба касе тафсилот надиҳад.

Далери Имомалии 34-сола, зодаи деҳаи Гачак дар канори шаҳри Ҳисор буда, риштаи коргардонӣ ва ҳунарпешагии Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Ӯ қаблан дар студияи театрии “Нигоҳи нав” ҳунарпеша буд ва ба ҳайси ровӣ дар радиои “Ватан” барнома мебурд. Яке аз барномаҳои муваффақи Далер дар ин радио “Пресс Клуб” буд.

Аммо чанд моҳи охир Далер корро дар радиои “Ватан” бас кард ва пурра ба фаъолияти блогерӣ гузашт. Видеоҳои ӯ дар бораи масоили доғи Тоҷикистон тамошобини зиёд дошт ва шумораи обуначиёни каналаш дар Ютуб алакай аз 150 ҳазор нафар гузаштааст.

Далери Имомалӣ рӯзи 15-уми июн дар ноҳияи Айнӣ дастгир шуд. Қабл аз боздошт ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук кӯтоҳ хабар дод, ки дар роҳ ба Конибодом ӯро дар ноҳияи Айнӣ боздошт карда, ба шуъбаи милисаи ин ноҳия бурдаанд.  Баъдтар хабар омад, ки ӯ дар додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳти бозпурсӣ қарор дорад.

Қабл аз баргузории мурофиа бисёре аз журналистони тоҷик мегуфтанд, иттиҳомоти зидди Далеру Абдулло  чандон сангин нест ва шарт нест, ки ин ду журналист дар муддати тафтиши парвандаҳояшон дар ҳабс бошанд.

Боздошти ин ду хабарнигор ва блогер, ки бо видеогузоришҳои худ пиромуни масоили доғи иҷтимоии Тоҷикистон маъруф шуданд, мавҷи вокунишҳои манфӣ дар дохили кишвар ҳам дар сатҳи байналмилалиро низ ба бор овардааст.

Петра Гаспарова, муовини раиси намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон рӯзи 17-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Мо аз озодии баён ва кори журналистони мустақил ҳамчун авлавияти бахши ҳуқуқи башари Иттиҳоди Аврупо пуштибонӣ мекунем, зеро матбуоти озод ҷомеаро бештар демократӣ, нерӯманд ва гуногун месозад ва василаи хубе барои ҳимояти ҳуқуқи инсон мешавад.”

Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” низ дар як изҳорот дар Твиттер  гуфт, “ин таъқиботро, ки ба фаъолиятҳои касбии онҳо рабт доранд, шадидан маҳкум мекунад ва озодии блогерҳоро тақозо мекунад”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button