ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАР БО МОШИНИ “ЖИГУЛИ 06” ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН (СОБИҚ ҚАЙРОҚҚУМ)

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 14-уми июни соли 2022, тахминан соати 22:50, ронандаи мошини тамғаи «ВАЗ-2106», Анорова Мавлуда Тошбековна, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Гулистон, ҳангоми ҳаракат дар шаҳри мазкур, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи канори роҳ баромада, автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа мусофири ин мошин Баротова Гулнора Каримбоевна, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Гулистон, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

ВКД Тоҷикистон  як рӯз пеш хабар дод, ки шаби 13-уми июни соли 2022, тахминан соатҳои 22:30, ронандаи мошини тамғаи “Санг Йонг”, Раҳимов Муҳаммадҷон Аламович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлёташ набаромада, пиёдагард Бердиев Зикирмад Алимадович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард Бердиев З.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ баҳалокат расидааст.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар дониста мешаванд. Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ҷумҳурӣ 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд. Вақтҳои охир ҳангоми рондани мошин истифода бурдани телефонҳои мобил ба як сабаби дигари умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button