ВидеоИқтисодҶанг дар Украина

ҚУРБИ ДОЛЛАРУ ЕВРО ДАР ТОҶИКИСТОН ПОЙИН РАФТА ИСТОДААСТ, ВАЛЕ НАРХҲО – НЕ

Аз аввали ҳафтаи ҷорӣ қурби расмии доллару евро дар Тоҷикистон беист пойин меравад.

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 16 июни соли 2022 қурби расмии доллари Амрикоро наздики 12 сомонию 2 дирам ва қурби расмии як евроро  наздики 11 сомонию 48 дирам муқаррар кардааст. Қурби  расмии рубли Русия бетағйир – 177 сомонӣ барои 1000 рубл – боқӣ мондааст.

Ва аммо дар бонкҳо қурби доллар алакай аз 11 сомонӣ ҳам пойинтар рафтааст.

Бонки “Эсхата” рӯзи 16 июн як долларро бо нархи 10 сомонию 55 дирам ва як евроро бо нархи 11 сомонию 10 дирам мехарид, вале барои 1000 доллар баробари қурби расмиаш 177 сомонӣ медод. Ташкилоти хурди депозитии “Ҳумо” низ барои 1000 рубл баробари қурби расмиаш 177 сомонӣ пешниҳод мекард, вале барои як доллар 10 сомонию 70 дирам ва барои як евро 11 сомонию 20 дирам медод.

“Ориёнбонк” як долларро бо қимати 10 сомонию 50 дирам ва як евроро 11 сомонӣ мехарад. Барои 1000 рубл дар “Ориёнбонк” 170 сомонӣ медиҳанд.

“Спитаменбонк” барои як доллар ҳамагӣ 10 сомонию 10 дирам, барои як евро 11 сомонӣ медод. Ин бонк зимнан барои рубли Русия низ қурби пасттарин муқаррар карда, барои 1000 рубл ҳамагӣ 160 дирам пешниҳод мекунад.

“Имон Интернешнл” низ 1000 рублро бо чунин қурби пасти 160 сомонӣ мехарад. Ин бонк барои як доллар  ба муштариёнаш 10 сомонию 50 дирам ва барои як евро 11 сомонию 10 дирам пешниҳод мекунад.

Қурби доллару евро дар аввали баҳори соли ҷорӣ, дар пайи уфти башиддати қурби рубл, хеле боло рафта, болоравии башиддати нарху навои маҳсулотро ба ҳамроҳ дошт. Аксари тоҷирон он вақт маҳз афзоиши қурби долларро сабаби боло бурдани нарх меномиданд.

Сокинон умедвор буданд, ки бо уфти  қурби доллар, ки инак ду моҳ боз идома дорад, нархҳо низ, ба қавли маъруф, ба “ифоқа” меояду рӯ ба пойин меоранд. Вале то кунун пойинравии нархҳо дар бозорҳои Тоҷикистон мушоҳида намешавад, ило нархҳои мавсимӣ, ки  тибқи маъмул, ҳар сол бо ворид шудани меваву сабзавоти ҳосили нав нархҳои бархе маҳсулот арзонтар мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамагӣ як моҳ пеш, яъне 16 майи соли 2020 қурби расмии доллари амрикоӣ зери 12,5 сомонӣ ва қурби расмии евро қариб 13 сомонӣ буд ва 1000 рубл як моҳ қабл 166 сомонӣ қурб дошт. Ҳамин тавр, 16 апрели соли ҷорӣ қурби расмии як доллар ҳамчунон 12,5 сомонӣ, вале як евро 13 сомонию 52 дирам буду 1000 рубл  – наздики 155 сомони. 16 марти соли равон бошад, як доллар 13 сомонӣ, як евро 14 сомонию 30 дирам ва 1000 рубл ҳамагӣ 116 сомонӣ қурб дошт.

Вале рӯзҳое ҳам буд, ки барои 1000 рубл дар Тоҷикистон аз ин ҳам камтар: аз 80 то 90 сомонӣ медоданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button