ВидеоТоҷикистон

БА ПЕШОНИАШ ЧӮТ КАРДУ ПАРРОНД… 10 СОЛ ҲУКМИ ЯК САРБОЗИ ТОҶИК БАРОИ ҚАТЛИ ҲАМХИДМАТАШ

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд бо ҳукми худ аз  5 майи соли 2022 сарбози қатории Қӯшунҳои сарҳаддии КДАМ ҶТ Муҳаммадҷон Исоевро бо ҷурми аз пешонии сараш парронда, куштани ҳамхидматаш Қурбонзода К.С. ба 10 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард. Додгоҳ ҳамчунин сардори гуруҳи дидбонии дидбонгоҳи сарҳадии сеюми “Нуробод”-и қисми ҳарбии №0214 Қӯшунҳои сарҳадӣ Фарҳод Довутиевро барои хунукназарӣ, ки боиси марги сарбоз шуд, ба як соли маҳбаси сукунатӣ (колония-поселение) маҳкум кард. Қурбонзода рӯзи 16 январи соли 2022 ҳангоми навбатдорӣ дар дидбонгоҳи Нуробод, воқеъ дар ноҳияи Деваштич аз тири ҳамхидматаш кушта шуда буд.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 14 июни соли 2022 дар шарҳи ин парванда гуфт: “Санаи 16 январи соли 2022 хизматчиии қисми ҳарбии 0214 Қӯшунҳои сарҳадӣ, капитан Довутиев Фарҳод Сайфуддинович, ҳамчун сардори наряди сарҳадии гуруҳи кофтуковӣ дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии сеюми “Нуробод”-и қисми ҳарбии мазкур бархилофи талаботҳои моддаи 75 Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 90 Оинномаи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳофизати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ хунукназарона муносибат намуда, дар натиҷаи беназоратии ӯ, посбони наряди сарҳадӣ қаторӣ Исоев Муҳаммадҷон Шералиевич, бо истифода аз силоҳи хизматиаш тамғаи АК-74 бе ягон сабаб қасдан бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан ҳамхизматаш Қурбонзода К.С.-ро ба нишон гирифта, аз масофаи наздик ба қисмати пешонии сараш як тир холӣ карда, ӯро ба ҳалокат расонидааст”.

Сабаби ҳамхидматашро куштани Исозода шарҳ дода нашудааст. Назари сарбозу афсари маҳкумшуда ва тарафи ҷабрдида дастрас нест.

Додситонии кул гуфт, аз рӯи ин ҳодиса нисбати капитан Довутиев Ф.С., бар асоси моддаи 392 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати қаторӣ Исоев М. Ш. бар асоси моддаи 104, қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда буд.

Омори дақиқе дар бораи маргу мири сарбозон дар қисмҳои низомӣ дар Тоҷикистон дастрас нест. Вале мавридҳои кушта шудани сарбозон дар қисмҳои ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз мавзӯъҳоест, ки  ҷавононро нисбат ба хидмати ҳарбӣ дилсард  мекунад ва падару модарони онҳоеро, ки ба хидмат мераванд, дар ҳоли нигаронӣ қарор медиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button