ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ДУШАНБЕ ТИР ХӮРДАНИ ЯК ФАРМОНДЕҲАШРО ТАСДИҚ ВА ҚИРҒИЗИСТОНРО БА ТАҶОВУЗ ВА ИҒВО АЙБДОР КАРД (ВИДЕО)

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон  дар як изҳорот марзбонони Қирғизистонро масъули тирпарронии ахир дар марзи ду кишвар номид.

Бино ба ин изҳорот, субҳи 14 июни соли 2022 дар минтақаи масъулияти дидбонгоҳи сарҳадии “Кех”, воқеъ дар ҷамоати Ворухи ш. Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон муноқишаи мусаллаҳонаи навбатӣ ба вуқуъ пайваст.

“Бахусус, соати 06:00 ба вақти маҳаллӣ  дидбонгоҳи сарҳадии мазкур аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон бо истифода аз яроқи гуруҳӣ ва миномётҳо ба ҳамлаи ногаҳон гирифтор шуд. Дар натиҷаи ин амали таҷовузкоронаи беасос командири дидбонгоҳи сарҳадии “Кех” ҷароҳат бардошта, ба беморхонаи ҷамоати деҳоти Ворух интиқол гардид. Айни замон вазъи саломатии ӯ аз ҳад вазнин арзёбӣ мегардад”, гуфта мешавад дар изҳорот.

Вазорат гуфт, дар натиҷаи гуфтушунидҳои фаврии бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон миёни намояндагони сарҳадии тарафҳо доиршуда соати 07:30 бо вақти маҳаллӣ оташбас муяссар гардид.

“Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, ҷониби Тоҷикистон бо таассуф таъкид мекунад, ки амалҳои иғвоангезонаи Қирғизистон бар зидди Тоҷикистон хусусияти мунтазам гирифтаанд. Ин амалҳои ғайриқонунӣ вазъият дар сарҳадро танҳо мушкил карда, ба нигоҳдории фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии дӯстона мусоидат намекунад. Тоҷикистон амалҳоии иғвоангезонаи хизматчиёни ҳарбии Қирғизистонро  маҳкум карда, аз ҷониби Қирғизистон талаб мекунад, то ҷиҳати пешгирии чунин муноқишаҳо дар оянда чораҳои бетаъхир андешад”, таъкид шудааст дар изҳороти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Қаблан дар бораи ҳалокати як марзбони 26солаи тоҷик хабарҳо расида буд, вале вазорат дар изҳороташ дар ин бора чизе нагуфтааст.

Қаблан Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар бораи ду тирпарронӣ хабар дод, ки яке тақрибан байни соатҳои 6:50 -7:00 ва дуюмӣ байни аз соати 7:50  то соати 8:10  дар мавзеи Булоқбошии ноҳияи Бодканд рӯй додааст. Ин мавзеъро дар Ворух Пули Офтобрӯй  ном мебаранд ва қаламрави Тоҷикистон мешуморанд.

Бино ба фарзияи Хадамоти марзбонии Қирғизистон,  тақрибан соатҳои 6:50 -7:00 дар Булоқбошӣ аз ҷониби посгоҳи марзии Тоҷикистон “Кех” ба сӯи посгоҳи қирғизии “Булоқбошӣ” тирандозӣ кардаанд ва ҷониби Қирғизистон низ ҷавобан ба тарафи посгоҳи тоҷикҳо тир кушодааст.

 “Марзбонҳои ду кишвар мавқеъҳои ҷангӣ гирифтанд. Намояндагони марзбонии ду кишвар дар вилоятҳои Бодканду Суғд музокироти телефонӣ доир карданд. Ба ҷои ҳодиса сардорони воҳидҳои марзбонии ду ҷониб сафарбар шуданд. Вале соати 7:50 ҷониби Тоҷикистон аз нав бо истифода аз гранатомётҳо ва миномётҳо ба тирпарронӣ сар кард.Соати 8:10 тирпарронӣ қатъ шуд”, –  омадааст дар иттилоияи Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Ёдовар мешавем, рӯзи 3 июни соли ҷорӣ дар ҳамин мавхеи Пули Офтобрӯя (Булоқбошӣ) байни марзбонҳои тоҷику қирғиз алакай тирпарронӣ шуда буд. Он вақт ҷониби Қирғизистон аз тир хӯрдани ду марзбонаш хабар дод. Аз Тоҷикистон ҳам дар бораи ҷароҳат бардоштани як марзбон хабар расида буд. Дар пайи он тирпарронӣ вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро ба “амалҳои иғвоангезона” айбдор кард.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 983 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун  ҳудуди 330 километраш таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.

Дар поёни моҳи апрели соли 2021 дар хунинтарин муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 55 нафар кушта ва 240 каси дигар захмӣ шуданд. Аз аввали соли 2022 дар чанд даргирӣ дар марзи ин ду кишвар, ки асосан дар марзи Исфара бо Бодканд рух доданд,  5 нафар аз ҷониби Тоҷикистон кушта шуда, беш аз 30 тани дигар аз ҳарду тараф ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button