ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

СИТОДИ БАЙНИИДОРАВӢ КУШТА ШУДАНИ ЗОИР ВА ХУРСАНДИ “ЧАШМКАБУД” ВА БОЗДОШТИ 10 ТАН АЗ ЁРОНИ ОНҲОРО ТАСДИҚ КАРД (ВИДЕО)

Маркази матбуотии Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоми 12 июн кушта шудани Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов, ду лидери ғайрирасмии ин вилоятро дар натиҷаи як амалиёти махсус тасдиқ кард.  Ситод гуфт, дар ҷараёни ин амалиёт 10 нафари дигар, ки онҳоро мақомот “алоқаҳои ҷиноятии Мазоров ва Раҷабов” ном мебаранд, дастгир шудаанд.

Ситод онҳоро “саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ” ном бурд ва гуфт,  Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, соли таваллудаш 1972,  бар асоси 11 моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ ва Раҷабов Зоир Карамхудоевич, соли таваллудаш 1972, бар асоси 8 моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла ба терроризму куштор, қочоқ, барангезтани кинаву адовати мазаллӣ, тахрибкорӣ (двиерсия), монеъ шудан ба адолати судӣ, ғасби бино,  гаравгонгирӣ айблор мешуданд, вале бо вуҷуди даъватҳои батакрор ба бозпурсӣ ҳозир намешуданд.

“Ҳангоми чорабинии дастгиркунӣ Хурсанд Мазоров  ва Зоир Раҷабов  ба талаботи воҳидоти таъйиноти махсус, дар бораи ихтиёран супоридани худ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ итоат накарда, муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз норинҷакҳои дастии Ф-1 ва автомати Калашников, истифода намуданд. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткорон безарар гардонида шуданд”, гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ. Тасдиқи ин фарзия тавассути манобеи дигар имкон надорад, вале пойгоҳи “Памир Дейли Нюс” хабар дод, ки дар ҷараёни амалиёти вижа дар маҳаллаи УПД (Тирчид) Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов барои онки зинда ба дасти мақомот наафтанд, худро бо норинҷак таркондаанд.

Ситод мегӯяд, дар ҷараёни амалиёти рӯзи 12 июн аз ҷои ҳодиса миқдори зиёди силоҳ, аз ҷумла 2 пулемёт, 11 автомати Калашников, 9 гранатомёт, 2 милтиқ, 3 тапончаи Макаров, 36 норинҷак, 20 гӯлулаи зиддитанкӣ ва таслиҳоти дигар ёфт ва мусодира шудааст.

Ситод гуфт, ҳамчунин аз бордони 2 нақлиёти сабукрававозимоти ҷангии гуногунтамға дарёфт шуд. Ҳамин тавр, меафзояд ситод, “дар рафти амалиёт 10 нафар алоқаҳои ҷиноятии онхо дастгир карда шуд. Аз ҷумла, ҳангоми кофтуков аз манзили истиқоматии 2 нафари онҳо Имомназар Шоиширинов  2 адад автомат Калашников бо 3 тирдон, 120 дона тири қутраш 7,62 мм ва аз хонаи шахсии Муслим   Шерзамонов — 1 адад автомат Калашников бо 1 тирдон, 18 тири қутраш 5,45 мм, 2 норинҷаки Ф-1 ёфта, тибқи талаботи қонун мусодира ва ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд”.

Тафтиши ин иттилои ситоди байниидоварӣ тавассути манобеи дигар имкон надорад.
Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов лидерҳои ғайрирасмии маҳаллаи Тирчид (УПД) шаҳри Хоруғ ба шумор мерафтанд. Хурсанд Мазоров, маъруф бо лақаби “Чашмкабуд” (Голубоглазый) қаблан ронандаи Имумназар Имумназаров, як фармондеҳи собиқи мухолифин буд. Баъди кушта шудани Имумназаров дар моҳи августи соли 2012 роҳбарии афроди ӯ ба дасти Мазоров гузашт.

Қаблан сокинони Хоруғ хабар доданд, ки нирӯҳои қудрати маҳаллаи УПДро муҳосира гирифта, тамоми роҳҳои ба тарафи онро бастаанд ва афроди ниқобпӯш хона ба хона гашта, Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабовро ҷустуҷӯ доранд. Ба гуфтаи сокинон, аз ҷониби УПД садои тирпарронӣ ҳам ба гӯш мерасид, вале ба сабаби баста будани роҳҳо душвор буд муайян кардан, ки онҷо чӣ мегузарад?

Ёдовар мешавем, як рӯз қабл ду лидери дигари ин минтақа Мунаввар Шанбиев ва Толиб Аёмбековро дастгир карданд.

Манобеи “Бомдод” гуфтанд, ки Толиб Аёмбеков  ва Мунаввар Шанбиев субҳи 11 июн барои “суҳбат” ба мақомот даъват шуда буданд, вале дигар барнагаштанд. Ба дунбол сокинони Хоруғ аз тирпаррониҳо дар маҳаллаи Хлебзавод, аз ҷумла дар наздикии тарабхонаи дар Хоруғ машҳури “Марко Поло”, ки дар ҳамсоягии хонаи Аёмбеков ҷойгир шудааст, хабар доданд. Сокинон ҳамчунин хабар доданд, ки нирӯҳои “Алфа” ва дигар воҳидҳои вижа роҳҳои ба тарафи ин қисмати Хоруғро масдуд кардаанд. Баъдан хабар омад, ки мақомот Ниёзшо Гулобов, як сокини маҳаллаи Бизмичи шаҳри Хоруғро, ки дар байни ҷавон нуфузи зиёд дошт, низ дастгир кардаанд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  нимаи дуюми рӯзи 11 июн аз қавли ситоди байниидорави  таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздошти се лидери ғайрирасмии ин минтақа – Толиб Аёмбеков, Мунаввар Шанбиев ва Ниёзшо Гулобовро расман тасдиқ кард. Ситоди байниидоравӣ онҳоро “саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ” ном бурда,  гуфт, ки ин се нафар рӯзи 11 июн дар натиҷаи амалиёти махсус дастгир гардида, ба ҳабс гирифта шудаанд.

Ситоди байниидоравӣ, ки дар Бадахшон аз тирамоҳи соли 2018 амал мекунад, гуфт, Аёмбеков, Шанбиев ва Гулобов ба даст доштан дар як қатор ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла куштор, авбошӣ, ғоратгарӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳу аслиҳа ва сангҳои қиматбаҳо, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, бандитизм, бетартибиҳои оммавӣ, барангехтани кинаву адовати маҳаллӣ айбдор мешаванд.

Хурсанд Мазоров, Зоир Раҷабов ба мисли Мунаввар Шанбиев ва Толиб Аёмбеков аз шумули 7 лидери ғайрирасмии Бадахшонанд, ки моҳи октябри соли 2018 бо имзои протоколҳои вижа бо мақомот тааҳҳуд супорида буданд, ки силоҳҳои худро супурда, дигар қонуншиканӣ намекунанд.

Аз ин 7 лидер Мамадбоқир Мамадбоқиров рӯзи 22 май кушта шуд ва Амриддин Аловатшоевро аз Русия оварда, дар Душанбе ба 18 соли зиндон маҳкум карданд. Мунаввар Шанбиев ва Толиб Аёмбеков дастгир ва Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов кушта шуданд. Ба ин тартиб, аз лидерҳои бонуфузи Бадахшон танҳо Ёдгор Мамадасламов боқӣ мемонад, ки ӯ на дар шаҳри Хоруғ, балки дар деҳаи бо шаҳр ҳамсояи Поршиневи ноҳияи Шуғнон зиндагӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз ниҳодҳои давлатии Бадахшон ба “Бомдод” гуфт, мақомоти қудратӣ бо Ёдгор Мамадасламов мушкил надоранд.  Ба гуфтаи ин  ҳамсуҳбати мо, “Ёдгор кайҳо боз аз фаъолиятҳои зиддиҳуқуқӣ даст кашида, дигар ба ягон кор дахолат намекунад ва ба мисли як шаҳрванди оддӣ ҳаёти муқаррариро ба сар мебарад”.

Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 12.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Амалиёти махсус нисбат ба саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович ва Раҷабов Зоир Кармамхудоевич гузаронида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуотии Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Дар хабар, аз ҷумла гуфта мешавад,  аз тарафи Прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, соли таваллудаш 1972, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, маълумоташ миёна, бо моддаҳои:

— 179  (терроризм);

— 104 қисми 1 (куштор);

— 237 қисми 2, (авбошӣ);

— 345 қисми 2 (монеъ шудан бо татбиқи адолати судӣ);

— 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ);

— 289 (қочоқи силоҳу аслиҳа);

— 181 (ғасби гаравгон);

— 182(ғасби бино ва иншоти ҳокимияти давлатӣ);

— 328, қ. 2 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимияти давлатӣ);

— 309 (тахрибкорӣ дар объектҳои ҳаётан муҳим);

— 189қ.3. (барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ);

ва Раҷабов Зоир Карамхудоевич, соли таваллудаш 1972, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, маълумоташ миёна, ки нисбаташ аз тарафи Прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо моддаҳои

— 179  (терроризм);

— 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ);

— 289 (қочоқи силоҳ);

— 182 (ғасби бино ва иншооти ҳокимияти давлатӣ);

— 328, қ. 2 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимияти давлатӣ);

— 309 (тахрибкорӣ дар объектҳои ҳаётан муҳим);

— 189 қ. 3. (барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ);

— 345 қ. 2 (монеъ шудан бо татбиқи адолати судӣ) парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда буданд.

Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович ва Раҷабов Зоир Карамхудоевич барои пешбурди тафтишот ба органҳои ҳифзи ҳуқуқ чандин маротиба расман даъват шуданд.

Аммо онҳо ҳар дафъа барқасдона аз иҷрои талаботи қонунии органҳои маъмурӣ саркашӣ мекарданд.

Ҳангоми чорабинии дастгиркунӣ Хурсанд Мазоров  ва Зоир Раҷабов  ба талаботи воҳидоти таъйиноти махсус, дар бораи ихтиёран супоридани худ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ итоат накарда, муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз норинҷакҳои дастии Ф-1 ва автомати Калашников, истифода намуданд.

Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткорон безарар гардонида шуданд.

Аз ҷои  ҳодиса:

  • Як адад пулемёти дастии Калашников;
  • Як адад пулемёти Калашников;
  • 11 автомат Калашников бо 5715 адад тир ва 66 тирдон;
  • 9 адад гранатомёти дастии зиддитанкӣ бо 546 адад тир;
  • 2 милтики мерганӣ бо дурбин;
  • 3 адад тапончаи Макаров бо 198 дона тир ва 10 адад тирдон;
  • 36 адад норинҷаки гуногунтамға бо 15 фурузонак;
  • 20 гулӯлаи гранатомёти зиддитанкӣ;
  • 2 адад дурбини мергании шабона;
  • 3 адад тиризермили гранатомёт;
  • 1 адад найзакорд;
  • 19 фишанги тарканда;
  • 5 адад мухобира;
  • 18 адад қуввадиҳандаи гранатомёти дастии зиддитанкӣ;
  • 3 адад телефони сенсорӣ, 4 телефони одӣ бо симкорти афғонӣ;
  • 1 адад телефони моҳворавӣ бо чор адад сим-корт;
  • 1 адад аксбардори “Кодак”;
  • 1 адад мавҷқабулкунаки мухобираи “Кодак”;
  • 700-доллари ИМА, 60 сомонӣ;
  • 7 адад камарбанди ҳарби барои тирдон;
  • 7 ҷуфт либоси ҳарбии саҳроӣ;
  • 1 адад дурбини шабона;

— ду нақлиёти сабукрав, ки аз  бордони онҳо лавозимоти ҷангии гуногунтамға дарёфт, тибқи талаботи қонун мусодира ва ҳуҷҷатнигорӣ карда шуданд.

Ҳамзамон, дар рафти амалиёт 10 нафар алоқаҳои ҷиноятии онхо дастгир карда шуд. Аз ҷумла, ҳангоми кофтуков аз манзили истиқоматии 2 нафари онҳо Имомназар Шоиширинов  2 адад автомат Калашников бо 3 тирдон, 120 дона тири қутраш 7,62 мм ва аз хонаи шахсии Муслим   Шерзамонов — 1 адад автомат Калашников бо 1 тирдон, 18 тири қутраш 5,45 мм, 2 норинҷаки Ф-1 ёфта, тибқи талаботи қонун мусодира ва ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд.

Тафтишот нисбат ба парвандаҳои мазкур аз ҷониби Прокуратураи вилоят идома дорад.

АКС: Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ/АМИТ «Ховар»

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button