ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ВКД БОЗДОШТИ СЕ ЛИДЕРИ БАДАХШОНРО РАСМАН ТАСДИҚ КАРД. ИТТИҲОМОТ: КУШТОР, БАНДИТИЗМ, БЕТАРТИБӢ, ҚОЧОҚ…

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  рӯзи 11 июни соли 2022 бо нашри як иттилоияи вижа  аз қавли ситоди байниидорави  таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздошти се лидери ғайрирасмии ин минтақа – Толиб Аёмбеков, Мунаввар Шанбиев ва Ниёзшо Гулобовро расман тасдиқ кард. Ситоди байниидоравӣ онҳоро “саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ” ном бурда,  гуфтааст, ки ин се нафар рӯзи 11 июн дар натиҷаи амалиёти махсус дастгир гардида, ба ҳабс гирифта шудаанд.

Ситоди байниидоравӣ, ки дар Бадахшон аз тирамоҳи соли 2018 амал мекунад, гуфт, Аёмбеков, Шанбиев ва Гулобов ба даст доштан дар як қатор ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла куштор, авбошӣ, ғоратгарӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳу аслиҳа ва сангҳои қиматбаҳо, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, бандитизм, бетартибиҳои оммавӣ, барангехтани кинаву адовати маҳаллӣ айбдор мешаванд.

Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар медиҳад

11 июни соли 2022 дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Толиб Абдурамонович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбекович ва Гулобов Ниёзшо Аслишоевич дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд.

Саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Т.А., Шанбиев М.Н. ва Гулобов Н.А. як қатор ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла куштор, авбошӣ, ғоратгарӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳу аслиҳа ва сангҳои қиматбаҳо, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, бандитизм, бетартибиҳои оммавӣ, барангехтани кинаву адовати маҳаллӣ содир кардаанд.
Нисбат ба дастгиршудагон Аёмбеков Т.А., Шанбиев М.Н. ва Гулобов Н.А. тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Қаблан манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки рӯзи 11 июни соли 2022 дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дастикам се нафар аз лидерҳои ғайрирасмии ин вилояти мухтор дар шарқи Тоҷикистон – Толиб Аёмбеков, Мунаввар Шанбиев ва Ниёзшо Гулобов дастгир карда шуданд.

Манобеи “Бомдод” гуфтанд, ки Толиб Аёмбеков аз ҷониби мақомоти милитсия ва КДАМ дастгир шудааст. Ба гуфтаи ин манобеъ, Толиб Аёмбеков субҳи 11 июн барои “суҳбат” ба мақомот даъват шуда буд, вале дигар барнагашт. Манобеи “Бомдод” дар мақомоти Бадахшон боздошти Аёмбековро тасдиқ карданд, вале аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ карданд.

Ёдовар мешавем, аз байни лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон Толиб Аёмбеков бо изҳори омодагиаш барои ҳамкорӣ бо мақомот фарқ мекард ва аз ҷумла РВКД Бадахшон 21 апрел аксҳоеро нашр карда буд, ки Аёмбеков чӣ гуна дар мулоқоти сардори милитсияи вилоят генерал Шариф Назарзода бо сокинони маҳаллаҳои Носири Хусрав (собиқ Шош Хоруғ) ва Хлебзавод фаъолона иштирок карда, ба генерал Назарзода суол медиҳад. Хлебзавод минтақаи таҳти нуфузи Аёмбеков ба шумор мерафт.

Рӯзи 11 июн сокинони Хоруғ аз тирпаррониҳо дар маҳаллаи Хлебзавод, аз ҷумла дар наздикии тарабхонаи дар Хоруғ машҳури “Марко Поло”, ки дар ҳамсоягии хонаи Аёмбеков ҷойгир шудааст, хабар додаанд. Сокинон ҳамчунин хабар доданд, ки нирӯҳои “Алфа” ва дигар воҳидҳои вижа роҳҳои ба тарафи ин қисмати Хоруғро масдуд кардаанд.

Манобеи огоҳи “Бомдод” дар ниҳодҳои давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамчунин хабар доданд, ки рӯзи 11 июн мақомоти ВКД ва КДАМ Мунаввар Шанбиев, яке дигар аз лидерҳои ғайрирасмии вилоят ва Ниёзшо Гулобов, як сокини маҳаллаи Бизмичи шаҳри Хоруғро, ки дар байни ҷавон нуфузи зиёд дошт, дастгир кардаанд. Тафсилоти чӣ гуна боздошт шудани Шанбиев ва Гулобов феълан дастрас нест.

Мунаввар Шанбиев ва Толиб Аёмбеков аз шумули 7 лидери ғайрирасмии Бадахшонанд, ки моҳи октябри соли 2018 бо имзои протоколҳои вижа бо мақомот тааҳҳуд супорида буданд, ки силоҳҳои худро супурда, дигар қонуншиканӣ намекунанд.

Аз ин 7 лидер Мамадбоқир Мамадбоқиров рӯзи 22 май кушта шуд ва Амриддин Аловатшоевро аз Русия оварда, дар Душанбе ба 18 соли зиндон маҳкум карданд. Дар ҳоли ҳозир сарнавишти се лидери боқимондаи Бадахшон – Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов норӯшан боқӣ мемонад. Қаблан хабарҳое ба даст расида буд, ки аз Ёдгор Мамадасламов ва Хурсанд Мазоров ҳам талаб доранд, ки ихтиёран ба мақомот ҳозир шаванд.

Моҳи феврали соли 2022 дар фурудгоҳи Душанбе ҳангоми бозгашташ аз табобат дар Туркия Салам Имумназаров, яке аз лидерҳои ғайрирасмии маҳаллаи УПД шаҳри Хоруғ ва писари фармондеҳи собиқи соли 2012 кушташудаи оппозитсияи тоҷик Имумназар Имумназаров, дастгир шудааст.  Номи Имумназарови хурдӣ моҳи сентябри соли 2021 дар пайи як занозанӣ бо Толиб Аёмбеков дар наздики тарабхонаи “Марко Поло” расонаӣ шуда буд. Рӯзи дигараш Салам барои аёдат ва узрхоҳӣ аз Толиб Аёмбеков ба бемористон омад, вале писарони Толиб бо силоҳ ба вай ҳамла карданд. Дар он тирпарронӣ Салам ва шарики ӯ Мансур Ҷумъахонов захмӣ шуданд. 

Толиб Аёмбеков бародари хурдии Абдуламон Аёмбеков, маъруф бо лақаи Лёша Горбун, як фармондеҳи аршади нирӯҳои худдифоии Бадахшон дар солҳои ҷанги шаҳрвандист, ки баъди кушта шудани Лёша Горбун роҳбарии маҳаллаи “Хлебзавод” ба дасти вай гузашт.

Моҳи июли соли 2012 исми Толиб Аёмбеков дар робита ба қатли генерал Абдулло Назаров, сардори раёсати КДАМ вилояти Бадахшон вирди забонҳо шуд. Мақомот бо талаби супурдани қотилони генерал Назаров амалиёти густардаеро дар Хоруғ ба роҳ андохтанд, ки дар ҷараёни он аз ду тараф беш аз 40 нафар кушта шуд. Дар ниҳоят, байни тарафҳо оташбас ба имзо расид ва бародари Толиб Оқил Аёмбеков ва ронандааш Ҳамза Муродовро ҳамчун гумонбарони асосии қатли Абдулло Назаров ба мақомот супурданд. Додгоҳ баъдан онҳоро ба 17 ва 16 соли зиндон маҳкум кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button