ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

БО ДУЧАРХА БА СУРОҒИ ХОНАИ ХУДО: САУДӢ БА СЕ ЗОИРИ ТОҶИК, КИ БО ДУЧАРХА БА ҲАҶ МЕРАФТАНД, ВИЗА НАДОД

Ба 3 зоири тоҷик, ки то Дубай расида, дар роҳ ба сӯи Маккаву Мадина дар тӯли 33 рӯз беш аз 3 ҳазор километрро тай карданд, Арабистони Саудӣ виза надодааст.

Дар ин бора ба “Азия Плюс” яке аз ин зоирон Диловар Ғафуров хабар дод.

– Барои ба Арабистони Саудӣ рафтан ҷиҳати адои маросими ҳаҷ ба мо раводид надоданд. Гуфтанд, ки ба мақомоти кишварамон муроҷиат кунем, то ки ба мо раводид диҳанд, – иброз дошт Диловар.

– Мо албатта дар назар доштем, ки чунин мушкилот пеш омада метавонад, лекин ба ин сафари душвор мо барои он баромадем, ки синнамон аз 40-сола пойин асту дар Тоҷикистон танҳо ба шахсони синни аз 40 то 65-сола иҷозаи сафари Ҳаҷ дода мешавад, – зикр кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Диловар ва дӯстонаш умедворанд, ки мақомоти Тоҷикистон ба мушкилоти онҳо расидагӣ карда, барои гирифтани раводид кумакашон мекунанд.

Сокини 37-солаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон Диловар Ғафуров ва дӯстонаш аз Душанбе – Саидалӣ Назарови 31-сола ва Абдушокир Талабови 34-сола рӯзи 1 май, баробари хатми моҳи шарифи Рамазон бо нияти Ҳаҷ ба роҳ баромаданд. Азбаски синни онҳо ба 40 нарасидаааст, сафар бо дучарха то Макка барояшон ягон имкони адои маросими Ҳаҷ  буд.

Диловар кафшергар буда, ду духтар дорад. Саидалӣ тиҷорати хурд ва мағозаи маҳсулоти хӯрокворӣ дорад. Ӯ низ оиладор ва соҳиби чор фарзанд аст. Абдушокир низ соҳибкор аз Душанбе аст.

Диловар мегӯяд, аввал онҳо хостанд, ки тариқи Туркманистон раванд, лекин дар ин кишвар бар асари Covid-19, карантини 20-рӯза пешбинӣ шуда буд. Аз ин рӯ, онҳо роҳи дигар тариқи сарҳади Афғонистон ҷустуҷӯ карда, бо сабаби вазъи геополитикӣ боз ба нокомӣ дучор шуданд.

Дар ниҳояти кор онҳо ба Тошканд рафта, аз он ҷо ба Боку (Озарбойҷон) парвоз карданд ва сипас тариқи Эрон сафарро давом дода, аз маконҳои таърихие чун шаҳри Қазвин – пойтахти хушнависӣ ва Исфаҳон гузаштанд. Бо киштӣ аз Бандар-Аббос то Шарҷа расиданд.

Айни замон онҳо дар Дубай қарор доранд.  Ин се зоир алакай беш аз 3 ҳазор километр роҳро тай карда, барои расидан то Макка онҳо  мебоист боз 1890 километри дигарро тай мекарданд.

Ба гуфтаи Диловар, масалан, дучархааш – тамғаи амрикоии «Marin»-ро ӯ бо нархи 800 доллар аз Русия харида, барои тамоми лавозимоти зарурии ин сафар ӯ дар маҷмӯъ зиёда аз 18 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 2 ҳазор доллар) масраф кардааст.

Дар ин маводи “Азия Плюс” дар бораи бо чӣ гуна душвориҳо дучор шудани сайёҳон дар ҷараёни сафарашон ба Ҳаҷ маълумоти муфассал дарёфт карда метавонед:

Дар суроғи хонаи Худо бо дучарха. Алорағми гармову тӯфони регзорҳо

9 июн Муаллиф: Нигина Аслонова, Asia-Plus

Онҳо то Дубай расида, акнун барои тай кардани 1890 километри боқимонда раводидро интизоранд.

Сурат: аз бойгонии Диловар Ғафуров

Се нафар дӯстон аз Тоҷикистон 30 шабонарӯз инҷониб бо дучарха (велосипед) барои адои маросими ҳаҷ ба Макка раҳсипоранд. Дар зарфи 33 рӯз тоҷикистониён аллакай зиёда аз 3 ҳазор километрро тай карда, то Дубай расидаанд ва акнун раводид (виза)-ро интизоранд, то ки ба Арабистони Саудӣ раванд.

“Ба мо лозим аст, ки боз 1 ҳазору 890 километрро тай кунем, то ки ба ҳадафамон расем. Лекин ҳоло раводид нагирифтаем”, – изҳор дошт зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” яке аз ин сайёҳон, сокини 37-солаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон Диловар Ғафуров.

Ба гуфтаи ӯ, барои ӯ ва дӯстонаш – Саидалӣ Назарови 31-сола ва Абдушокир Талабови 34-сола бо дучарха ба Макка расидан ягона имкони адои маросими ҳаҷ дониста мешавад.Сурат аз ҷониби Диловар Ғафуров пешниҳод шуд


“Аз Тоҷикистон шахсони синни аз 40-сола болоро ба ҳаҷ мефиристанд, то ки калонсолон ба он бештар имкон дошта бошанд. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки бо дучарха меравем. Аз оғози сол ба ин сафар омодагӣ гирифтем ва аллакай беш аз 1 моҳ аст, ки дар роҳем. Ман 40 рӯз пеш аз хона баромада будам”, – мегӯяд Диловар.

Ба гуфтаи ӯ, дар роҳ онҳо ба чанд мушкилоте дучор шудаанд.

“Дар роҳ бо гармии ҳаво, тӯфонҳои чангу хок, шамоли сахт, чархҳои кафида ва аз кор баромадани қисмҳои дучарха дучор шудем. Ғайр аз ин, надонистани забон ҳам мушкил эҷод карда, баъзан мустақиман дар роҳ хоб рафта, гурусна мемондем. Лекин ҳамаи ин монеъаҳоро паси сар кардем. Акнун умедворем, ки бо ризоияти Худо раводидамонро гирифта, ба сафар идома медиҳем”, – изҳор дошт Диловар.

Диловар Ғафуров, Саидалӣ Назаров ва Абдушокир Талабов бо ҳамдигар дӯст буда, Диловар кафшергар ва ҳамсару ду духтар дорад. Саидалӣ тиҷорати хурд ва мағозаи маҳсулоти хӯрокворӣ дорад. Ӯ сокини Душанбе буда, оиладор ва соҳиби чор фарзанд аст. Абдушокир низ соҳибкор аз Душанбе аст.Сурат аз ҷониби Диловар Ғафуров пешниҳод шуд


Сафари худро онҳо пас аз анҷоми моҳи шарифи Рамазон рӯзи 1 май аз Душанбе оғоз намуданд.

Тавре ки Диловар мегӯяд, аввал онҳо хостанд, ки тариқи Туркманистон раванд, лекин дар ин кишвар бар асари Covid-19, карантини 20-рӯза пешбинӣ шуда буд. Аз ин рӯ, онҳо роҳи дигар тариқи сарҳади Афғонистон ҷустуҷӯ карда, бо сабаби вазъи геополитикӣ боз ба нокомӣ дучор шуданд.

Дар ниҳояти кор онҳо ба Тошканд рафта, аз он ҷо ба Боку (Озарбойҷон) парвоз карданд ва сипас тариқи Эрон сафарро давом дода, аз маконҳои таърихие чун шаҳри Қазвин – пойтахти хушнависӣ ва Исфаҳон гузаштанд. Бо киштӣ аз Бандар-Аббос то Шарҷа расиданд.

“Дарвоқеъ, ин як бедории маънавӣ буд. Мо тариқи деҳаву ноҳияҳои кӯҳӣ сафар доштем. Дар канори роҳ ғизо тановул карда, назди масҷидҳо қароргоҳ месохтем. Баъзан лозим меомад, ки зери пулу дар таҳхонаҳо ва болои бом шабро рӯз кунем. Моро ба меҳмонӣ ҳам даъват мекарданд. Ҷойи хоб бароямон он қадар муҳим набуд, танҳо сарро мондану каме истироҳат кардан ва неруи тоза гирифтану идома додани сафарро зарур медонистем”, – мегӯяд Диловар.Сурат аз ҷониби Диловар Ғафуров пешниҳод шуд


Диловар мегӯяд, онҳо пас аз намози бомдод, тақрибан соатҳои 5:30-и субҳ бидуни хӯроки субҳона ба роҳ мебаромаданд. Баъди 5-6 соат таваққуф намуда, каме хӯрок хӯрдаву истироҳат мекарданд ва сафарро идома медоданд. Дар як рӯз онҳо 120-130 километр роҳро тай мекарданд.

Дар ҳамин ҳол, Диловар ба шахсоне, ки омодагии пешакӣ надоранд, чунин сафарро тавсия намедиҳад.

“Касоне, ки велосипедрони касбӣ нестанд, беҳтараш ба сафар набароянд. Ман чандин сол аст, ки ба варзиши велосипедронӣ машғулам. Абдушокир ҳам варзишгару соҳиби медалҳо дар мусобиқаҳои велосипедронӣ аст. Саидалӣ ҳам аз лиҳози ҷисмонӣ омода аст. Ғайр аз ин, дар чунин сафарҳо шахсро натанҳо душвориҳои ҷисмонӣ, балки равонӣ низ пайгир шуда метавонанд. Аз ин рӯ, шахс рӯҳан ҳам бояд омода бошад”, – зикр кард Диловар.Сурат аз ҷониби Диловар Ғафуров пешниҳод шуд


Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки барои сафар таҷҳизоти зарурӣ, харита, хайма ва ғайра дошта, барои харидани он маблағи зиёд лозим аст. Ба гуфтаи Диловар, масалан, дучархааш – тамғаи амрикоии «Marin»-ро ӯ бо нархи 800 доллар аз Русия харида, барои тамоми лавозимоти зарурии ин сафар ӯ дар маҷмӯъ зиёда аз 18 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 2 ҳазор доллар) масраф кардааст.Сурат аз ҷониби Диловар Ғафуров пешниҳод шуд


“Аз либос мо бо худ танҳо як маҷмӯи сарулибоси гарм гирифтем, зеро аз шимоли Эрон дохил шудем ва дар он ҷо субҳ хунук мехӯрдем. Ду маҷмӯи сарулибоси сабук барои велосипедронӣ ва як ҷуфт либоси тоза барои ибодат. Ва албатта, хӯрок барои роҳи дур”, – иброз дошт вай.

Диловар изҳор намуд, ки ақидаи ба ин сафар баромадан умумӣ буд, лекин Абдушокир тасмим гирифт, ки ҳамин сол ба роҳ мебароянд.Сурат аз ҷониби Диловар Ғафуров пешниҳод шуд


“Шахсан барои ман адои ҳаҷ бо дучарха ба ваъдаам вобаста аст. Якуним сол бо дасти шикастаам, ки чандин бор ҷарроҳӣ карданд, азоб кашидам. Дастам сиҳат намешуд ва ба худам ваъда додам, ки агар дастам сиҳат шавад, бо дучарха ба ҳаҷ меравам. Вақте ки дастам сиҳат шуд, ба иҷрои ваъдаам шурӯъ кардам”, – илова кард Диловар.

Ин се нафар ният доранд, ки бо ҳавопаймо ба ватан баргарданд, зеро ҳадафашон бо дучарха то Макка расидан буд.

Манбаъ: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20220609/suroi-hudo-bo-ducharha-alorami-garmovu-tfoni-regzoro

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button