ВидеоИлму фанноварӣҶомеа

30 УСТОДИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ СОҲИБИ ХОНА ШУДАНД (2 ВИДЕО ВА АКСҲО)

Маъмурияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 30 омӯзгори ин мактаби олиро, ки мушкили бехонагӣ мекашиданд, бо хонаҳои хидматӣ таъмин кардааст. Калидҳои хонаҳои навро ба ин омӯзгорон  ва аҳли оилаҳои онҳо рӯзи 9 июни соли 2022 дар як маросими вижа тақдим кардаанд.

Гуфта мешавад, баъди як сол пеш ба хобгоҳи нав дар “Шаҳраки донишҷӯён” кӯчондани донишҷӯён аз хобгоҳи №1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар кӯчаи Нахимова 64/10 дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст, маъмурияти донишгоҳ тасмим гирифт, ки бинои хобгоҳи қаблиро бозсозӣ карда, ба хонаҳои истиқоматӣ табдил диҳад.

Бахтиёр Қутбиддин, устоди Донишгоҳи миллӣ менависад: “Чанд моҳе пештар хабаре интишор намуда будем, ки бо ибтикори ректори ДМТ ва дастгирии ҲҶТ 25 нафар муаллимони донишгоҳи миллӣ соҳиби хона мешаванд. Акнун мегӯем, ки  25 не, 30 нафар муаллими донишгоҳ рӯзи 09.06.2022 соҳиби манзил шуданд. Дар маҷмӯъ 39 нафар кормандони донишгоҳ калиди хонаҳоро ба даст гирифтанд. Бояд гуфт, ки дар ин бино 30 хона дуҳуҷрагӣ мебошанд. Омӯзгорони ниёзманде, ки солиени тӯлонӣ дар иҷора мезистанд, имрӯз калиди хонаҳои худро соҳиб гардиданд. Ректор Қобилҷон Хушвахтзода ба ваъдаи худ вафо кард ва аз уҳдаи кор баромада тавонист. Собиқ бинои хобгоҳро бо ҳама ҳусну ороиш имрӯз хобгоҳ гуфтан душвор аст”.

Бино ба гузориши Бахтиёр Қутбиддин, дар собиқ хобгоҳи рақами яки донишгоҳ дар кӯчаи Нахимов шурӯъ аз таҳхона то ҳамаи ошёнаҳои бино азнавсозӣ гардидаанд.

Ин хонаҳо якҳуҷрагиву дуҳуҷрагии васеъ буда, бо шароити ҳамаҷониба таъмин мебошанд.

“Маблағи масрафшуда кам нест ва он сарчашмаҳои гуногун дарёфт гардид. Ин кор осон набуд ва дар оғоз чунин нақшае ҷой дошт, ки баъзе маблағҳо аз ҳисоби худи устодон пардохт гардад. Амали ҷавонмардонаи ректори донишгоҳ буд, ки ин мушкилӣ ҳал гардид ва ҳеҷ устоде маблағе дар ин роҳ сарф накард. Акнун шодиву нишоти устодону фарзандони онҳо ҳадду канор надорад ва хурсандона бӯрёкубон менамоянд”, менависад Бахтиёр Қутбиддин.

https://www.facebook.com/bahtiyor.qutbiddin/posts/pfbid0Gyib8bi12pQRwz6wcs3fG65AjM9nsiUXqjfiYv8Exg94R2PhwHfy75h7pBittHUXlhttps://www.facebook.com/bahtiyor.qutbiddin/posts/pfbid02tut976Apc4cnAxL4ey5pARJbMtjPMFbXYXQN1qSc9pMaYmBgpFiCCsnNY9xLvB7hl

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button