ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

ДЕПОРТАТСИЯИ 38 ТОҶИК, КИ БАРОИ ҶАМЪОВАРИИ ШИРА КАМОЛ БА ҚАЗОҚИСТОН РАФТАНД (4 АКС)

Ҷамъоварии шираи камол, як растании барои саноати дорусозӣ гаронбаҳо, аз миқёси Тоҷикистон хеле фаротар рафта, кишварҳои дигари минтақаро низ фаро мегирад.

Баҳори соли 2021 дар Қирғизистон 16 шаҳрванди Тоҷикистонро барои ғайриқонунӣ ҷамъ овардагни шираи камол дастгир карданд ва онҳо чанд моҳро пушти панҷара ба сар бурданд.

Рӯзи 8 июни соли 2022 бошад, Департаменти пулиси вилояти Туркистон хабар дод, ки аз ин вилояти воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон  38 шаҳрванди Тоҷикистонро депортатсия карданд. Пулис гуфт, онҳоро барои ҷамъоварии шираи камол ба ноҳияи Арис оварда буданд.

Бино ба иттилои пулиси вилояти Туркистон, кормандони хадамоти муҳоҷирати пулиси вилоят ва кормандони пулиси вилояти Ӯрдабошӣ дар ҳудуди як фабрикаи мурғ дар деҳаи Қайгао 38 шаҳрванди Тоҷикистонро барои надоштани ҳуҷҷатҳои расмии будубош боздошт карданд. Дар рафти тафтиш маълум шудааст, ки онҳоро соҳиби ферма барои он овардааст, ки дар ҳудуди ноҳияи Арис барои ҷамъоварии каврак (шираи камол) истифода барад. Шираи камолро дар Қазоқистон (ва ҳамчунин дар бархе минтақаҳои Тоҷикистон) бо номи каврак медонанд.

Дар робита ба ин қазия нисбат ба соҳиби ферма бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода, нисбат ба 38 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳанӯз ба ҷамъоварии шираи камол сар накарда буданд, бар асоси қисми панҷуми моддаи 517 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Қазоқистон бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират  протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ба додгоҳ супурдаанд. Додгоҳи ноҳияи Ӯрдабошӣ ҳукми ихроҷи ин 38 муҳоҷири тоҷикро баровардааст.

Пулиси вилояти Туркистон аксҳои чӣ гуна аз Қазоқистон ихроҷ кардани ин 38 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр кардааст.

Шираи камол як растании барои саноати дорусозӣ хеле муҳиму гаронбаҳост. Дар Тоҷикистон ҷамъоварӣ ва фурӯши шираи камол таҳти монополияи ширкатҳои марбут ба домоди президент Шамсулло Соҳибов қарор дорад.

Вале тавре ба назар мерасад, он миқдор шираи камол, ки дар кӯҳҳои Тоҷикистон ҷамъ меоранд, барои қонеъ сохтани талабот дигар кифоят намекунад ва кавракчинҳо акнун рӯ ба кишварҳои ҳамсоя оварда истодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button