ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАРГУЗАШТИ ЖУРНАЛИСТИ СОБИҚАДОР ГУЛЧЕҲРА УСМОНОВА

Гулчеҳра Усмонова, журналисти собиқадор, муҳаррири бахши русии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва муҳаррири собиқи нашрияи “Крим-инфо” дар синни 68 аз олам чашм пӯшид.

Рressa.tj  хабар дод, ки Гулчеҳра Усмонова вақтҳои охир аз беморӣ ранҷ мекашид. Бино ба иттилои ин нашрия, Гулчеҳра Усмоноваро рӯзи 7 июн дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурдаанд.

Гулчеҳра Усмонова, фарзанди журналисти тоҷик Хайрулло Усмонов  буд. Ӯро ҳамкоронаш ҳамчун як нафари содиқ ба касбу кори худ тавсиф мекунанд. Гулчеҳра Усмонова бештар дар нашрияҳои русизабони Тоҷикистон ба забони русӣ мақола менавишт.

Ҳафтаномаи “Крим-инфо”, ки ӯ чандин сол муҳарририашро бар уҳда дошт, дар вақташ яке аз нашрияҳои пурхонандаи Тоҷикистон ба шумор мерафт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button