ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

ИН МУШТ БА РӮИ ТАМОМИ ЖУРНАЛИСТОН БУД! ВОКУНИШҲО БА ЛАТТУКӮБИ ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ АЗ СӮИ МАҚОМОТИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР (ВИДЕО)

Моҷарои тӯли 5 соат бозпурсӣ кардан ва дар ҷараёни ин ба истилоҳ “суҳбати кӯтоҳ” латтукӯб кардани журналист ва блогери шинохтаи тоҷик Далери Имомалӣ дар ҷомиа мавҷи вокунишҳоро ба бор овард. Бисёриҳо ин ҳамла ба журналистро маҳкум карда, аз мақомот хостаанд, ки афроди гунаҳкорро шадидан ҷазо бидиҳанд, то барои боқӣ мансабдороне, ки мехоҳанд бо мушт даҳони журналистону блогерҳоро банданд ва бо ҳамин гӯё сари кафидаи худро зери тоқӣ пинҳон кунанд, дарси адаб бишавад. Аҳли ҷомиа, аз ҷумла журналист Раҷаби Мирзо хотиррасон кардаанд, ки моддаи 162 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои монеъ шудан ба фаъолияти касбии журналистон  бо сӯиистифода аз мақоми хидматӣ то 5 сол ҳукми зиндонро ҳамчун ҷазо пешбинӣ мекунад.

Раҷаби Мирзо хостааст, ки созмонҳои журналистии Тоҷикистон барои ҳимоят аз Далери Имомалӣ ва  хабарнигорони Радиои Озодӣ ва “Настоящее время” – Муллораҷаб Юсуфӣ, Барот Юсуфӣ ва Анушервон Орифов, ки моҳи май ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд, садо баланд кунанд. Ҳатто дар шароити ҷангӣ касе ҳақ надорад қонунҳои кишварро вайрон намояд, чӣ расад ба замони осоишта”, навиштааст ӯ.

Журналист Саодат Одиназода низ ба ҳимоят аз Далери Имомалӣ навиштааст: “Содиктарин фарзанди Эмомали Рахмон, Далери Эмомали аст!  Чунки у хамаруза бахри бехбудии рузгори мардум талош дорад ва дар ин рох ба танхои камбудихои масьулони корхои давлатдориро ошкор месозад. Агар нуксеро чашмпуши кардем, меафзояд ва окибат ба хароби ва вайрони мерасонад, яьне дардро бояд сари вакт табобат кард, вагарна нахуст рухро ва баьд чисмро нобуд месозад. Лутфан ба Президент хидмати “хирсона” накунед ва бигузоред, ки журналистон фаьолияти журналистии хешро дар доираи конунхои кишвар идома бидиханд”.

Афшини Муқим, журналист ва сухангӯи Кумитаи дин низ навиштааст, “Далер ба танҳоӣ кореро анҷом медиҳад, ки баъзан онро мо аз як расонаи миллӣ интизорем. Аз ин рӯ, бешак ҳар гуна фишори ноҷо дар нисбати ДАЛЕРҳо маҳкум аст.

Хуршеди Атовулло, муассиси ҳафтаномаи “Фараж” ва Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон менависад: Далер хато зиёд дорад! Вале вақте мақомоти як ноҳия ба касби ман туф мекунад, ман бо туям, Далер! Вақти нанг аст ҳамқаламон! Бедор шавед!

Ҷонӣ Сафарзода менависад, шаппотӣ задан ба рӯи Далерро шаппотӣ ба рӯи тамоми журналистони тоҷик меномад. Хилватшоҳи Маҳмуд бар ин аст, ки “новобаста аз мақому мансаб, ваколат ва курсӣ ҳеч кас ҳақ надорад ба рӯи шахси дигар даст бардорад (ҳатто ҳуқуқи садо баланд карданро надорад)!”

Дар айни замон, ҳамон як селаи бебандубор аз “фермаи ҷавоб” ба Далери Имомалӣ дарафтода, худи журналистро гунаҳкор кардаанд ва аз ҷумла навиштаанд, ки ӯ бояд “як ҷо ором менишаст” ва “оромии Тоҷикистонро “кайфолом” намекард”.

Далери Имомалӣ рӯзи 4 июн бо нашри як видео хабар дод, ки рӯзи 4 июни соли 2022 аз соати 11 тайи 5 соат аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бозпурсӣ шудааст. Далери Имомалӣ гуфт, дар ҷараёни ин бозпурсӣ нисбаташ аз хушунат ҳам кор гирифтаанд ва чанд мушту шаппотӣ ба сару рӯяш задаанд. Далери Имомалӣ гуфт, бозпурсӣ дар мавзӯи ду видеои ахири ӯ дар бораи вазъи хонаводаҳое буд, ки хонаҳояшонро дар маҳаллаи Панҷшери ноҳияи Шоҳмансур чаппа кардаанд. Ӯ гуфт, аз вай ҳамчунин хоҳиш ва талаб кардаанд, ки  ҳарду видеоро аз Панҷшер аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва аз Ютуб пок кунад. “Ҳам хоҳиш буд ва ҳам талаб. Ва мо ин видеоҳоро гирифтем”, гуфт Далери Имомалӣ.

Ин журналист ва блогери ҷавони тоҷик дар чанд моҳи охир бо силсилаи видеоҳояш дар мавзӯъҳои доғи ҷомиаи Тоҷикистон сарусадои зиёде ба по кард ва дар як муддати кӯтоҳ шумораи обуначиёни канали Далери Имомалӣ дар Ютуб қариб ба 140 ҳазор нафар расид.

Раҷаб Мирзо 

ҶОМЕАИ ЖУРНАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН БОЯД АЗ ҲУКУМАТИ МАРКАЗӢ ВА МАҚОМОТИ КИШВАР ТАЛАБ НАМОЯНД:

1. Сабаб, омилони латукӯб ва то ҳанӯз “бенишон” будани дастгоҳҳои журналистии хабарнигорони радиои “Озодӣ, “Настоящее время”” – Муллораҷаб Юсуфӣ, Барот Юсуфӣ ва Анушервон Орифовро шарҳи ҳуқуқӣ (на сиёсӣ) дода, ба ҷомеа ошкор кунанду ҷазо диҳанд.

Ҳатто дар шароити ҷангӣ касе ҳақ надорад қонунҳои кишварро вайрон намояд, чӣ расад ба замони осоишта;

2. Сабаб, нафари (ин гуна бандаҳои Худро ҳуқуқшинос гуфтан ҳайф аст, чӣ расад ба прокурорӣ, ВОҚЕАН БАРОИ МАЪЛУМОТ: ба ҷомеаи журналистии Тоҷикистон ному насаби ин “қаҳрамон” аллакай маълум аст) шиканҷакардаи Далери Имомалӣ ҳатман муҷозот гардад;

(аслан дар сафи мақомот кор кардани чунин бандаҳои Худо фикр накунам ба касе манфиат биёрад, ҳатто ба хешу табори бонуфузу пулдорашон);

3. Дар доираи кадом қонун ҳазф кардани навори Далери Имомалӣ аз саҳифаи Ютуби ӯ бояд мавриди баррасии ҷиддӣ қарор бигирад

– чун, ҳатто прокурори камсавод ҳам бояд донад, ки ҳич кас ҷуз суд ин ҳақро надорад.

ГӮШОНАИ (ПОДСКАЗКА) ҲУҚУҚӢ БАРОИ ЧУНИН ТАЛАБ:

Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Моддаи 162. Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналистон

1) Дар ҳар шакле, ки набошад, монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, ҳамчунин маҷбур намудани ӯ барои паҳн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки бо таҳдиди зӯроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани молу мулк, паҳн кардани дурӯғи бофтае ё фош намудани дигар маълумоте, ки ҷабрдида меҳоҳад онҳоро ниҳон дорад, алоқаманд аст, ҳамчунин бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист (ҚҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

2)ҲАМИН КИРДОР, АГАР:

А) БО ЗӮРОВАРӢ;

Б) НЕСТУ НОБУД Ё ВАЙРОН КАРДАНИ МОЛУ МУЛК (ҚҶТ АЗ 18.06.2008 № 386);

В) БО ИСТИФОДАИ МАҚОМИ ХИЗМАТӢ СОДИР ШУДА БОШАД,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Хуршед Атовулло

Далер хато зиёд дорад! Вале вақте мақомоти як ноҳия ба касби ман туф мекунад, ман бо туям Далер! Вақти нанг аст ҳамқаламон! Бедор шавед!

Саодат Одиназода

Содиктарин фарзанди Эмомали Рахмон, Далери Эмомали аст!

Чунки у хамаруза бахри бехбудии рузгори мардум талош дорад ва дар ин рох ба танхои камбудихои масьулони корхои давлатдориро ошкор месозад. Агар нуксеро чашмпуши кардем, меафзояд ва окибат ба хароби ва вайрони мерасонад, яьне дардро бояд сари вакт табобат кард, вагарна нахуст рухро ва баьд чисмро нобуд месозад. Агар хама масьулони давлатдории милли бо “дасту дили пок” фаьолият дошта бошанд, Точикистон ба гулистон мубаддал мешавад.

Лутфан ба Президент хидмати “хирсона” накунед ва бигузоред, ки журналистон фаьолияти журналистии хешро дар доираи конунхои кишвар идома бидиханд.

Афшини Муқим

Далер ба танҳоӣ кореро анҷом медиҳад, ки баъзан онро мо аз як расонаи миллӣ интизорем. Аз ин рӯ, бешак ҳар гуна фишори ноҷо дар нисбати ДАЛЕРҳо маҳкум аст. Ва шиори машҳури худи Далер: #Зинда_бод_сулҳ_субот_ва_оромиш_дар_рӯи_дунё_ва_дар_Тоҷикистон

Хилватшоҳ Маҳмуд

Новобаста аз мақому мансаб, ваколат ва курсӣ ҳеч кас ҳақ надорад ба рӯи шахси дигар даст бардорад (ҳатто ҳуқуқи садо баланд карданро надорад)!

Аммо ҳолате ки рӯзи гузашта дар қиболи ҳамкасби мо , журналист ва блогер Daler Imomali рух додааст, боиси нигаронии шадид мебошад!

Аз хушунату зӯроварӣ даст кашед! Рисолати рӯзноманигор ироаи хабар ва пешниҳоди иттилоъи дақиқ аст, на чизи дигар!

Irshod Sulaymoni

Фишор, задан ва таҳқири Daler Imomali на танҳо беарзиш будани озодии баён ва адолатхоҳиро дар Тоҷикистон нишон медиҳад, балки намунаи баланди беҳуқуқӣ ва беарзишии ҳуқуқи шаҳрвандон, ҳатто шаҳрвандони фаъол аст.

Ҷони Сафарзода 

Задани шапоти ба як журналист агар КУЛТУРНА карда гуем шапоти ба ҳамаи журналистони Тоҷикистон аст.Бояд раиси ҳукумати ин ноҳия БАХШИШ пурсида ба истеъфо равад…

Агар не КУЧАГИ карда гуем бояд ҳар як журналисти Тоҷикистон баъди ин латта дар сар гиранд….

ДАЛЕР ДАЛЕР АСТ!

Orzu Isoev

Аз кулли ақшори осебпазир феълан ман қишри рӯзноманигорро мебинам, ки аз ҳимоят баҳраманд нест. Лутфан аз ҳама хоҳиш мекунам, сарфаҳм ба фарқи байни Рӯзноманигор ва Ташвиқотчӣ биравед, зеро имрӯзҳо хеле аз “ҳамкасбон”-и мо ин ҳирфаро ба хушомадгӯиву санохониву лесидани поёнҷои мансабдорон табдил додаанд.

Бо ин ҳама мушкил ҷарақаи умед ҳанӯз дар бархӯрди мардум ҳис мешавад. Вобаста ба қазияи Далери Имомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарфу садоҳо зиёданд. Ман инрӯзҳо мебинам, ки як рӯзноманигор ё як блогер бартар аз як масъулини риштаи иҷтимоъ ба мардуми тавонталаб расидагӣ мекунад.

Ҳой! Одамон! Маъюбону ятимону бенавоёну камбағалон ҳамарӯза ба ҷустуҷӯи блогерону журналистон мебарояд! Блогерҷӯии қишри кӯмакталаб аз он аст, ки дарвозаи бозе барои арзу дод намеёбанд… Одамони эҳтиёҷманд фақат блогер меҷӯянд! Чаро? Ҳеч медонед, ки блогерҳо масоили муҳими иҷтимоиро ба ҷои масъулин дар миён мегузоранд ва муҳоҷирони дилсӯзи мо ин масоилро бо маблағи ҷайбакашон ҳал мекунанд!

Дар ин лаҳазоти барои рӯзноманигорон сангин бо исрор аз кулли ташкилоту ҷамъиятҳо ва дигар ниҳодҳои алоқаманд талаб мекунам, ки ба ҳимояи рӯзноманигорон шитобед! Кӯмак! Кӯмак! Кӯмак!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button