Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ИЗҲОРОТИ ВКХ ТОҶИКИСТОН ДАР РОБИТА БА ҲОДИСАИ САРҲАДӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

04.06.2022 17:54

3 июни соли 2022 соати 10:40 бо вақти маҳаллӣ дар минтақаи масъулияти дидбонгоҳи сарҳадии “Кех” воқеъ дар ҷамоати Ворухи ш.Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи марзшикании ҳадафмандонаи ҳарбиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни сарҳадбонони Тоҷикистон ва ниҳодҳои ҳарбии Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона ба вуқуъ пайваст.

Муноқишаи мусаллаҳона бинобар аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон беэътиноӣ намудани талаби қонунии сарҳадбонони тоҷик ҷиҳати тарки ҳудуди Тоҷикистон рух дод. Дар ҷавоб ба талаби сарҳадбонони Тоҷикистон ҳарбиёни қирғиз мавқеи ҷангӣ гирифта, нахуст ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии “Кех” воқеъ дар ҷамоати Ворухи ш.Исфараи Тоҷикистон оташ кушоданд. Пас аз ҷалби қувва ва техникаи иловагӣ аз ҷониби ҳарбиёни Қирғизистон вазъият мураккаб гардид.

Дар натиҷаи оташи ҷавобии сарҳадбонони тоҷик аз яроқи оташфишон, ҳарбиёни қирғиз аслиҳаи маҷмӯӣ ва миномётҳоро аз ҷумла ба самти мавзеъҳои аҳолинишини Тоҷикистон истифода бурданд. Сарҳадбонони Қирғизистон изҳор доштанд, ки дар муноқишаи сарҳадӣ қувваҳои ниҳодҳои алоҳидаи мақомоти қудратии Қирғизистон, ки ба ҳайати Хадамоти сарҳадии он ҷониб шомил нестанд, истифода мешаванд.  

Дар натиҷаи гуфтушунидҳои фаврии бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон доиршуда соати 13:15 бо вақти маҳаллӣ оташбас муяссар гардид. Гузашта аз ин соати 14:15 ба мақсади муайян намудани ҳолати муноқишаи мусаллаҳона ҷониби Тоҷикистон интиқоли намояндагони Қирғизистонро  ба маҳалли ҳодиса воқеъ дар ҳудуди Тоҷикистон, ташкил намуд. 

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, ҷониби Тоҷикистон такрор ёфтани таҷрибаи аз ҷониби Қирғизистон сарфи назар кардани мувофиқаҳои калидӣ, пеш аз ҳама оид ба манъи истифодаи яроқи оташфишон аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ ва риояи қатъии хатти рафтори сарҳадбононро, дубора зикр менамояд.   

Ҷониби Тоҷикистон таъкид мекунад, ки аз тарафи Қирғизистон истифода гардидани ниҳодҳои мақомоти қудратии ба ҳайати Хадамоти сарҳадии он ҷониб шомил набуда, чораи ғайриқобили қабул ва боиси мураккаб гардидани вазъият дар хатти сарҳади давлатӣ мебошад.  Илова бар ин, ҳолати мазкур хилофи мувофиқаҳои байни  мақомоти сарҳадии ҷонибҳо, ки 12 март ва 13 апрели соли 2022 ҳосил шудаанд, дониста мешавад.

Тоҷикистон амали иғвоангезонаву ҳадафноки ҷониби Қирғизистонро маҳкум намуда, аз риояи қатъии ҳамаи мувофиқаҳои бадастомада ҷиҳати пешгирии чунин муноқишаҳо дар оянда, даъват ба амал меорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ҳавасмандии худро баҳри ҳалли мусолиҳатомези масоили бо Ҷумҳурии Қирғизистон бавуҷудомада таъкид менамояд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button