ВидеоНуқтаи назарТоҷикистонҲуқуқи инсон

ДАЛЕРИ ИМОМАЛИРО 5 СОАТ БОЗПУРСӢ КАРДА,  ЧАНД МУШТУ ШАППОТӢ  ЗАДААНД (ВИДЕО)

Далери Имомалӣ, журналист ва блогери шинохтаи тоҷик, дар як видеои нав дар каналаш дар Ютуб хабар дод, ки рӯзи 4 июни соли 2022 аз соати 11 тайи 5 соат аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бозпурсӣ шудааст.

Далери Имомалӣ гуфт, дар ҷараёни ин бозпурсӣ нисбаташ аз хушунат ҳам кор гирифтаанд ва чанд мушту шаппотӣ ба сару рӯяш задаанд. Ӯ аз бурдани номи идорае, ки ӯро онҷо бурданд, худдорӣ кард ва гуфт, дар ҷараёни бозпурсӣ дар онҷо намояндагони ниҳодҳои мухталифи ноҳияи Шоҳмансур иштирок доштанд.

Бино ба нақли Далери Имомалӣ, ӯро кормандони аз назди театр, ки онҷо барои тамрин мерафт, “барои як сӯҳбати кӯтоҳ” гирифта овардаанд, вале дар ниҳоят он “суҳббати кӯтоҳ” 5 соат давом кардааст. Далери Имомалӣ гуфт, бозпурсӣ дар мавзӯи ду видеои ахири ӯ дар бораи вазъи хонаводаҳое буд, ки хонаҳояшонро дар маҳаллаи Панҷшери ноҳияи Шоҳмансур чаппа кардаанд. Ӯ гуфт, аз вай ҳамчунин хоҳиш ва талаб кардаанд, ки  ҳарду видеоро аз Панҷшер аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва аз Ютуб пок кунад. “Ҳам хоҳиш буд ва ҳам талаб. Ва мо ин видеоҳоро гирифтем”, гуфт Далери Имомалӣ.

Ин журналист ва блогери ҷавони тоҷик дар чанд моҳи охир бо силсилаи видеоҳояш дар мавзӯъҳои доғи ҷомиаи Тоҷикистон сарусадои зиёде ба по кард ва дар як муддати кӯтоҳ шумораи обуначиёни канали Далери Имомалӣ дар Ютуб қариб ба 140 ҳазор нафар расид.

Далери Имомалӣ мегӯяд, ки баъди бархӯрди хушунатомези имрӯза хеле фикр дорад, ки оё ба нашри чунин видеоҳо идома диҳад ё на. Ӯ гуфт, бахусус аз он нороҳат шудааст, ки бархе сокинони маҳаллаи Панҷшер ҳам, ки ӯ дар бораи мушкилоти онҳо гузориш дод, ба зиддаш баёнот додаанд, гӯё журналист онҳоро водор ба гуфтани бархе ҳарфҳо кардааст.

Далери Имомалӣ дар ду видеояш аз маҳаллаи Панҷшери вилояти Шоҳмансур хабар дод, ки мақомот чандин хонаро дар ин маҳалла чаппа кардаанд, вале сокинон мегуфтанд, азбаски дигар ҷои рафтан надоштанд, маҷбур шуданд, ки хонаҳои чаппашудаи худро аз нав барқарор карда, дар онҳо зиндагии худро идома диҳанд.

Далери Имомалӣ  аз мақомот даъват карда буд, ки ба ҷои чаппа кардани хонаи мардум баракс хонаҳои алакай сохтаи онҳоро қонунӣ кунанд ваё онҳоро бо хона таъмин кунанд.

Бисёриҳо дар зери хабари боздошту бозпурсӣ ва зӯроварӣ нисбат ба журналист ин амалро шадидан маҳкум карда, аз мақомот хостаанд, ки бо обрӯи давлат бозӣ накунанд ва озодии матбуот ва озодии баёнро, ки Қонуни асосии Тоҷикистон кафолат додааст, поймол накунанд,

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button