Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ТИРПАРРОНИИ НАВ БАЙНИ МАРЗБОНҲОИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ. ҚИРҒИЗИСТОН МЕГӮЯД, МАРЗБОНҲОИ ТОҶИК ВОРИДИ МАРЗИ ОН КИШВАР ШУДААНД

Рӯзи 3 июни соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз тирпарронӣ шудааст. Сокинони ҷамоати Ворух мегӯянд, задухӯрди мусаллаҳона байни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар мавзеи Пули Офтобрӯй доир шудааст. Ҷониби Қирғизистон ин мавзеъро қаламрави худ медонад ва онро Булоқбошӣ меномад. То соати 14:00 тирпарронӣ дар ин мавзеи баҳсӣ ҳанӯз идома дошт.

Ҷониби Тоҷикистон ин қазияро ҳанӯз шарҳ надодааст, вале хадамоти марзбонии Қирғизистон иддао кард, ки гӯё марзбонҳои тоҷик вориди қаламрави он кишвар шуда, ба сӯи марзбонҳои қирғиз оташ кушодаанд.

Бино ба фарзияи ҷониби Қирғизистон, марзбонҳои он кишвар дар мавзеи Булоқбошӣ (Пули Офтобрӯй) як гуруҳи марзбонҳои тоҷикро дидаанд, ки гӯё аз хатти марз убур кардаанд. Бишкек мегӯяд, ки гӯё онҳо аз марзбонҳои тоҷик талаб кардаанд, ки хоки Қирғизистонро тарк кунанд, вале марзбонҳои тоҷик ба тарафи марзбонҳои қирғиз тир кушодаанд. Дар натиҷа байни ду тараф тирпарронӣ сурат гирифтааст. Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки гӯё марзбонони тоҷик дар ҷараёни ин задухӯрд аз миномёт истифода бурдаанд.

Гуфта мешавад, ки сардори раёсати марзбонии вилояти Бодканд полковник Толонбоев К. ва фармондеҳи воҳиди марзбонии ноҳияи Бодканд полковник Р. Миршокиров ба ҷои ҳодиса рафтаанд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро ба шурӯи муноқишаи ахир айбдор карда, гуфт, “бо вуҷуди суҳбатҳои телефонии имрӯзаи мудири Хадамоти марзбонии Қирғизистон генерал-майор У.З. Шаршеев ва фармондеҳи Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-полковник Р. Раҳмоналӣ ва тавофуқи онҳо дар мавриди оташбас, ҷониби Тоҷикистон тирпаррониро қатъ намекунад.  Хадамоти марзбонии Қирғизистон барои роҳ надодан ба ташаннуҷи вазъ тамоми чораҳоро андешида истодааст ва аз ҳамкорони тоҷики худ даъват мкунадл, ки тирпаррониро ба тарафи мавқеъҳои Қирғизистон билофосила бас кунад. Дар ғайри сурат, марзбонони Қирғизистон низ метавонанд аз чораҳои ҷавобӣ кор бигиранд”.

Дар баёнияи алакай дуюми худ аз замони оғози муноқишаи ахир, Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, “мавридҳои аз ҷониби Тоҷикистон ба хатти марз интиқол додани техникаи ҳарбии вазнинро мушоҳида мекунад”.

Боз як бори дигар (махсус барои каллаварамҳои “фермаи ҷавоб”) хотиррасон мекунем, ки Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон то ҳол ин муноқишаро шарҳ надодаанд.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 983 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун  ҳудуди 330 километраш таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.

Дар поёни моҳи апрели соли 2021 дар хунинтарин муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 55 нафар кушта ва 240 каси дигар захмӣ шуданд. Аз аввали соли 2022 дар чанд даргирӣ дар марзи ин ду кишвар 4 нафар аз ҷониби Тоҷикистон кушта шуда, беш аз 20 тани дигар аз ҳарду тараф ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button