АфғонистонТоҷикистон

ТОҶИКИСТОН НАХУСТИН ДИПЛОМАТАШРО БА НАЗДИ ТОЛИБОН ФИРИСТОДААСТ

Бино ба иттилои дарёфтии расман тасдиқношуда, Тоҷикистон нахустин дипломаташро барои музокирот ба Кобул, ба назди намояндагони ҳаракати тундрави Толибон фиристодааст.

Як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки санаи 14 майи соли 2022 Самариддин Чӯянзода  ба намояндагӣ аз ҳукумати Тоҷикистон барои музокирот бо Толибон ба Кобул рафтааст. Тасдиқи ин хабар тавассути манобеи расмӣ ғайримумкин ба назар мерасад. Вале ба иттилои манбаи “Бомдод”, Чӯянзодаро дар фурудгоҳи Кобул намондагони вазорати хориҷаи ҳукумати Толибон расман пешвоз гирифтаанд, аммо бо хоҳиши ҷониби Тоҷикистон, Толибон сафари дипломати баландпояи тоҷикро то кунун эълон накардаанд.

Самариддин Чӯянзода дар гузашта афсари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд ва тоза ба кори дипломатӣ гузаштааст. Ба ин далел, гуфта мешавад, ки як ҳадафи асосӣ аз сафари Чӯянзода ва мулоқотҳояш бо намояндагони Толибонт пеш аз ҳама баррасии масоили амниятӣ, аз ҷумла вазъи пешомада дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, ки бо вилояти Бадахшони Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад.

Ҳамсуҳбати мо ба ин нукта ишора кард, ки сафари Самариддин Чӯянзода дар арафаи саркӯби эътирозҳо дар Хоруғ ва Рӯшон сурат гирифт ва гӯё Толибон ҳамчун аломати ҳусни нияти худ барои истиқрори равобити расмии дипломатӣ бо Душанбе ба Чӯянзода ваъда додаанд, ки ба эътирозгарони бадахшонӣ дар Афғонистон паноҳ нахоҳанд дод.

Самариддин Чӯянзода (Чӯянов) бо вазъи вилояти Бадахшон, бахусус ноҳияи ошӯбзадаи Рӯшон аз наздик ошност, чунки  қаблан раиси шуъбаи КДАМ дар ҳамин ноҳия буд. Номи ӯ бори аввал моҳи майи соли 2020 дар робита ба мавҷи эътирозҳо дар Рӯшон расонаӣ шуд.

КДАМ он вақт хабар дод, ки 22 майи соли 2020, соати 09:30 дар деҳаи Барӯшони ноҳияи Рӯшон шӯъбаи ноҳиявии Раёсати КДАМ амалиёти махсус барои дастгир кардани ҷинояткори хавфнок Шароф Қобилов, соли таваллудаш 1976, зода ва истикоматкунандаи деҳаи Барӯшони ноҳияи Рӯшон гузаронид.

 “Ҳангоми амалиёт Ш.Қобилов бо корд ҳуҷум карда, сардори шӯъбаи ноҳиявӣ Чуянов Самариддинро захмӣ гардонд. Новобаста аз ин роҳбари шӯъбаи амниятии ноҳия тавонист амалиётро роҳбарӣ ва қочоқчии ашаддӣ, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро дастгир намояд. Сардори шуъбаи РКДАМ дар ноҳияи Рӯшон дар беморхона бистарӣ гардид. Вазъи саломатиаш қаноатбахш арзёбӣ мегардад”, гуфта мешуд дар иттилоияи маркази матбуотии Раёсати КДАМ дар ВМКБ.

Кормандони амният баъдан чанд сокини дигари Барӯшон, аз ҷумла ҷанговари собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин Ёдгор Ғуломҳайдаровро барои кумак ба Шароф Қобилов дастгир карданд, вале сокинон дар маркази ноҳия гирди ҳам омада, онҳоро халос карданд ва тайи чанд рӯзи эътирозҳо талаб карданд, ки ҷавононро зиндонӣ накунанд ва нашикананд.”

Ёдгор Ғуломҳайдаров дар ҷараёни эътирозҳои рӯзҳои 16-19 майи соли 2022 низ яке аз роҳбарони он эътирозҳо дар шаҳраки Вомар, маркази ноҳияи Рӯшон номбар мешуд ва ВКД ӯро ба роҳбарии гуруҳи мусаллаҳе айбдор кард, ки дар теппаҳои атрофи Вомар камин гирифта, ба корвони нирӯҳои “Алфа” КДАМ ҳамлаи мусаллаҳона карданд. ВКД гуфт, дар он ҳамла як афсари “Алфа” ва 8 тан аз тарафи муқобил кушта шуда, 13 низомӣ ва 11 эътирозгар ҷароҳат бардоштанд.

ВКД Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки Ёдгор Ғуломҳайдаров ва 4 роҳбари дигари эътирозҳои Рӯшон субҳи 31 май дар як амалиёти вижа дар кӯҳҳои атрофи деҳаи Дерзуд, дар наздикии марз бо Афғонистон кушта шуданд.

Ирсоли нахустин дипломати тоҷик ба назди Толибон дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон то кунун  тақрибан ягона кишваре дар минтақа буд, ки бо Толибон тамосҳо барқарор накарда буд. Душанбе мегуфт, агар Толибон ҳукумати фарогир ташкил накунанд ва дар он ҳукумат ба дигар ақалиятҳои қавмӣ, ба хусус ба тоҷикҳо ҷойгоҳи шоиста қоил нашаванд, ҳукумати онҳоро эътироф нахоҳад кард. Душанбе ҳамин тавр, талош дошт, то ҳимояти кишварҳои дигар аз Ҷабҳаи Аҳмади Масъудро, ки ба зидди режими нави Толибон меҷангад, ба даст биорад.

Толибон ба навбати худ ҳукумати Тоҷикистонро ба пуштибонӣ аз мухолифини мусаллаҳи худ гунаҳкор мекарданд ва чандин бор таҳдид карда буданд, ки аз чораҳои ҷавобӣ кор хоҳанд гирифт. Гулбиддин Ҳикматёр, як фармондеҳи собиқи муҷоҳидини афғон, ки аз режими нави Толибон ҳимоят мекунад, ахиран таҳдид кард, ки Толибон метавонанд ҳамчун посух дар шимоли Афғонистон барои мухолифини мусаллаҳи ҳукумати Тоҷикистон ҷои по бидиҳанд ва барои Душанбе мушкили ҷиддии амниятӣ биофаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button