ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

ҚАТЛИ БЕРАҲМОНАИ ДУ КӮДАКИ ХУРДСОЛ ДАР БОХТАР ВА ХУҶАНД: ЯКЕРО МУАЛЛИМА КУШТААСТ, ДУЮМИРО – МОДАРАШ…

Аз Тоҷикистон хабари куштори бераҳмонаи ду кӯдак расид.

Дар шаҳри Хуҷанд як зан фарзанди ёздаҳмоҳаи худашро дар даруни гаҳвора буғӣ карда куштааст. Ин зан гуфтааст, ки ин тифлро аз марди дигар ба дунё оварда буд ва метарсид, ки шавҳараш аз ин хабар меёбад. Дар шаҳри Бохтар бошад як муаллимаи мактаб фарзанди марди хушдорашро то мурдан латтукӯб кардааст. Ин кӯдак дар синфи дуюм дар ҳамон мактабе таҳсил мекард, ки муаллимаи қотил онҷо дарс медод…

Бино ба иттилои дарёфтии “Азия Плюс”,  куштори хонандаи синфи дуюми мактаби №8 дар шаҳри Бохтар рӯзи 27 май рӯй додааст.  Як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Бохтар ба “Азия-Плюс” гуфт:

“Гумонбар кӯдакро лату кӯб мекунад ва баъдан ба ёрии таъҷили занг мезанаду аз хона баромада меравад. Мутаасифона кӯдак дар роҳ то беморхона мефавтад. Гумонбар худ баргашта меояд. Айни замон дар боздошт қарор дорад. Ба эҳтимоли зиёд нисбати гумонбаршаванда, зани тақрибан 25-сола, бо ҷурми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад”.

Як манбаъи дигар ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ин духтари 25-сола гуё ҳамчун арӯсшаванда дар ин хона зиндагӣ мекардааст. Падару модари кӯдак аз ҳам ҷудо шуда будаанду ӯ дар парастории падар монда будааст. Нигоҳу бини кӯдак ба ӯҳдаи ҳамин арӯсшаванда вогузор шуда будааст, ки дар вақти набудани падари кӯдак, ин зан ӯро лату кӯб мекунад, ки дар натиҷа кӯдак мефавтад.

“Фараж” хабар дод, ки зани дастгиршуда ёвари мудири мактаби №8 будааст. Рressa.tj  хабар дод, ки занги гумонбар дар қатли кӯдак Мадинаи Аҳмад ном дода, дар мактаби №8 аз фанни математика дарс медод.

Бино ба иттилои нашрия, кӯдаки кушташуда хонандаи фаъоли ҳамин мактаб буда, танҳо аз як фан баҳои чор дошт ва аз ҳамаи фанҳои дигар пайваста баҳои аъло мегирифт.

 “Муаллимае, ки дар қатли кӯдаки ноболиғ гумонбар аст, соли 2019 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро хатм кардааст. Соли сеюм аст, ки ҳамчун омӯзгор фаъолият дорад. Бо сабабҳои барои мо номаълум рӯзи 27 май хонандаи синфи 2-и муассисаи таълимии рақами 8-ро дар манзили истиқоматияш латукуб мекунад, ки дар натиҷа ноболиғ ба ҳалокат мерасад. Падару модари кӯдак аз ҳам ҷудо шудаанд. Кӯдак дар тарбияи модар будааст. Модараш фурӯшандаи бозор аст”,-иттилоъ додаанд  аз мақомот.

Сабаби даст ба чунин кирдори ношоиста задани омӯзгор Мадинаи Аҳмад ҳанӯз рӯшан нест.

Дар ҳамин ҳол, дар нашри навбатии барномаи “Милитсия хабар медиҳад” маркази матбуоти РВКД вилояти Суғд хабар дод, ки Мутриба Розиқова, сокини 26-солаи шаҳри Хуҷанд  бо иттиҳоми куштани тифли ширмакаш, ки ҳамагӣ 11 моҳ дошт ва 26 май яксола мешуд, дастгир шудааст.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи милитсияи Суғд гуфт, Розиқова  “23-уми апрели имсол бо мақсади пинҳон кардани хиёнат ба шавҳар фарзанди аз марди дигар таваллуд кардаашро бо роҳи маҷбурӣ ба ҳалокат расонидааст. Писарчаи хурдсоли ӯ, бояд 26-уми майи имсол 1-сола мешуд, вале дар гаҳвора аз дасти модари худ кушта шудааст.

Маълумот дар бораи ҷиноят замоне ба мақомоти таҳқиқу тафтишот дастрас гардид, ки кӯдаки солим ба таври ногаҳонӣ ба ҳалокат мерасад. Ва пайвандони бе ин ҳам ба рафтори келини хонадон шубҳа дошта ба табиӣ будани марги хурдсол бовар намекунанд. Зимни коркардҳои оперативӣ ва амалҳои тафтишии мақомоти милитсия ва прокуратура ҳақиқат доштани ин гумонро ошкор намуданд. То ин ки айби модари ҷавон пинҳон монад тавассути доштани роҳи нафас хурдсол дар дохили гаҳвора аз панҷаи дасти модари худ ба таври маҷбурӣ ба ҳалокат расонида мешавад. Ин фарзияест, ки тафтишоти пешакӣ тасдиқ менамояд”, – гуфта мешавад дар навори видеоии Раёсати умури дохилӣ.

Худи ҷавонзан ҳам дар ин гузориш эътироф мекунад, ки аз тарси инки сирри бо марди дигар гаштанаш ошкор мешавад, кӯдаки худро бо дасти худ куштааст.

Додситонии шаҳри Хуҷанд  ба зидди ин зан бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда кушодаанд. Қисми дуюми моддаи 104 барои куштори кӯдаки хурдсоле, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор дошта, аз худ ҳимоят карда наметавонад, ҳамчун ҷазо аз 15 то 25 соли зиндон ё ҳабси умрбод ва ҳатто ҳукми қатлро пешбинӣ мекунад.

Вале дар Тоҷикистон аз соли 2004 рӯи судур ва иҷрои ҳукми қатл мораторий гузоштаанд. Вақтҳои охир дар ҷомиаи Тоҷикистон талабҳое садо медиҳанд, ки ҳукми қатлро нисбат ба ҷиноятҳои сангин, бахусус ҷиноятҳо ба зидди кӯдакон барқарор кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button