Минтақа ва ҷаҳонСиёсат

ҶАНГИ САРД САР ОМАД? ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БАЪДИ 9 СОЛ БОЗ БА ЭРОН МЕРАВАД

Хабаргузории  Форснюс хабар дод, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29 май  бо даъвати раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ бо як сафари расмӣ ба Теҳрон меравад.

Форснюс менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайъати бузурги намояндагони ҳукумати Тоҷикистон  вориди Теҳрон шуда, дар пайи мулоқоти ду президент ва ҳайъатҳои ду кишвар имзои як силсила қарордодҳои ҳамкорӣ дар соҳоти илму фарҳанг, иқтисод ва дар масоили сиёсӣ байни Эрону Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 29 май хабар дод, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллӣ, раиси Маҷлиси намояндагон, сарвазир, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Бино ба ин манбаъ, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, прокурори генералӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, молия, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, раисони кумитаҳои ҳифзи муҳити зист ва рушди сайёҳӣ, раиси вилояти Хатлон, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон бори охир соли 2013 ба манзури иштирок дар маросими адои савганди президенти вақти Эрон Ҳасан Рӯшонӣ ба Эрон сафар карда буд.

Иброҳим Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон моҳи сентябри соли 2021 дар ҳошияи нишасти Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод ва зимни он сафар Эмомалӣ Раҳмонро низ барои боздиди ҷавобӣ ба Эрон  даъват кард. Форснюс ёдовар шудааст, ки маҳз дар нишасти Душанбе баъди чандин соли довталабӣ номзадии Эрон билохира барои узвияти комилҳуқуқ дар Созмони Шанхай пазируфта шуд.

Равобити Тоҷикистону Эрон дар солҳои охир як марҳалаи пуртанишеро паси сар мекунад.

Душанбе Эронро ба пуштибонӣ аз мухолифини исломии худ, бахусус ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) айбдор мекунад ва ба ин далел, ба зидди ширкатҳо ва маҳсулоти эронӣ як силсила таҳримот ҷорӣ карда, чандин сол ба унвони яке аз кишварҳои асосгузор ҳатто монеи ба узвияти Созмони Шанхай пазируфтани номзадии Эрон шуда буд.

Эрон ба навбати худ, Тоҷикистонро ба пинҳон кардани беш аз 2 миллиард доллар пули аз ҳисоби фурӯши нафти Эрон бадастовардаи миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ айбдор мекунад. Занҷонӣ, ки дар Эрон бо ҷурми фасод ба қатл маҳкум шудааст, дар додгоҳ мегуфт, ин пулҳоро дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст. Душанбе инро рад мекунад.

Дар ин авохир равобити Душанбеву Теҳрон баъди чанд соли “ҷанги сард”  як каме рӯ ба гармшавӣ овард, ки як намунааш сафари соли гузаштаи президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон буд.

Ҳамин тавр, дар моҳи майи соли 2022 зимни боздиди раиси ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Эрон аз Душанбе, нахустин корхонаи муштараки низомии Тоҷикистону Эрон ба кор андохта шуд, ки паҳпод (дрон), ё худ ҳавопаймоҳои бесарнишини “Абобил” тавлид мекунад.

Бовар меравад, ки дигарбора дар Афғонистон ба қудрат расидани ҳаракати тундрави Толибон ва дар он кишвар сар баровардани хатари гуруҳи боз ҳам тундравтари ДОИШ Душанбе ва Теҳронро ба бозбинии равобити то кунун сардашон водор кардааст.

Эрон дар баробари Русияву Ҳинд аз сармоягузорони умдаи Эътилофи шимол ба раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд буд, ки дар нимаи дуюми солҳои 90 ва ибтидои асри 21 ба зидди режими қаблии Толибон меҷангид. Кумакҳои онҳо ба Эътилофи шимол асосан аз тариқи қаламрави Тоҷикистон, ки аз ҳаводорони ошкори Аҳмадшоҳи Масъуд буд, расонда мешуд.

Ҳоло Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд ба сурати ошкоро пуштибонӣ мекунад ва талош дорад, то муттаҳидони собиқи Аҳмадшоҳ, аз ҷумла Эронро ба ҳимоят аз писари ӯ моил кунад.

Эрон дар оғоз аз Толибон ба маҳзи ин ки эътилофи таҳти раҳбарии Амрикоро водор ба тарки Афғонистон карданд, истиқбол мекард, вале баъдан ба як идда аз мухолифони ин ҳаракат, аз ҷумла ба волии собиқи Ҳирот Исмоилхон ва хонаводаи Аҳмадшоҳи Масъуд паноҳ дод ва Аҳмади Масъуд низ бо баҳонаи аёдати хонаводааш ба сурати мунтазам ба Эрон равуо дорад.

Аммо ҳанӯз рӯшан нест, ки оё Эрон мисли солҳои 90 бо сароҳат дар пушти эътилофи зидди Толибон қад баланд хоҳад кард ё на?

Соли 1997, барои онки барои интиқоли кумакҳо ба Аҳмадшоҳи Масъуд халале эҷод нашавад, Русияву Эрон ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷикро ба имзои созишномаи сулҳ водор карда буданд.

Ин дафъа равобити Душанбеву Теҳрон дар ҳоле рӯ ба гармшавӣ оварда истодааст, ки фаъолияти ҲНИТ, як нирӯи умдаи рӯ ба Эрон дар Тоҷикистон инак 7 сол боз мамнӯъ шудаву даҳҳо нафар аз тарафдорони ин ҳизб ва ҳамин тавр, шумори зиёде аз хатмкардагони мактабҳои Эрон дар Тоҷикистон бо ҷурмҳое, чун “ҷосусӣ” ба нафъи Эрон ва таблиғи мазҳаби шиъа зиндонӣ шудаанд.

Ва ин ҳам ҳанӯз рӯшан нест, ки оё гармшавии муносибатҳои Душанбе бо Теҳрон ҷавви ҳоким бар фазои сиёсии Тоҷикистон нисбат ба ҲНИТ ва хатмкардагони мактабу мадрасаҳои Эронро, ки то имрӯз ошкоро хусуматомезу душманона буд, иваз хоҳад кард ё хайр?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button