Хабарҳои кӯтоҳ

РАФЪИ ХАТАРИ ЧАППА ШУДАНИ ЯК ЧИНОРИ БУЗУРГ ДАР ДУШАНБЕ

Рӯзи  26- майи соли 2022, соати 09:25, мудири Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба навбатдори Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе хабар дод‚ ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ,хиёбони  Рўдакӣ, дар назди бинои №145 як дарахти чинор дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

Баъди дарёфти хабар Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат соати 09:30 ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуда,  баъди чоруним соати талошҳо, соати 15:08 ҳолати баамаломадаро бартараф  кардаанд. Ҳодиса талафоти ҷониву хисорати дигар надошт. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button