ВидеоМуҳоҷирон

ДАРЁФТИ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ БОЗ ОСОНТАР МЕШАВАД. БА ВИЖА БАРОИ МУТАХАССИСОНИ БОИСТЕЪДОД

Леонид Калашников, раиси кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба масоили СНГ, АвроОсиё ва робитаҳо бо ҳамватанон хабар дод, ки тартиби гирифтани шаҳрвандии Русия барои боз чанд гуруҳи шаҳрвандони хориҷӣ осонтар карда шуда, барномаи “Переселение” низ тағйир меёбад.

Қарор аст, Думаи давлатӣ қонунҳои навро дар ин бобат тирамоҳи соли ҷорӣ қабул кунад.

Дар барномаи “Переселение” аз ин ба баъд ба довталабони кӯчидан ба Русия иҷозат дода хоҳад шуд, то минтақаеро, ки мехоҳанд ба он ҷо бикӯчанд, худашон интихоб кунанд. То кунун ба кадом минтақа кӯчондани довталабонро мақомоти Русия муқаррар мекарданд.

Ҳамин тавр, ба барномаи давлатии “Переселение” акнун 9 минтақаи дигар, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Қафқози шимолӣ (Доғистон, Чеченистон, Ингушистон, Осетияи шимолӣ – Алания, Қарачаю Черкес, Кабардаю Балқар, Адигея), ҳамчунин Қалмиқистон ва Коми ҳамроҳ карда мешаванд.

Калашников гуфт, ҳамин тавр, донишҷӯёни хориҷие, ки донишгоҳҳои Русияро бо баҳои хубу аъло  хатм мекунанд, бар асоси тавсияи донишгоҳҳояшон метавонанд тақрибан ба сурати автоматӣ соҳиби шаҳрвандии Русия шаванд. Барои ин бояд ба се қонуни федералӣ тирамоҳи соли ҷорӣ тағйирот ворид карда шавад. Бар асоси яке аз онҳо, донишҷӯёни хориҷии аълохони Донишгоҳи давлатии Маскав ва донишгоҳи давлатии Санкт Петербург, ҳамчунин донишгоҳҳои федералӣ метавонанд барои анҷоми таҳсил барои дарёфти шаҳрвандӣ ариза бидиҳанд ва бидуни мушкил соҳиби шаҳрвандии Русия шаванд.

Як ҳадафи ин тасмим агар ҷалби мутахассисони боистеъдод ба Русия бошад, ҳадафи дигар ҳалли буҳрони коҳиши аҳолӣ дар ин кишвар аст.

Леонид Калашников гуфт: “Ба ҳама вазъи демографӣ дар кишвар маълум аст. Ва тавре президент Владимир Путин таъкид кард, ин вазъро ба сӯи беҳбуд метавон аз ҷумла аз ҳисоби баргардондани ҳамватанон иваз кард. Аз ин рӯ, мо тарҳи фармони президент дар бораи ворид кардани тағйирот ба қонунҳоеро таҳия кардем, ки кӯчондани оилаҳои серфарзандро дар авлавият қарор медиҳанд”.

Танҳо дар соли 2021 беш аз 103 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шуданд. Яъне ба ҳисоби миёна ҳар рӯз қариб 300 нафар шаҳрвандии Тоҷикистонро ба шаҳрвандии русӣ иваз мекунанд Бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, шумораи тоҷикҳое, ки шаҳрванди Русия шудаанд, аз як миллион нафар гузаштааст  ва ин раванд ҳамчунон беист идома дорад.

Ҷомиашиносон мегӯянд, Русия мутахассисони кордон, бахусус табибону муҳандисонро  бо ваъдаи шароиту маоши беҳтар гулчин карда мебарад ва ин боиси камбуди шадиди кадрҳо дар кишварҳое, ба мисли Тоҷикистон мешавад.

Калашников гуфт, қонунҳои муҳоҷирати Русия низ такмил дода мешаванд. Ӯ таҷрибаи ташкили муҳоҷирати муташаккилонаро, ки дар Ӯзбекистон озмоиш шуд, мисол овард ва гуфт, “мо пешнизод кардем, то ин таҷрибаро дар дигар кишварҳои СНГ низ ба роҳ андозанд. Ҳоло Қирғизистон ва  Тоҷикистон дар навбат истодаанд”.

Ин таҷриба имкон медиҳад, ки муҳоҷирони корӣ тамоми асноди лозим барои оғози фаъолият дар Русияро дар ватани худ таҳия карда, баъди сафар ба Русия дар он ҷо вақти худро барои давутоз барои патенту санади тиббӣ ё санади донистани забону фарҳанги Русия сарф накунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button