ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

ЭЙ ВАҚТИ ТУ ХУШ, КИ ВАҚТИ МО ХУШ КАРДӢ! ПУЛИ ҶАРРОҲИИ ШАБНАМ ҶАМЪ ШУД! (ВИДЕО)

Сарвиноз Сафарова, раҳбари созмони хайрияи “Баҳори Кӯдакон”, ки рӯзи 22 май маъракаеро барои ҷамъоварии 20 ҳазор сомонӣ пули лозим барои ҷарроҳии гурдаи Шабнамҷони 31-сола  оғоз карда буд, шоми 26 май дар як видеои дигар эълон кард, ки пули лозим барои ҷарроҳии ин модари ҷавони соҳиби 3 фарзанди ноболиғ, ки аз бемории гурда ранҷ мекашад,  ҷамъ омадааст ва бо ҳамин маърака ба поён расид.

Сарвиноз Сафарова дар ҳуҷраи бемористони “Истиқлол” 20 ҳазор пули нақдро ба дасти модари Шабнамҷон супурд. Модари Шабнамҷон ашк дар чашм ба ҳамаи мардуми дастбахайру эҳсонкор изҳори сипос кард ва гуфт: “Худованд аз Шумо розӣ бошад, ки дар ин рӯзи сахт моро танҳо нагузоштед ва сабаби наҷоти саломатии фарзандам шудед!”

Сарвиноз Сафарова низ гуфт: “Дуруди мо нисори шумо бод, азизони дил! Воқеан ҳам ин рӯзҳо дар Тоҷикистони мо нафарони хайрхоҳ хеле ҳам зиёданд, ки ба нафарони ниёзманд ёрии хешро мерасонанд. Аз зумраи нафарони хайрхоҳ якеаш бародарамон Дамирчон аст, ки пайваста нисбати муҳтоҷон ва дармондагон бетараф нест. Имрӯз хурсандии модари Шабнамҷон ҳадду ҳудуд надорад. Ва бо ифтихор ба ҳамаи нафароне, ки дар ин маъракаи хайрия саҳми арзанда гузоштанд ва ба онҳое, ки барои ин ҳама кори хайр восита шуданд, миннатдории худро мерасонад. Худои меҳрубон тамоми хайрҳои Шуморо ба даргоҳаш қабул намояд. Омин!”

Сомонаи “Бомдод” ҳам, ки эълони ин маъракаи хайрияро нашр карда буд, ба тамоми мардуме, ки ба ин хонаводаи дар воқеъ ниёзманд дасти ёрии худро дареғ надоштанд, изҳори сипос мекунад.

Эй вақти ту хуш, ки вақти мо хуш кардӣ!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button