ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

5 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: КАМАЗ ДАР ПОЙТАХТ ПИЁДАГАРД ВА ЧАРОҒАКИ РОҲРО ПАХШ КАРД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 23-юми майи соли 2022, тахминан соати 17:10, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “КАМАЗ”, Ғуломшои Абдулаҳад, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Ҷ.Расулов ба самти кӯчаи Р.Набиеви пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Ғафоров Ғаффор, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Айниро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Ғаффоров Ғ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

РВКД Душанбе бо нашри чанд акс аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки ронанда пиёдагарди солхӯрдаро дар роҳи пиёдагард пахш карда,  ҳамчунин сутуни чароғаки роҳнаморо низ зада, корношоям кардааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар шумурда мешаванд. Танҳо  дар ҳафтаи гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон дар дастикам 9 садама 12 нафар  ҷон бохтаанд.

Бино ба омори расмӣ, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Субҳи 21 май бар асари аз баландии 40 метр ба Фондарё чаппа шудани як мошини “Опел” ду хонандаи синфи 11 аз деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ Аминов Аҳрор ва Одинаев Қаландар ба ҳалокат расиданд. Ҷустуҷӯи ҷасадҳои онҳо то ҳол натиҷа надодааст. Аҳрору Қаландар мебоист имсол мактаби миёнаро хатм мекарданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button