ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ СЕ НАФАР ДАР ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ДУШАНБЕ ВА ДЕҲБАЛАНДИ ПАНҶ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 19 майи соли 2022 дар роҳҳои ҷумҳурӣ боз ду садамаи марговар рӯй дода, боиси марги 3 нафар шудааст. Аз аввали ҳафтаи ҷорӣ ВКД алакай дар бораи ҳалокати 7 нафар дар 6 садамаи марговар дар роҳҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба ин манбаъ, 19-уми майи соли 2022, тахминан соати 12:15, ронандаи мошини тамғаи «Тойота-Витс», Қобилов Далер Маҳмадаминович, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Шамсӣ ба самти кӯчаи Раҳимӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Қумриев Абдулҳамид Холиқович, соли таваллудаш 1944, сокини пойтахтро пахш намудааст. Дар натиҷа, пирамарди 78-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, шаби 19-уми майи соли 2022, тахминан соати 00:30, ронандаи мототсикл Менгёров Юлдош Сотиболдиевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Деҳбаланд аз уҳдаи идораи мототсикл набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада ба мототсикли дигар таҳти идораи Шарипов Яқуб Муҳаммадович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, Шарипов Я.М. ва мусофираш Ҷаборов Бегмат Ҳасанович, соли таваллудаш 1986, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Менгёров Ю.С. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

ВКД қаблан хабар дод, ки 18-уми майи соли 2022, тахминан соати 05:15, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Ҳамдамов Аббосҷон Акбарович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Истаравшан, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти сари роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Ҳамдамов А.А ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофирони автомашинаи мазкур: Пулотов Шариф Аслонович, соли таваллудаш 2003 ва Фузайлов Ҷовид Ҷамшедович, соли таваллудаш 2002, сокинони ҳамон ҷо ва Одинаева Бунафша Сафаралиевна, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, двр беморхона бистарӣ гардидаанд.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар шумурда мешаванд. Бино ба омори расмӣ, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Вақтҳои охир истифодаи телефонҳои мобил ва дигар васоили электронӣ ҳангоми рондани мошин ба як омили дигари садамазо табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button