ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ МАРДИ СОЛХӮРДА ДАР ВАҲДАТ БАРОИ ДУЗДИИ ДУ САР ЧОРВОИ КАЛОН

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 55-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 19-уми апрели соли 2022, тахминан соати 14:00, шахси номаълум аз ҷарогоҳи назди деҳааш 2 сар чорвои калони шохдорро дузида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 16 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативи-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 52-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button