ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

МИТИНГИ НАВ ДАР ХОРУҒ. ПРОКУРОР БОҚИРРО БА ТЕРРОРИЗМ АЙБДОР КАРД (ВИДЕО)

Нимаи дуюми рӯзи 14 май, тахминан соати 16, дар маҳаллаи Бархоруғ (Хоруғи Боло) гирдиҳамоӣ ё “сход” доир шудааст, ки дар он даҳҳо сокинони Хоруғ ва ноҳияҳои дигари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок кардаанд. Манобеи наздик ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, дар ин гирдиҳамоӣ ҳудуди 200 нафар иштирок кардаанд. Сокинони шумораи иштирокчиёни “сход” дар Бархоруғро ба маротиб бештар рақам мезананд.

Бино ба иттилои дарёфтии манобеи  пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз шаҳри Хоруғ, иштирокчиён дар ин гирдиҳамоӣ масъалаи истеъфои раиси вилояти Бадахшон Алишер Мирзонабот, раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода, раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъаевро дар миён гузоштаанд.  Гуфта мешавад, иштирокчиён дар умум ба мақомот 12 талаб гузоштаанд, ки дар баробари истеъфои роҳбарони вилоят ҳамчунин талабҳое, чун ба ҷавобгарӣ кашондани қотилони Гулбуддин Зиёбеков ва дигар сокинони Бадахшон дар моҳи ноябри соли 2021, аз ҳабс озод кардани Амриддин Аловатшоев, Чоршанбе Чоршанбиев, Манучеҳр Шеров ва дигар афроде, ки баъди ҳодисаҳои моҳи ноябр боздошт шудаанд, бардоштани ҳамаи блокпостҳо аз Хоруғ ва қатъи таъқиби сокинони вилоятро дар бар мегирад.

Гирдиҳамомадагон гуфтаанд, ки агар талабҳои онҳо нодида гирифта шавад, дигарбора ба намоиши эътирозӣ даст хоҳанд зад.

Парвиз Орифзода, прокурори вилояти Бадахшон шоми 15 май дар як изҳороти шадидуллаҳн, ки тавассути ТВ “Бадахшон” нашр шуд, гуфт, гирдиҳамоии, ба гуфтаи ӯ, ғайриқонқунии рӯзи 14 майро лидери ғайрирасмии Бархоруғ Мамадбоқир Мамадбоқиров (Боқир) тибқи маслиҳат бо раҳбарони оппозитсия Муҳиддин Кабирӣ ва Алим Шерзамонов ва бо мақсади ба ҳам задани амнияти кишвар ташкил кардааст. Орифзода гуфт, ин амали ӯ бар асоси моддаи 179 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҳамчун терроризм арёзбӣ шуда ва ҳамчун терроризм ба он вокуниш хоҳад шуд. Парвиз Орифзода ҳушдор дод, ки моддаи 179 барои терроризм ҳамчун ҷазо аз 5 соли зиндон то ҳабси якумриро пешбинӣ мекунад.

Прокурори вилоят гуфт, дар сурати дигарбора ба гирдиҳамоӣ даст задани Боқиру тарафдоронаш мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба он ҳамчун ба амали террористӣ вокуниши шадид нишон хоҳанд дод. Ӯ аз сокинони Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он талаб кард, ки нисбат ба тақдири фарзандони худ бетараф набошанд ва онҳоро нагузоранд, ки гумроҳ шуда, ба иқдомҳои эътирозии Боқир ва дигар “саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ” ҳамроҳ шаванд.

Авзоъ дар Бадахшон рӯзҳои охир дар пайи эълони паиҳами ҳукми зиндони чанд сокинони ин вилоят дигарбора рӯ ба вахомат овард. Аз ҷумла рӯзи 29 апрел Амриддин Аловатшоев, яке аз лидерҳои ғайрирасмии ин минтақа ба 18 соли зиндон ва рӯзи 13 май варзишгари шинохтаи зодаи Бадахшон Чоршанбе Чоршанбиев ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуданд. Чоршанбиев ба далели як суханрониаш ба тарафдорӣ аз эътирозҳои моҳи ноябр маҳкум шуд ва Аловатшоев асосан барои ташкили эътирози зодагони Бадахшон дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар таърихи 25 ноябри соли 2021.

Сокинони Бадахшон мегӯянд, бо онки баъди эътирозҳои моҳи ноябр даҳҳо сокини ин минтақаро зиндонӣ карданд, мақомот бар хилофи ваъдаи худ то ҳол ягон нафарро бо гумони даст доштан дар қатли Гулбиддин Зиёбеков, ки сабаби он эътирозҳо шуд, боздошт накардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button