ВидеоКоррупсия

КОТИБИ КУМИТАИ ЗАМИНИ НОҲИЯИ Б.ҒАФУРОВ БА ГИРИФТАНИ ПОРА АЙБДОР МЕШАВАД

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 16 майи соли 2022 хабар дод, ки парвандаи ҷиноятии  Маҷидов Ҳасан, котиби Кумитаи идораи замини ноҳияи Б.Ғафуровро дар пайи анҷом тафтиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ супурдааст. Маҷидов бар асоси қисми сеюми моддаи 247 ба қаллобӣ бо сӯиистифода аз мақоми хидматӣ айбдор мешавад.

Назари худи айбдоршаванда ва вакили ӯ дастрас нест, вале бино ба иттилои Агентӣ, “Маҷидов Ҳасан Достиевич дар вазифаи котиби Кумитаи идораи замини ноҳияи Б.Ғафуров кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо мақсади тасарруф кардани молу мулки ғайр ва сӯиистифодаи боварӣ дар хусуси мусоидат намудан ҷиҳати омода кардани санади интихоби қитъаи замин барои сохтмони маркази хизматрасонӣ ва минбаъд ҷудо карда додани он аз шаҳрванд “А” дар се ҳолат маблағи 12 700 сомониро талаб карда гирифта, дар натиҷа ба “А” зарари ҷиддии моддӣ расонид”.

Тафсилоти дигари парванда оварда нашудааст.

Ба Маҷидов Ҳасан бар асоси қисми сеюми моддаи 247 ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда = 64 сомонӣ), ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 8сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он таҳдид мекунад. Вале таҷрибаи судӣ  дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мансабдорони барои заминфурӯшӣ ба даст афтода дар аксари мавридҳо бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Фурӯши қитъаҳои замин барои сохтани хонаи истиқоматӣ ваё иншооти тиҷоратӣ  дар Тоҷикистон ба яке аз риштаҳои аз ҳама фасодзада табдил ёфтааст. Тақрибан ҳафтае нест, ки дар бораи боздошти ягон заминсоз ё корманди ҷамоат бо иттиҳоми гирифтани пора дар ивази ваъдаи ҷудо карда додани қитъаи замин хабарҳо ба даст нарасанд.

Аз ҷумла Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон  рӯзи 11 майи соли 2022 хабар дод, ки парвандаи  Ҳабибуллоев Аловиддин, раиси ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Аштро ба додгоҳ супурдааст.

Маркази матбуоти Агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Ҳабибуллоев Аловиддин Нуралиевич, дар вазифаи раиси ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт кор карда, дар давоми фаъолияташ дар ҳолати зерин ҷинояти қаллобиро содир намуд: Чунончӣ, номбурда бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, бо истифода аз ваколати мансабӣ барои ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,08 гектар (8 сотих) аз шаҳрванд “А” маблағи 10.000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 5000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда маблағи 5000 сомониашро талаб намудааст. Дар натиҷаи андешидани чораҳои  оперативӣ-тафтишотӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ Ҳабибуллоев А.Н. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 4000 сомонӣ дастгир карда шуд”.

  Дар робита ба ҳолати мазкур нисбати Ҳабибуллоев А.Н. бар моддаи 247, қисми 2, бандҳои “в” ва “г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ, ки боиси расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд шудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Ба раиси ҳамакнун собиқи ҷамоати Шайдон ҷарима ё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button