ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

СОКИНИ ҚИРҒИЗИСТОН МОШИНИ КАМАЗРО ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН ПАРТОФТА ГУРЕХТ (4 АКС)

Марзбонони тоҷик як мошини боркаши тамғаи КАМАЗ, мутааллиқ ба як шаҳрванди Қирғизистонро дастгир кардаанд. Худи ронанда мошинашро партофта, фирор кардааст.

Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки рӯзи 30 апрели соли 2022  Қӯшунҳои сарҳаддии Тоҷ икистон дар марзи деҳаи Хоҷаи Аъло дар канори Исфара як мошини боркаши тамғаи КАМАЗро манъ кардаанд.

Ронандаи ин мошин, ки тавре маълум шуд, сокини ноҳияи Бодканд К.А.А. будааст, мошинро партофта, ба самти марзи Қирғизистон фирор кардааст.

Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 378 Кодекси ҷиноятии Қирғизистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Марзбонони тоҷик мошини боздоштшударо ба ҷониби Қирғизистон баргардондаанд ва ҳоло он дар қаламрави ин кишвар дар ҳудуди воҳиди марзбонии Ӯртабуз қарор доштааст.

Қирғизистон аз 20 майи соли 2021 равуои шаҳрвандон ва интиқоли мол тавассути марзҳояш бо Тоҷикистонро мамнӯъ кардааст. Вале бо ин вуҷуд ҳар сари чанд вақт дар бораи боздошти шаҳрвандони ду кишвар бо иттиҳоми қочоқи молу маҳсулот гузоришҳо ба даст мерасанд.

Дар солҳои охир дар пасманзари муноқишаҳои хунини марзие, ки танҳо дар як соли охир аз ҳарду тараф ҳудуди 60 кушта ва наздики 270 захмӣ ба ҷо гузошт, равобити Душанбе ва Бишкек хеле бад шуд. Бад шудани муносибатҳо афзоиши бакарати мавридҳои боздошти шаҳрвандони ин ду кишварро бо иттиҳомоти сарҳадшиканию қочоқ ва ҳатто ҷосусӣ дар пай дошт. Ҳамин тавр, мақомоти ду кишвар даҳҳо нафарро бо иттиҳоми иштирок дар муноқишаҳои хунини марзӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд.

Раиси додгоҳи вилояти Суғд Бахтиёр Оқилзода моҳи феврали соли 2022 дар нишасти хабариаш гуфт, дар соли 2021 дар Тоҷикистон 39 шаҳрванди Қирғизистонро бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дастгир ва маҳкум ба зиндон кардаанд.

Хадамоти матбуоти вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ахиран хабар дод, ки рӯзҳои 6 ва 7 майи соли 2022 кормандони сафорати ин кишвар дар Душанбе шаҳрвандони қирғизеро, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд, аёдат кардаанд. Бино ба ин манбаъ, дипломатҳо бо 4 маҳбуси қирғиз дар маҳбаси №1 дар шаҳри Ваҳдат, маҳбаси №4 дар шаҳри Душанбе ва маҳбаси №6 дар ноҳияи Ёвон вохӯрдаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button