АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

АМРИКО БА ТОҶИКИСТОН БА МАБЛАҒИ 20 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ҲАВОПАЙМОҲОИ БЕСАРНИШИНИ “ПУМА” МЕДИҲАД

Сафири Амрико дар  Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм рӯзи 10 май дар як нишасти хабарӣ бахшида ба 30 соли истиқрори равобити дипломатии Амрикову Тоҷикистон хабар дод, ки Амрико ба Тоҷикистон барои назорати марзҳояш ба маблағи 20 миллион доллар ҳавопаймоҳои бесарнишин (дрон ё паҳпод)-и навъи “Пума” медиҳад.

Поммершайм гуфт, ин дронҳо бахше аз 60 миллион доллар кумакҳоест, ки Амрико барои соҳаи амнияти Тоҷикистон дар ду соли оянда ваъда додааст.  Қарор аст, ҳавопаймоҳои бесарнишини “Пума”  асосан барои ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон истифода шавад. Тоҷикистон бо Афғонистон 1425 километр марзи мустақим аст, ки қад-қади дарёи Панҷ (Амӯдарё) тӯл кашидааст.

Ҷон Марк Поммершайм дар нишасти хабариаш ҳамзамон сарусадоҳо дар бораи эҳтимоли таъсиси пойгоҳи ҳарбии Амрико дар қамларави Тоҷикистонро рад кард ва гуфт, Амрико танҳо рӯи тақвияти иқтидори нирӯҳои амниятии Тоҷикистон дар амри ҳифозати марз бо Афғонистон тамаркуз мекунад ва ба ин хотир ба ин кишвар дронҳои “Пума” ва таслиҳоти дигар медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки дар пешорӯи хуруҷи нирӯҳои  эътилофи таҳти роҳбарии Амрико аз Афғонистон дар соли 2021 дар расонаҳо гузоришҳое нашр шуда буд, ки Вашингтон талош дорад, то дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо мақсади расидагии сареъ ба таҳаввулоти он кишвар теъдоде аз нирӯҳо ва таслиҳоту ҳавопаймоҳои худро ҷобаҷо кунад. Вале он вақт ҳам гуфта мешуд, ки Амрико натавонистааст розигии ягон кишвари Осиёи Марказиро дар ин бобат ба даст биорад.

Кишварҳои ин минтақа, қарори маълум, аз ҷониби Маскав қаламрави таҳти нуфузи он шумурда мешаванд ва вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ахиран ҳама гуна кӯшиши Амрико барои таъсиси пойгоҳҳои ҳарбиаш дар ин минтақаро убури хатти сурх номид ва гуфт, Маскав чунин кореро ба ҳеҷ сурат таҳаммул нахоҳад кард.

Ахиран дар парлумони Қирғизистон гуфтанд, ки Тоҷикистон аз Туркия ҳавопаймоҳои бесарнишини навъи “Байрақдор” харидааст.  Кафили вазорати хориҷаи Қирғизистон гуфт, ки Бишкек аз Туркия хостааст, то ки то замони ҳалли мушкилоти марзии байни ин кишвар ва Тоҷикистон ба Душанбе ҳавопаймои бесарнишин нафурӯшад, вале дар Туркия инро рад карда, гуфтаанд, ки ин тиҷорат аст. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баъдан изҳор дошт, ки Тоҷикистон то ҳол аз Туркия ягон дрон нагирифтааст. Мақомоти Тоҷикистон то кунун ин масъаларо шарҳ надодаанд, вале дар расонаҳо акси вазири мудофиаи Тоҷикистон ҳамроҳи мудири ширкати туркие, ки як маҳсулоти асосии содиротиаш ҳамон ҳавопаймоҳои бесарнишини тамғаи “Байрақдор” аст, нашр шуд.

Сафорати Амрико мегӯяд, аз соли 1992 то ин ҷониб, Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон барои таъмини амният ба маблағи беш аз 330 миллион доллар кумак расондааст. Ҷамъи умумии ёриҳои Амрико ба Тоҷикистон дар 30 сол беш аз 1,8 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Вале мунтақидон мегӯянд, сармоягузориҳои Амрико ба иқтисоди Тоҷикистон хеле заиф боқӣ мемонад ва ҳамин тавр, дар ҳоле ки Вашингтон ба ниҳодҳои амниятии ҳукумати худкомаи Тоҷикистон ба маблағи садҳо миллион доллар ёриҳои бебаркаш мерасонад, ҳаҷми кумакҳояш барои рушди ниҳодҳои демократӣ ва барномаҳои марбут ба ҳимоят аз ҳуқуқи инсон, озодии матбуот ва дигар ҳуқуқи озодиҳои мардум ба таври ғайримутаносиб ба маротиб камтар аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button