Хабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОР: АЗ 10 ТО 16 МАЙ ҲАВО ДАР ТОҶИКИСТОН ПУРБОРОН ХОҲАД ШУД (ВИДЕО)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, дастикам то поёни ҳафтаи рафон, яъне аз 10 то 16-уми моҳи майи соли 2022 дар қаламрави ҷумҳурӣ обу ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Боронҳои пуршиддат, шамоли сахт, жола, раъду барқ метавонанд як муддати ба зиндагии сокинон мушкилиҳо оваранд.

Бар асари ҳавои номусоид дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва навоҳии ғарбии ВМКБ сатҳи об дар рӯдхонаҳо метавонад якбора боло шавад, хатари селҳои харобкор, лағзиши тарма, ярч, резиши санг вуҷуд дорад.

Дар ин иртибот Кумита ба такрор аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, чораҳои бехатарӣ андешанд ва муваққатан аз рафтан барои ҷамъоварии ҳезуму алафҳои дорувор (чукрию рошаку сиёҳалаф), занбурӯғ (хоч), чорвочаронӣ, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.

“Ҳавои номусоид корро дар чарогоҳҳо низ мушкил мекунад ва дар ин рӯзҳо хеле бояд эҳтиёткор буд. Хуб мешуд чорвои хонагиро як муддат ба саҳро набаред”, гуфта мешавад дар иттилоия.

Кумита тавсия медиҳад, ки ҳангоми раъду барқ аз зери симчӯбҳо ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ дур бошед, хуб мешуд дар ин лаҳзаҳо аз телефон ва таҷҳизоти барқӣ истифода накунед.

“Ронандагони мошинҳо ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд, ҳавои боронӣ мушкили дид дорад ва хуб мешуд суръати ҳаракатро боло набаранд ва масофаро риоя кунанд. Ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ шабона барои ронандагоне, ки мошинҳои сияҳшиша доранд, низ маслиҳат нест”, мегӯяд Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳушдораш.

Кумита чун ҳамеша аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, қабл аз оғози боронҳо ҷӯйборҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо, сангу рег тоза кунанд. Бояд ҳамеша телефонҳои шумо омода бошанд, то дар сурати пеш омадани ягон ҳолати фавқулода тавонед бе мамониат занг занед.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button