ВидеоТаърихЧеҳраҳо

ТАЪРИХИ ҚАТЛИ ВАҲШИЁНАИ НУРАЛӢ, ЯКЕ АЗ ЛИДЕРҲОИ ХУШНОМИ ВОДИИ ҲИСОР (ВИДЕО)

Санаи 27 апрели соли 1994 дар таърихи Ҳисор бо рангҳои сиёҳ ҳаккокӣ  шудааст. Ҳисор дар ин рӯз яке аз хушномтарин фарзандонаш – Нуралӣ Раҳимов, маъруф ба Нураличаро аз даст дод. Нуралӣ дар воқеъ яке аз лидерҳои эътирофшудаи ин минтақа дар солҳои 80 ва нимаи аввали солҳои 90  ва аз сарватмандтарин нафарон дар водии Ҳисор ва саросари ҷумҳурӣ дониста мешуд. Худованд тамоми ҷузъу кулли лозим барои лидериро барои Нуралӣ ато карда буд: ҳам тану тӯши паҳлавонӣ дошт, ҳам пулу сарвати беҳисоб ва ҳам чеҳраи ҳамеша кушодаву пур аз ханда ва ҳам дасти хайр.

НУРАЛӢ КӢ БУД?

Нуралӣ Раҳимов, писари Қурбоналии мулаққаб ба “Сайёҳ” аз деҳаи Лолагӣ, 11 августи соли 1953 ба дунё омада, техникуми савдои шаҳри Душанберо хатм кардааст. Нуралӣ аз хурдӣ машқи гуштин мекард ва дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва СССР аз гуштини самбо ҳунарнамоӣ карда, аз шогирдони қаҳрамони самбои ҷаҳон Саидмӯмин Раҳимов ба шумор мерафт. Нуралӣ ҳамчунин дар мусобиқаҳои гуштини миллӣ ва човандозӣ дар Тоҷикистону Ӯзбекистон низ зиёд ба майдон мебаромад ва яке аз паҳлавонҳои матраҳи водии Ҳисор ба шумор мерафт.

Қурбоналии Сайёҳ, падари Нуралӣ

Нуралӣ Раҳимов солҳои зиёд дар корхонаҳои консервбарорӣ ва Шампанзаводи Шаҳринав ба ҳайси мудири анбор кор карда, бо шарофати маҳорати кордонӣ ва корчаллониаш сарвати зиёд ҷамъ овард ва алакай дар аввали солҳои 80 ба яке аз сарватмандтарин нафарон дар водии Ҳисор ва ҷумҳурӣ табдил ёфт.

 Мисли Нуралӣ, албатта, афроди сарватманд  дар Ҳисор ва ҷумҳурӣ зиёд буданд. Вале Нуралӣ бо он фарқ мекард, ки аз пушти пулу мол намедавид ва ҳарчӣ меёфт, хайр мекард. Ин аст, ки аз ӯ ба ворисонаш ба ҷои қасру кӯшку мошинҳои гаронбаҳо ё ҳисобҳои бонкии пур аз доллар ва сандуқҳои пур аз зару зевар ҳамин қиссаҳои хайру саховатҳояш ба мерос монд.

Дар он солҳо таҷаммӯи даҳҳо корафтода ва муҳтоҷ дар дари ҳавлии Нуралӣ дар деҳаи Лолагии колхози “Ленинизм” як амри маъмулӣ буд. Нуралӣ то онки ба кор биравад, кӯшиш мекард, бо ҳар яки ин корафтодаҳо алоҳида суҳбат кунад, дарди дилашонро шунавад ва ҳадалимкон ба кумаки ҳар кадом бирасад. Дар водии Ҳисор қариб нест касе, ки аз ҳиммати баланди Нуралӣ баҳра набурда бошад:  Якеро пули хонданашро додааст, якеро пули тӯяшро, дигареро аз маҳбас раҳо кардааст, он яки дигарро барои шурӯи тиҷорат дасти ёрӣ дароз кардааст…

Шоири ҳисорӣ Зубайдуллоҳ Шарифзода ҳавлу ҳоли ҳавлии Нуралиро чунин ба риштаи тасвир кашидааст:

Манзилат бошад мудом тӯйхонае,

Рӯзӣ чинад мӯру мурғон донае.

Нест ҳамсанги ту дар ҷуду сахо,

Офаринат бод, эй Марди Худо!

Нуралӣ инак 28 сол боз нест, вале то имрӯз одамоне, ки замоне аз кумаку дастгириҳои ӯ баҳра бурдаанд, дарашро мекӯбанд ваё сари мазораш рафта, бо як каф дуо ёдаш мекунанд.

Онҳоро дар дари хонаи Нуралӣ то ҳол мошини ГАЗ-31-и рангаш сиёҳи ӯ, рақамҳояш 00 03 ДБ пешвоз мегирад. Дили ворисонаш ҳеҷ нашуд, ки ин мошинро ба касе бидиҳанд. Ин ГАЗ-31, чунин ба назар меояд, ки то ҳол чашм ба роҳи соҳибаш аст, ки оё кай пушти фармонаш мешинад ва хандаи ҳамешагиаш дар лаб муҳаррики ин “Волга”-ро ба кор медарорад…

ФАРҲОД КӢ БУД?

Ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 аз ҳар ду тараф як силсила фармондеҳонеро ба мадди аввал баровард, ки то ҷанг асосан бо авбошиву айёшиву муштзӯрӣ ном бароварда буданд.

Яке аз онҳо Фарҳод аз деҳаи Чангоби дараи Алмосӣ буд.

Баъди пирӯзии Фронти халқӣ чанде аз лидерҳои Ҳисор низ ба мансабҳои баланд расиданд. Аз ҷумла Ҷамолиддин Мансуров шаҳрдори Душанбе, Ҳабиб Насруллоев раиси Тоҷикматлубот ва Бобосубҳон Мирзоев сардори милитсияи ноҳияи Ҳисор шуданд.

Ба Фарҳод ягон мансаб нарасид ва ӯ, ки саҳми худро дар пирӯзии Фронти халқӣ хеле болотар аз дигарон мешумурд, аз чунин сурати ҳол чандон розӣ набуд.

Як вақт Фарҳод бо ҷангиёнаш ҳатто ба пойтахт, шаҳри Душанбе юриш кард ва дар қисмати шарқии шаҳр (ноҳияи Фрунзе, ки ҳоло Сино ном дорад) посгоҳҳо гузошта, аз касабаи 82 ба он тарафро, то Авулу  Испечак ва Зарафшону Горбания қаламрави таҳти нуфузи худ эълон кард. Ӯро он вақт бо як олам зориву ҷигию ваъдаҳое тавонистанд ба тарки Душанбе моил кунанд, вале озурдагии Фарҳод аз тақсими ноодилонаи меваҳои пирӯзӣ дар зеҳнаш боқӣ монд.

Фарҳод баъди бозгашташ ба Ҳисор ҳама алами худро аз бемансаб монданаш аз сокинону соҳибкорони Ҳисор меситонд ва аз ҷумла аксари соҳибкоронро “доля” баст.

Фоҷиаи шаби 27 апрели соли 1994 низ аз чунин як қазияи “доля”-бандии Фарҳод сар шуд…

Мурод, ҷияни Нуралӣ

ШАБИ 27 АПРЕЛ ЧӢ ГУЗАШТ?

Ба меҳмонӣ бирафту барнаёмад,

Наход меҳмонкушӣ кори Худо шуд?

(Ҳикматулло Қудратов)

27 апрели соли 1994 Нуралӣ дар хонааш дар маркази ноҳияи Ҳисор зодрӯзи писараш Исфандиёрро таҷлил мекард, ки ногоҳ човандози номии ҳисорӣ Хурсандмурод  Ҳасанов, маъруф бо лақаби “Васил” пешаш омад.  Ӯ ба Нуралӣ хабар дод, ки Фарҳод  тоҷири бензин Маҳмадалӣ “доля”-и аз ҳад зиёд бастааст ва имшаб ӯро ба хонааш даъват кардааст. “Васил” ба Нуралӣ гуфт, “агар наравему дар байн надароем, Фарҳод чӣ нақшаи баде дорад”.

Нуралӣ софдилона гуфт, меравему ҳал мекунем ва боз бармегардему базмро инҷо давом медиҳем.

Ҳамин тавр, “Васил” бо бародараш Баҳром ва Нуралӣ бо ҷиянаш Мурод дар мошинҳои алоҳида (Нуралӣ бо ГАЗ 31, Мурод бо “Жигули”-и 07)  ба деҳаи Чангоб ба хонаи Фарҳод рафтанд.

Маълум шуд, ки он шаб зодрӯзи писари Фарҳод ҳам будааст ва ӯ ҳам одамони зиёдеро ба меҳмонӣ даъват карда будааст.

Дар хонаи Фарҳод боз гапи тиҷорати бензини Маҳмадалӣ мехезад ва Нуралӣ мехоҳад ба байн даромада, масъаларо ба хушӣ ҳал кунад.

Нуралӣ, ки дар вақти ҷанг “боевик” нашуд, балки баракс  доим талош мекард, ки мардуми бегуноҳро аз дасти “боевикҳо” халос карда, аз мурдан наҷот диҳад, ба Фарҳод мегӯяд: “Ту тавонӣ ба мардум хидмат кун, ёрдам деҳ, як ҷоро обод кун! Одамкушӣ ба касе обрӯ намеорад!”

Вале Фарҳод Аминҷон (язнaи Ёқуб Салимов, вазири вақти корҳои дохилӣ), маъруф ба Аминҷони Банкир ва Зайка (молики собиқи бозори “Ганҷина”) –ро сипар карда, ба Нуралӣ мегӯяд, “ту кордор нашав!”

Баҳси онҳо торафт тундтар мешавад ва Фарҳоду ҷангиёнаш, ки аз куштани зиёд дар даврони ҷанг хунмаст шуда буданд, ҳамаи 7 нафареро дар он хона нишаста буданд, берун бароварда, дар як гӯшаи ҳавлии Фарҳод, ки макони одамкушиҳояш будааст, мепарронанд. Аз ин байн танҳо “Васил” зинда мемонад, ки аз тарси ҷон худро мурда вонамуд мекунад.

Сипас Фарҳоду  ҷангиёнаш барои онки сир набарояд, ҳамаи мақтулонро дар як мошини УАЗик бор карда, ба тарафи дараи Шамал мебаранд. Дар роҳ, дар болои пули Чангоб ба “Васил” муяссар шуд, ки худро аз УАЗик берун партофта, фирор кунад.

Аммо Фарҳоду одамонаш мурдаҳои Нуралӣ Раҳимовро, ки ҳамагӣ 40 сол дошт,  ҷияни 27–солааш Мурод, тоҷири бензин Маҳмадалӣ Саидвоҳид, ҳамноми ӯ Маҳмадалӣ Расулов, як нафари дигар бо номи Фатҳулло ва Баҳроми додари “Васил” –ро ба тарафи дараи Шамал бурда, дар як чуқурие, ки аз пеш канда, тайёр монда будаанд, мепартоянд ва сипас ба болои мурдаҳо балонҳои низ аз пеш тайёркардаи мошинро партофта, мурдаҳоро ваҳшиёна оташ мезананд.

РӮЗИ МАҲШАР ДАР ҲИСОР

“Васил” баъди халос хӯрданаш аз мошини марг, худро қад–қади дарёи Хонақоҳ ба хонаи  раиси шаҳри Душанбе Ҷамолиддин Мансуров, ки дар деҳаи ҳамсояи бо Чангоб Қипчоқ зиндагӣ мекард, расондаааст ва ба чӣ ҷинояти мудҳише даст задани Фарҳодро хабар додааст.

Субҳи дигар ҷасадҳои сӯхтаи 7 қурбонии Фарҳодро аз Шамал пайдо карданд ва ӯро бо нафарони наздикаш дастгир карданд.

Авзоъ дар Ҳисор дар пайи қатли лидеронаш, бахусус Нуралӣ, чунон тезутунд шуда буд, ки ҳатто вазири вақти корҳои дохилӣ Ёқуб Салимов ба Ҳисор омад.

Вале касе натавонист Фарҳодро аз чанги издиҳоми хашмгин халос кунад.  Издиҳом ӯро аз дохили шуъбаи милитсия аз дасти корманди милитсия кашида гирифт ва зада–зада ба берун баровард. Фарҳол ҳарчанд зорӣ мекард, ки ба ӯ раҳм кунанд, ҳама гапро мегӯяд, вале пеши мардумро дигар чизе гирифта наметавонист. Ба гуфтаи шоҳидон, Ҳаким, мулаққаб ба “Немис”, холабачаи Мурод Бозоров аз маҳаллаи Болои Канал, хирнойи Фарҳодро аз гулӯяш канда гирифт ва худи Мурод чашмонашро кофт. Сипас Муроду Ҳаким Фарҳодро дар пеши чашми ҳама оташ заданд.

ФАРЗИЯҲО

Қатли бераҳмонаи Фарҳод дар маркази ноҳия ва дар пеши чашми мардум издиҳоми хашмгинро каме таскин дод, вале асрори ин қатли якбораи 7 лидери Ҳисорро пушти пардаи роз ва хеле аз саволҳои марбут ба фоҷиаи шаби 27 апрелро беҷавоб боқӣ гузошт.

Он вақт байни кланҳои Ҳисору Кӯлоб дар масъалаи тақсими ҳукумат танишҳое бархоста буд ва як фарзия ин буд, ки шояд аз марказ махсус лидерҳои Ҳисорро аз байн бурданд, то касе дигар даъво карда натавонад. Дар ин робита аз ҷумла Аминҷони язнаи Ёқубро сипар кардани Фарҳод ва рӯзи боздошти Фарҳод ба Ҳисор омадани Ёқубро мисол оварда, ҳадс мезаданд, ки шояд ин кори Ёқуб буд. Вале як манбаи огоҳ аз ҷараёни ҳол ба “Бомдод” гуфт, соли 1997, вақте Ёқуб дигар вазири дохила набуд, дар Хуҷанд дар ин масъала як “разбор” –и калон бо иштироки бонуфузтарин саркалонҳои олами ҷиноии Осиёи Марказӣ доир шудааст ва Ёқуб дар ин “разбор” исбот кардааст, ки дар қатли Нуралӣ на ӯ ва на язнааш Аминҷон “қӯш” нестанд.

Он шабу рӯз мегуфтанд, Фарҳод ба зодрӯзи хунини писараш дигар лидерҳои бонуфузи Ҳисор, аз ҷумла Мансуров, Насруллоев, Субҳон, Мирзои гуштингир аз Қалъа ва дигаронро ҳам даъват карда буд, вале онҳо ба кадом сабабе он шаб ба Чангоб омада натавонистаанд ва ин боис шудааст, ки аз марги ногузир наҷот ёбанд.

Аз байни он ҳама зинда мондани танҳо “Васил” низ ҳадсу гумонҳоеро ба вуҷуд оварда буд. Вале инки Баҳроми додари “Васил” ҳам он шаб кушта шуд, ин ҳадсҳоро заиф ва бепоя нишон медиҳад. Аз тарафи дигар, маҳз “Васил” буд, ки сирри он қатли омми шаби 27 апрелро рӯи об баровард. Гуфтанист, ки соли 1997 “Васил” аз ошӯби Маҳмуд Худойбердиев пуштибонӣ накард ва барои ин ба муддати чанд сол сардори шуъбаи милитсияи ноҳияи Ҳисор таъин шуда буд.

Ҳарду нафаре, ки Фарҳодро дар пеши чашми мардум куштанду оташ заданд, низ баъдан кушта шуданд ва сирри ин қазияро бо худ ба зери хок бурданд. Ҳакими “Немис” дар аввали солҳои 2000 ҳангоми боздошташ норинҷакро дар дасташ тарконд ва худро кушт. Мурод Бозоров бошад соли 2001 ба ҳукми қатл маҳкум шуд ва яке аз охирин нафароне буд, ки ҳукми қатлаш иҷро шуд.

Нуралӣ ва ҷиянаш Мурод

ОХИРИН ЁДГОРИ НУРАЛӢ

Тавре гуфтем, ба ҷои қасру кӯшку мошинҳои гаронбаҳо ё ҳисобҳои бонкии пур аз доллар ва сандуқҳои пур аз зару зевар аз Нуралӣ ба ворисонаш қиссаҳои хайру саховатҳояш ба мерос монд.

Дар дасти ворисони Нуралӣ Раҳимов ҳамчунин ёдгоре чанд аз ӯ боқӣ мондааст, ки якеаш хонаи дар вақташ сохтаи ӯ дар деҳаи Лолагист, ки имрӯз дар муқоиса бо қасрҳои сохтаи “тоҷикҳои нав” мисли як кӯлбаи фақирона менамояд, яке ҳамон мошини ГАЗ 31, ки он ҳам дигар бо ҷипҳои навтарин модели соҳибони имрӯзаи даврон қобили қиёс нест.

Яке дигар аз ёдгориҳои баҷомондаи дасти ворисони Нуралӣ  китоби “Баҳори охирин”, ки маҷмӯи хотираҳо дар бораи ӯст. Ва ҳам як видеои суханронии Нуралӣ дар тӯйи хатнаи фарзандони Мурод Бозоров, яке дигар аз лидерҳои Ҳисор. Ин тӯй 18 апрели соли 1994, ҳамагӣ 9 рӯз қабл аз қатли ваҳшиёнаи Нуралӣ доир шуда буд. Нуралӣ дар  ин базм чун ҳамеша ханда дар лаб суханронӣ дораду ҳанӯз бехабар аст, ки баъди чанд рӯз тобути ӯву ҷиянашро аз ин ҳавлӣ мебароранд…

Сураташ бехабар аст аз маргаш,

Сураташ, бин, чӣ қадар механдад…

Ҷояшон Ҷаннат бод!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button