ВидеоМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

АМРИКО БАРОИ СОҲАИ АМНИЯТИ ТОҶИКИСТОН БОЗ 60 МЛН ДОЛЛАР КУМАК ҶУДО КАРДААСТ

Муовини сафири Амрико дар Душанбе Бридҷит Уокер гуфт, Амрико дар ду соли оянда барои соҳаи амнияти Тоҷикистон беш аз 60 миллион доллар кумак ҷудо мекунад. Аз соли 1992 то ин ҷониб, Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон барои таъмини амният ба маблағи беш аз 330 миллион доллар кумак расондааст. Ҷамъи умумии кумакҳои Амрико ба Тоҷикистон дар 30 соли охир 1,8 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Санаи 5 майи соли ҷорӣ, Сафорати ИМА дар Душанбе ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашт мошини боркаши IVECO, рӯйкаши чархҳои мошин (покрышка) ва қисмҳои эҳтиётии IVECO-ро барои кӯмак ба Тоҷикистон дар ҳифзи марзҳо ироа кард. Мошинҳои боркаш ва қисмҳои эҳтиётӣ, бо арзиши умумии 2,3 миллион доллари ИМА, ба Вазорати мудофиа имкон медиҳанд, ки дар шароити вазнини релефи минтақаҳои сарҳадӣ амалиёт гузаронанд. Моҳи октябри соли 2021 Сафорати ИМА дар Душанбе ба вазорати мудофиа 20 адад Ҷип J8-ро бо арзиши 1,4 миллион доллар таҳвил намуд. Ин хайрияи нави мошинҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ ба вазорати мудофиа имконият медиҳад, ки таҷҳизотро дар тӯли солҳои зиёд дар ҳолати корӣ нигоҳ дорад.

Дар маросими супоридани таҷҳизот ва мошинҳо, муовини сардори намояндагии ИМА Бридҷит Уокер ва генерал-майор Хайриддин Ҳукмиддинзода, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ ширкат варзиданд.

Зимни суханронӣ муовини сардори намояндагии ИМА хонум Уокер қайд кард, ки «ин хайрия танҳо як мисоли кумакҳое аст, ки мо ба артиши тоҷик мерасонем ва тааҳҳуди моро барои беҳбуд бахшидан ба тавонмандии Тоҷикистон барои дифои худ аз ҷангҷӯёни мусаллаҳ ва ҷилавгирӣ аз гардиши маводи мухаддири ғайриқонунӣ нишон медиҳад.

Мошинҳо дар муқобили таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқчиёни маводи мухаддир, ҷангҷӯён ва ифротгароёни хушунатомез кумаки ҷиддӣ мекунанд. Ҳамчун далели ҳамкории қавӣ, мо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 60 миллион доллар, ҳамчун кумак ба соҳаи амният ҷудо кардем, ки он дар давоми ду соли оянда амалӣ ва расонида хоҳад шуд.” 

Аз соли 1992 то ин ҷониб, Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон барои таъмини амният ба маблағи беш аз 330 миллион доллар кумак расондааст. Ин кумак аз дарсҳои омӯзишӣ, таҷҳизот ва инфрасохтор иборат аст. Дар чаҳорчӯби ин кумакҳо Амрико ба артиши Тоҷикистон ба маблағи беш аз 13 миллион доллар 400 адад мошин ҷудо кардааст. Сафорат гуфт, “мо инчунин беш аз 10 000 нафар низомиён ва кормандони ҳифзи ҳуқуқро оид ба тактикаи муассир барои вокуниш ба таҳдидҳои террористӣ, муқовимат ба қочоқи маводи мухаддир ва гузаронидани амалиёти махсус омӯзонидем”.

Иёлоти Муттаҳида 30 сол боз бо Тоҷикистон шарикӣ дорад ва барои барномаҳои рушду кӯмак ба соҳаи амният, рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маориф, Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, ки ба ин мақсад 1,8 миллиард долларро харҷ намудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button