ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ ҶАВОҲИРОТИ ТИЛЛОӢ БА МАБЛАҒИ 30 ҲАЗОР ДОЛЛАР АЗ ЯК ХОНА ДАР ДУШАНБЕ

Марди 43-солаи сокини Душанбе ба он гумонбар  мешавад, ки 24-уми январи соли 2022, аз хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи А.Дониш, ба маблағи 30 ҳазор доллар ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
хххххххххххххх

Марди 38-солаи сокини Душанбе ба он гумонбар  мешавад, ки 14 феврал аз як сокини Душанбе бо ваъдаи аз Ӯзбекистон барояш овардани мебел 6 ҳазор доллар гирифтааст, вале то ҳол ваъдаяшро иҷро накардааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 4 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дуздии ҷавоҳирот аз хонаи иҷора

74a44dcac53dc9d507d7c9d549fbebb0

Ҳангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ -ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини шаӽри Душанбе, ӽамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 24-уми январи соли 2022, аз хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи А.Дониш, ки ба зани 45-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, бо роҳи пинҳонӣ ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 30 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Аз рўи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ҷинояти қаллобӣ

01

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 49-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 14-уми феврали соли 2022, марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 6 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон як миқдор мебел оварда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Аз рўи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button