ВидеоИқтисодКоррупсия

КОРМАНДИ АНДОЗИ ШАҲРИ ВАҲДАТ АЗ ЯК КОРАФТОДА 10 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА ГИРИФТААСТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон  аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурдани парвандаи як корманди нозироти андози шаҳри Ваҳдат шуд. Ғаффоров Ҷамшед Ҳакимович бар асоси қисми якуми моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор айбдор мешавад.

 Маркази матбуоти агентӣ рӯзи 3 май дар шарҳи ин парванда гуфт: “Шаҳрванд “А” бо ариза ба Агентӣ муроҷиат намуда хоҳиш кард, ки нисбати мутахассиси пешбари гурӯҳи хизматрасонӣ бо шахсони ҳуқуқии шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат Ғаффоров Ҷамшед Ҳакимович чораи қонунӣ андешида шавад, зеро номбурда барои қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ, ки ба доираи ваколати хизматиаш дохил мешавад, аз охирин ба сифати пора маблағи 10000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 5000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда маблағи 5000 сомониро талаб намуда истодааст. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ғаффоров Ҷ.Ҳ. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд”.

Ба корманди ҳамакнун собиқи андози шаҳри Ваҳдат барои гирифтани пора ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 3650 то 9125 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 233 600 сомонӣ то 584 ҳазор сомонӣ, ё қариб 50 ҳазор доллар) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 5 сол таҳдид мекунад.

Мақомоти андоз дар Тоҷикистон аз ҷумла фасодзадатарин ниҳодҳои давлатӣ ном бурда мешаванд. Сокинон аз тамаъҷӯии кормандони ин соҳа зиёд шикоят мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button