ВидеоДин ва боварҳоНомаҳо ба президент

ДИДОР ДАР ҚИЁМАТ, БАЧАҶОН! МУСИБАТ ДАР ОИЛАИ ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Иброҳимҷон, абераи хурдсоли президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар моҳи Рамазон вафот кардааст. Исмоили Муҳаммадзоир, набераи Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифааш дар Инстаграм  хабар дод, ки дар моҳи мубораки Рамазон фарзандаш Иброҳимҷон ба раҳмати Ҳақ пайваст.

“Ҳар мусибате, ки ба сари инсон меояд, бо амри Аллоҳи Қодиру Тавоност ва мо бояд ба ҳамаи ин шукргузор бошем. Аз ҷумла фарзанд амонат аз ҷониби Аллоҳ аст. Ба атояш шукрона мекунам ва ба гирифтанаш сабру шикебоӣ. ИншоАллоҳ, умед дорем, ки ҷигарбандам Иброҳимҷон дар рӯзи қиёмат шафоаткунандаи  мо хоҳад шуд. ДИДОР ТО ҚИЁМАТ, БАЧАҶОН!” – навиштааст Исмоили Муҳаммадзоир дар Инстаграм.

Падари ҷавони мотамзада дар бораи иллати марги ҷигарбандаш чизе нагуфтааст. Ӯ дар зери паёми хайрбодиаш ба фарзанди ғӯррамарги худ ҳамчунин видеои ҷамъе аз зоирони тоҷикро гузоштааст, ки бо дастгирии молиявии набераи президент ба Ҳаҷҷи умра рафта, ин шабу рӯз дар Макка қарор доранд.

 Ин зоирон бо изҳори сипос ба Исмоили Муҳаммадзоир барои дасти хайр ва саховатмандиаш дар чунин синни ҷавонӣ, ба ӯ барои ин мусибати сахте, ки дар ин моҳи муборак ба сараш омад, яъне марги ҷигарбандаш, изҳори таслият кардаанд.

Рӯҳонии тоҷик Қорӣ Алӣ, ки аз номи ин гуруҳи зоирон аз саҳни масҷиди Ҳарам суҳбат мекунад, аз ҷумла гуфт: “Ин зоироне, ки ба зиёрати Хонаи Худо равон кардӣ, алҳамдилуллоҳ, ҳамин ҳоло дар масҷиди Ҳарам қарор доранд, Дар  ин ивази ин некиҳову дастгириҳоят некии ин дунёву охиратро бароят хоҳонем. Ва Парвардигор дар ивази он мусибат вазнин: фироқи фарзандат сабри ҷамил ва аҷри азимро насибат бигардонад! Дар ивази Иброҳимҷон фарзандони солеҳу солимро насибат бигардонад! Илоҳо, Парвардигор дастгири рӯзи охирати Иброҳимҷон гардад! Ҳамаи ҳоҷиён дуогӯи некат ҳастанд.”

Исмоили Муҳаммадзоир 22 сол дошта, фарзанди Фирӯза Раҳмонова, духтари калонии президент, ва домоди калониаш Муҳаммадзоир (Зоир) Соҳибов мебошад. Исмоил бо иқдомҳои хайри худ ва дастгирии варзишгарону ҳунармандон ном баровардааст.

Қаблан дар бораи чандин мавриди барои табобати кӯдакони мариз пул додану барои оилаҳои муҳтоҷ хона харидани Исмоили Муҳаммадзоир хабарҳо ба даст расида буд. Ӯ соли ҷорӣ, бо шурӯи дубораи имкони зиёрати Маккаю Мадина даҳҳо нафарро аз ҳисоби худ ба Ҳаҷҷи умра фиристод. Аз ҷумла ахиран ширинкори шинохтаи тоҷик Дӯстмурод Шарипов, маъруф бо тахаллуси “Дон Жуан” низ бо дастгирии молиявии набераи президент ба Ҳаҷ рафт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button