ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОРОНУ ЖОЛАЮ ШАМОЛҲОИ САХТ ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 6 МАЙ ДАВОМ МЕКУНАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносӣ, дар қаламрави ҷумҳурӣ обу ҳавои номусоид ҳамроҳ бо боришоти шадид, жола, раъду барқ ва шамолҳои сахт дастикам то 6 майи соли 2022 боқӣ мемонад.

Дар ноҳияҳои кӯҳдоман ва кӯҳистони тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон дар ин рӯзҳо вазидани бодҳои тӯфонӣ пешбинӣ шуда, интихор меравад, ки бо дарназардошти боришоти шадид хатари селу тармафароӣ ва сангрез биафзояд. Дар рӯзҳои наздик хатари боло рафтани сатҳи оби дарёҳо, аз об пур шудани обанборҳову кӯлҳо, зери об мондани  заминҳо низ боло меравад. Вазъияти аз ҳама сахт ва хатарангез дар рӯзҳои наздик метавонад дар маҷрои дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор фурӯ мерезанд, дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯи ҷанубӣ ва дарёи Вахш, ҳамчунин дар шохобҳои дарёи Зарафшон пеш биояд.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз сокинон хоҳиш мекунад,ки дар ин рӯзҳои обу ҳавои номусоид аз ҳадди аксари эҳтиёт кор гирифта, чораҳои бехатариро қатъиян риоя кунанд.

Кумита аз аҳолӣ даъват мекунад, ки то ҳадди имкон дар ин чунин рӯзҳои борониву хатарзо аз сафар аз тариқи роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, рафтан барои ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахшу ғунучини ҳезум, ҷамъоварии занбӯруғ,  ҳамчунин аз моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.  Аз чорводорон хоста шудааст, дар интихоби чарогоҳ низ эҳтиёт кунанд.

Кумита ҳамчунин ба аҳолӣ ёдовар мешавад, ки ҷӯйборҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо пок кунанд, то об маҷрои худро дигар накунад ва вориди ҳавлиҳо нашавад.

Аз ронандагон ҳам тақозо шудааст, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бахусус суръат ва фосиларо қатъиян риоя кунанд ва ҳаддалимкон шабона бо мошин ба сафар набароянд.

Аз афроди гирифтор ба бемориҳои дил ва рагҳоти хунгард хоста шудааст, ки низ жҳтиёт кунанд ва ҳамеша бо худ доруҳои лозимашонро дошта бошанд.

Дар сурати пеш омадани ҳолатҳои фавқулодда аз ҳама хоста мешавад, ки бо рақами  112 ваё ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо ин ду рақам занг бизананд:

93 880 28 19,

(37) 223 13 11.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button