ВидеоКоррупсия

РАИСИ ДОДГОҲИ ХУҶАНД ҲАНГОМИ АМАЛИЁТИ БОЗДОШТАШ ФИРОР КАРДААСТ

Ҳомидҷон Муҳаммадзода, раиси додгоҳ (суд)-и шаҳри Хуҷанд, дар ҷараёни амалиёти ноком барои боздошташ ба таври мармуз “нопадид” шудааст. Баъзе аз манобеъ мегӯянд, “ӯ фирор кардааст”, вале маълум нест ба куҷо. Иддае дигар бовар доранд, “ӯро гурезондаанд.” Мақомот шарҳ намедиҳанд.

Як манбаъ рӯзи 29-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, амалиёт аз тарафи маъмурони Оҷонси зиддифасод дар Суғд гузаронда шуда, “маводи ҷиноят ҷамъоварӣ шудааст, вале маълум нест, парванда боз шудааст ё не.” Амалиётро рӯзи 22-юми апрели имсол гузарондаанд.

Кӯшиши тамос бо Ҳомидҷон Муҳаммадзода ва шахсони наздик ба ӯ дар ду рӯзи охир бенатиҷа буд. Дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд гуфтанд, ки Ҳомидҷон Муҳаммадзода “3-4 рӯз инҷониб ба сабаби беморӣ дар ҷойи кор нест.” Яке аз кормандони додгоҳи Хуҷанд қазияро тасдиқ кард, аммо гуфт, “шарҳи масъаларо аз Душанбе пурсед.”

Дар ҳоле ки мақомот дар ин замина чизе намегӯянд, як манбаи огоҳ рӯзи 29-уми апрел чунин нақл кард: “Ҳомидҷон Муҳаммадзода ба доми амалиёт афтода, вале зуд аз онҷо гурехт. Пулҳои махсусеро, ки ҳамчун ришва пешниҳод шуда буд, гирифта, онро ба нафари дигар додаву рафтааст. Ҳоло як адвокат, судяи пешинаро доштаанд.”

Тасдиқи дурустии он аз манобеи расмӣ дар ҳоли ҳозир ғайриимкон аст.

Ҳомидҷон Муҳаммадзода 25-уми ноябри соли 2021 раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд таъин шуд. Аз соли 1996 то 2000 ҳам дар ин мансаб буд. Дар гузашта дар мақоми раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, раиси Додгоҳи вилояти Суғд, раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ноҳияи Спитамен кор кардааст. Судяи тахассуси дараҷаи якум буда, ордени “Шараф” дорад.

Феълан дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас кор мекунанд. Дар даҳ соли охир тақрибан сӣ нафари онҳо боздошт ва ба зиндон маҳкум шудаанд.

Таъину барканории додрасҳо бо фармони президент амалӣ мешавад. Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон моҳи декабри соли 2020 ин нуктаро танқид карда, гуфта буд, ки “додрасҳо дар Тоҷикистон мустақил ва беғаразона ҳукм содир намекунанд”. Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша низоми адлияи худро одилона шумурдааст.

Кумисюн кам будани маоши додрасҳоро аз нуктаҳои сусти низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон ном бурда буд. Он вақт созмон навишта буд, ки “додрасҳо дар Тоҷикистон 1600 сомонӣ (160 доллар) ва додрасҳои Додгоҳи олӣ бо назардошти собиқаи кор 4500 сомонӣ (450 доллар), додрасҳои Додгоҳи ҳарбӣ 6200 сомонӣ (620 доллар) маош мегиранд.”

Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон мегӯяд, чунин маош “истиқлоли молиявии додрасҳоро кафолат дода наметавонад” ва маоши ками додрасҳо “барои коррупсия замина фароҳам мекунад”. Бино бар ин, ба мушоҳидаи масъулони созмон, “маоши кам” бо зиндагии серу пури баъзе аз додрасҳо “мувофиқ нест”.

Манбаъ: Радиои Озодӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button