ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ СОКИНИ 19-СОЛАИ КӮШОНИЁН БАРОИ ДАСТ ДОШТАН ДАР 12 ҲОЛАТИ ДУЗДӢ (ВИДЕО)

ВКД Тоҷикистон аз боздошти як сокини 19-солаи ноҳияи Кӯшониён бо иттиҳоми даст доштан дар 12 ҳолати дуздӣ хабар дод.

Тавре Офоқ Қодириён, подполковники милитсия ва сухангӯи РВКД вилояти Хатлон дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” хабар дод, дар асоси аризаҳои шаҳрвандон ба шуъбаи милитсияи ноҳияи Кӯшониён оиди аз манзилҳои истиқоматиашон аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани ашёи рӯзгор, аз қабили махсулоти сохтмонӣ, маводи хӯрока, дастгоҳҳои обкашӣ, аробаҳо ва таҷҳизоти барқӣ, аз ҳисоби кормандони милитсияи ноҳияи мазкур гурӯҳи фавриву ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуда, як нафар сокини ноҳияи мазкур, ки чанд муддат даст ба дуздии амволи мардум задааст, дастгир карда шуд.
Ин нафар Астонов Муҳаммадраҳим, соли таваллудаш 2003, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён мебошад, ки пеш низ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаву баъди ба озодӣ баромадан, бино ба гузориши Офоқ Қодириён,  такроран кирдорҳои ҷинояткоронаи худро давом додааст.
“Аз фурсати ба худ муносиб истифода намуда, шабона, бо тариқи пинҳонӣ вориди маназилҳои истиқоматӣ ва анборхонаҳои шаҳрвандон гашта, ашёҳои рӯзгори сокинонро дуздида, аз ҷои ходиса ғайб мезад. Зимни пурсиш ва пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки гумонбаршуда дар 12 ҳолати ҷинояти дуздӣ даст дорад”, – гуфта мешавад дар гузориш.
Нисбати Астонов Муҳаммадраҳим дар шуъбачаи тафтишотии милитсияи ноҳияи Кӯшониён бар асоси моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иттиҳоми дуздӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button