ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

САФОРАТИ АМРИКО АЗ 4 ОКТЯБР ВИЗАҲОИ МУҲОҶИРАТИРО ДАР ДУШАНБЕ ОМОДА МЕКУНАД

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон хабар дод, ки  аз 4-уми октябри соли 2022 сафорати ИМА дар ш. Душанбе ба расмият даровардани раводидҳои муҳоҷиратии ИМА-ро барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон оғоз мекунад. То кунун  шаҳрвандон маҷбур буданд барои таҳияи асноди зуд ба консулгарии Амрико дар шаҳри АлмаАтои Қазоқистон муроҷиат кунанд.

Сафорат гуфт, дар давоми якум соли кор бо раводидҳои муҳоҷиратӣ, қабули шумораи зиёди аризадиҳандагонро аз Тоҷикистон, аз ҷумла аъзоёни оилаҳои шаҳрвандон ва иқоматкунандагони доимии ИМА, ғолибони лотереяи «Грин корт» 2023-ро (DV 2023) пешбинӣ мекунад. Ба маълумоти шаҳрвандон расонда шудааст, ки то моҳи октябр раводидҳои муҳоҷиратии ИМА барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон ҳамчунон дар Консулгарии генералии ИМА дар ш. Алматои Қазоқистон ба расмият дароварда мешаванд. Ғолибони лотереяи «Грин корт»-и соли 2022 (DV2022) супоридани аризаҳои худро дар ш. Алмато то 30 сентябри соли 2022 идома медиҳанд.

Сафорат гуфт, “дар давоми шаш моҳи оянда мо бо Консулгарии генералии ИМА дар ш. Алмато ҳамкорӣ хоҳем кард, то гузариши осонро таъмин кунем ва маълумоти бештарро ба аризадиҳандагони раводид дар сомонаҳои худ пешниҳод намоем”.

Дар соли 2022 Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон 30-юмин солгарди барпо намудани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд. Бо рушди равобити дуҷониба хизматрасониҳои консулии ИМА васеъ гардиданд. Ҷорӣ намудани хизматрасониҳо марбут ба раводидҳои муҳоҷиратӣ дар Тоҷикистон ин пешравии назаррасе, ки минбаъд ҳам равобити дуҷонибаро таҳким медиҳад. Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм қайд кард, ки «Иёлоти Муттаҳида таърихи тӯлонии қабули муҳоҷиронро аз тамоми ҷаҳон дорад. Бо ин тағйирот вобаста ба расмият даровардани раводид, мо роҳи дарёфти раводиди муҳоҷиратиро барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба талаботҳои гирифтани раводид ҷавобгӯ ҳастанд, осон кардем. Ин пешравии мусбат боз як марҳалаи таърихӣ дар тӯли 30 соли муносибатҳои фаъол, эҷобӣ ва дӯстона байни кишварҳои мост».

Бахши консулии Сафорат ба шаҳрвандони ИМА дар Тоҷикистон хизматрасониҳои гуногунро, аз ҷумла сабти таваллуд дар хориҷа ва додани шиносномаҳоро пешниҳод мекунад. Сафорати ИМА дар ш. Душанбе хизматрасониҳоро роҷеъ ба дарёфти раводидҳои ғайримуҳоҷиратӣ дар соли 2006 шурӯъ карда, даҳҳо ҳазор аризаҳоро баррасӣ кардааст. Бо илова намудани имкони дар Душанбе ба расмият даровардани раводидҳои муҳоҷиратӣ, Сафорати ИМА акнун маҷмӯи пурраи хизматрасониҳои консулиро ба шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон пешниҳод хоҳад кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button