ВарзишВидеоДин ва боварҳоЧеҳраҳо

ЧЕМПИОНИ САМБОИ ҶАҲОН АКМАЛИДДИН КАРИМОВ БА ҲАҶҶИ УМРА РАФТААСТ (АКС)

Паҳлавони шинохтаи тоҷик, қаҳамони кунунии самбои ҷаҳон дар вазни то 58 кило Акмалиддин Каримов дар моҳи шарифи Рамазон барои анҷоми Ҳаҷҷи Умра ба зиёрати Маккаву Мадина рафтааст. Акси Акмалиддин, ки эҳром дар тан дорад, рӯзи 23 апрел дар гуруҳи фейсбукии Tajik Sport нашр шуд. Муҷрии ин гуруҳ Muhammadroziq Nematov дар зери акси Акмалиддин ин мисраи машҳурро аз классикон овардааст:

Ҳоҷӣ, ки ба азми Каъба, ки эҳром бастаӣ!

Акмалиддин Каримов 5 январи соли 1990 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, аз синни 13 таҳти роҳбарии мураббии шуҳратёри тоҷик Маҳмадшариф Сулаймонов машқи гуштин мекунад. Ӯ қаблан дар вазни сабуктарин (то 52 кило) ҳунарнамоӣ мекард ва ҳоло дар вазни то 58 кило ҳунарнамоӣ мекунад.

Акмалиддин Каримов моҳи ноябри соли 2021 дар чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини самбо дар вазни то 58 кило ҳарифаш аз Русия- Хертек Саянро шикаст дод ва чемпиони ҷаҳон шуд.

Соли гузашта Акмалиддин Каримов ҳамчунин медали нуқраи Ҷоми президенти FIAS (Федератсияи байналмилалии гуштини самбо) дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ва медали биринҷии Ҷоми ҷаҳон дар Маскавро ба даст овард.

Акмалиддин Каримов шашумин паҳлавони тоҷик аст, ки унвони қаҳрамони самбои ҷаҳонро ба даст овардаанд. Соли 1974 Саймӯмин Раҳимов дар ҳайъати тими яккачини СССР), соли 2017 Беҳрӯз Хоҷазода, соли 2018 Хушқадам Хусравов дар самбои варзишӣ қаҳрамони дунё шуданд. Ҳамин тавр, соли 2005 Сайриддин Икромову соли 2009 Эраҷ Раҳимов дар самбои размӣ  чемпиони ҷаҳон шуда буданд.

Акмалиддин Каримов дар ҳоле чемпиони ҷаҳон шуд, ки рафтанаш ба чемпионати ҷаҳон зери суол қарор дошт. Ӯ дар чемпионати ахири Тоҷикистон иштирок карда натавонист ва тибқи қоида, бояд  варзишгаре, ки чемпиони Тоҷикистон шуд, ба ин мусобиқа мерафт. Вале мураббиёни тими миллӣ пойфишорӣ карданд, ки номзади аз ҳама арзанда Акмалиддин аст ва ӯро ба Тошканд бурданд. Натиҷаҳои чемпионати ҷаҳон нишон дод, ки мураббиён тасмими дуруст гирифтаанд.

Моҳи ноябри соли 2021, баъди бо пирӯзӣ баргаштани Акмалиддин аз чемпионати ҷаҳон, ҳамаро видеои лаҳзаи ба зиёрати модараш рафтани чемпиони ҷаҳон Акмалиддин Каримовро нашр кардааст. Дар видео дида мешавад, ки модари Акмалиддин дар рӯи кати маризӣ хоб аст, вале вақте писараш аз дар медарояд, бо чашмони пур аз ашк аз ҷояш мехезад ва Акмалиддинро гарм ба оғӯш мегирад. Акмалиддин медали тиллои чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини самборо, ки дар Тошканд ба даст овард, ба гардани модараш меовезад ва мегӯяд, ин медал, ки ин қадар орзуяшро доштӣ, ҳаққи ҳалоли туст.

Муаллифи видео Муродалӣ Тешаев бо ишора ба манзили назарногири Акмалиддину модараш гуфт, чемпиони ҷаҳон дар ҳамин кулбаи назарногир ба дунё омадааст. “Бубинед, кӯлбаҳои назарногир инсонҳоеро ба дунё меоранд, ки дар оянда ҷаҳонгир мешаванд”, – гуфт ӯ.  Муаллиф аз он изҳори таассуф кард, ки ин лаҳзаи бо тоҷи пирӯзӣ ба хона баргаштани писарашро падари фақиди Акмалиддин надид ва натавонист шарики ин соати шодии хонаводааш бишавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button