ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

93 ФОИЗИ АҲОЛИИ КАЛОНСОЛИ ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС ЭМ КАРДА ШУДААНД

Вазорати тандурусти Тоҷикикистон хабар дод, ки то 20 апрел дар ҷумҳурӣ 5 миллиону 202 ҳазору 268 нафар, яъне 92,9 фоизи аҳолии калонсоли кишвар ба вояи якуми ваксинатсия бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуда, 5 миллиону 27 ҳазору 496 нафар, ё худ 89,8 фоиз бо вояи дуюм ва 1 миллиону 756 ҳазору 58 нафар ё 31,4 дарсад алакай бо вояи сеюм моякӯбӣ шудаанд.

Вазорат гуфт, бо мақсади эмкунии сокинон ва пешгирии бемории коронавирус ба Тоҷикистон то имрӯз 14 миллиону 516 ҳазору 60 вояи ваксинаҳои AstraZeneca, CoronaVac, Moderna, Pfizer ва Спутник V оварда шудаанд.  Ҳамаи ин ваксинаҳо тавассути механизми байналмилалии COVAX ва кумакҳои башардӯстона, яъне ба сурати ройгон ба Тоҷикистон дода шудаанд.

Бо қарори ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус аз 3 июли соли 2021, гирифтани ваксинаи зидди ин беморӣ барои тамоми сокинони синнашон аз 18 боло ҳатмӣ мебошад.  Шумораи он сокинони Тоҷикистон, ки бояд ҳатман аз коронавирус ваксина бигиранд, наздики 5,9 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, “тадбирҳои андешида дар самти мубориза бар зидди коронавирус имкон доданд, ки аз 15 марти соли 2022 фаъолияти гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳолати муқаррарӣ гузаронида шаванд. Миёни аҳолӣ низ истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ бекор карда шудааст. Тӯйҳо, ҷашну маросими миллӣ тибқи қонунгузории амалкунанда гузаронида мешаванд”.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2022 ба ин тараф, яъне инак беш аз ду моҳ боз ягон мавриди нави гирифтории шаҳрвандон ба коронавирусро дар ҷумҳурӣ сабт накардааст. Аз аввали пандемия, бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон 17 ҳазору 388 мавриди гирифторӣ ба коронавирус ошкор гардида, аз ин шумор 17 ҳазору 264 нафар шифо ёфтанд, вале 124 нафар, мутаассифона, қурбони ин бемории қаттол шуданд. Мунтақидон шумораи воқеии гирифторшудагон ва қурбониёни коронавирусро дар Тоҷикистон хеле бештар аз омори расмии вазорати тандурустӣ мешуморанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button