ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

СОКИНИ КӮЛОБРО БАРОИ ТӮЙИ ДОМОДИИ ПИСАРАШ БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДААНД

Сокини шаҳри Кӯлоб Талабхоҷа Ҷобировро бо ҷурми вайрон кардани қонуни танзими расму ойин ва бештар аз 3 соати муқарраршуда баргузор кардани тӯйи домодии писараш ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаанд.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри як иттилоия гуфт, шаҳрванд Ҷобиров Талабхоҷа Ҳакимович, сокини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон,  маҳаллаи Ш.Шоҳин, бархилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ даст задааст.

 “Чунончӣ, ӯ санаи 29 январи соли 2022 барои гузаронидани маъракаи тӯйи домодии фарзандаш бо додани зиёфат аз соати 18:00 то 21:00 аз мутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тавсиянома гирифта, вақти баргузор намудани маъракаро риоя накарда, санаи 29.01.2022 сол аз соати  11:30 бо оростани дастархон ва додани таоми ош зиёфати тӯйи домодии фарзандашро cap карда, аз соати 18:00 то соати 20:00 бо иштироки сарояндагон бо базму бозӣ маъракаашро давом дода мегузаронад, ки бо ин кирдораш талаботи моддаи 14 банди 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вайрон мекунад ”, – гуфта мешавад дар иттилоияи додситонӣ.

Маркази матбуоти Додситонии кул гуфт, бо қарори додгоҳи шаҳри Кӯлоб Ҷобиров ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд, вале чӣ ҷазо гирифтани ӯро мушаххас накардааст. Вале қисми якумми моддаи 481 барои вайрон кардани қонуни танзим ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи 110 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне ба маблағи 7040 сомониро пешбинӣ мекунад.

Қонуни танзими расму ойин, ки соли 2007 дар Тоҷикистон қабул карда шуда, соли 2017 талаботи он боз ҳам шадидтар карда шуд, аз ҷумлаи қонунҳои баҳсбарангез дар ин кишвар ба шумор меравад. Мақомот мегӯянд, қонуни танзим имкон дод, ки аҳолӣ хароҷоти беҳударо барои маъракаҳои тӯю худоӣ кам карда, пасандози худро барои корҳои муҳимтаре, чун сохтани хона, таъмини пули таҳсили фарзандон сарф кунанд.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, қонуни танзим барои дасти дарози дахолати давлат дар ҳарими ҳаёти  хусусии мардум шароит фароҳам овард ва бархе бандҳои он, ба мисли манъи даъвати дӯстон ба ҷашни зодрӯз ё маҳдуд кардани шумораи меҳмонону бо мақомот мувофиқа кардани таъомномаи тӯю маъракаҳо, дар замони муосир аз як тараф, хандаовар менамоянд ва аз тарафи дигар, нақзи рӯирости ҳуқуқи инсонии сокинон ба шумор меравад.

Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ

Моддаи 481. Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1466)

1. Барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим,

– ба шахсони воқеӣ ба андозаи яксаду даҳ, ба шахсони мансабдор ба андозаи панҷсаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1466), (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1785)

2. Барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин,

– ба андозаи ҳафтсаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1466), (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1785)

 3. Барои дағалона ё дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, инчунин дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросим.

ба шахсони воқеӣ ба андозаи шашсаду панҷоҳ,  ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад,  ба соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи нуҳсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1785)

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button