ВидеоҶомеа

ҒОРАТГАРИ БАДИҚБОЛ: 73 ҲАЗОР СОМОНИРО РАБУД, ВАЛЕ РОСТ БА ДАСТИ МИЛИТСИЯ АФТОД (ВИДЕО)

ВКД Тоҷикистон дар бораи як ҳодисаи ғайриоддиии бо далели шайъӣ билофосила баъди анҷоми ҷиноят ба даст афтодани як ғоратгар дар Душанбе хабар дод. Ин ғоратгари сисола ба як зани 51-сола дар хонааш ҳамла оварда, ӯро латтукӯб кард ва 73 ҳазор сомонӣ пули ӯро аз дасташ кашида гирифт, вале ҳангоми фирор ба дасти кормандони милиса афтод. Зани ҷабрдида дар ҳамсоягии шуъбаи милисаи фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон зиндагӣ мекард ва табиист, ки садои доду фарёди ӯро пеш аз ҳама ҳамсояҳояш аз шуъбаи милиса шуниданд ва ба кумакаш шитофтанд.

Дар гузорише, ки дар шумораи  навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” нашр шуд, гуфта мешавад, ки Зайнура Толибова 73 ҳазор сомонӣ пасандозашро бо мақсади харидани асъори хориҷӣ бо худ гирифта, ба нуқтаи хидматрасонии бонкӣ, воқеъ дар бозори “Корвон” рафтааст. Вале дар онҷо доллар пайдо карда натавониста, бо сумкаи пур аз пул ба хонааш баргаштааст. Сокини ноҳияи Қубодиён Баротов Муҳриддин, соли таваллудаш 1992 дар нуқтаи хидматрасонии бонкӣ  бо худ пули зиёд доштани ин занро дида, ӯро таги чашм кардааст ва то хонааш  дар кӯчаи Мастонгулов пинҳонӣ дунболагирӣ кардааст.

Худи Муҳриддин Баротов мегӯяд, баъди ба хонааш ворид шудани зан, ӯ ҳам чанд дақиқа пас ворид шуд ва дид, ки он зан намоз хонда истодааст.

“Ман хостам сумкаро гирифта, гурезам, ки вай зан сумкаро қапид ва ман ду се бор задам ӯро”, нақл мекунад Баротов.

Ғоратгар зани бечораро латтукӯб  карда, сумкаи пури пулро кашида мегирад ва бо 73 ҳазор сомонӣ пули ба яғмо бурдааш рӯ ба фирор меорад, вале чандон дур рафта наметавонад. Кормандони шуъбаи милитсияи фурудгоҳ доду фарёди зани ҳамсоя ва келини ӯро шунида, ба кумак мешитобанд ва ғоратгарро дар ҷояш дастгир мекунанд.

Зайнура Толибова гуфт,  ғоратгар дандонҳои ӯро зада шикаста, пулҳояшро бурданӣ шуд, вале келинаш фаҳмида, доду фарёд бардошт ва кормандони милитсия огоҳ шуданд.

Ба ғоратгар акнун  бар асоси моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои ғоратгарӣ бо истифода аз зӯроварӣ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button